фарҳанг
ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО. АЗ ФОРИҒБОЛӢ ТО БЕМАСЪУЛИЯТӢ
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».
Вобаста ба ин, оид ба беҳбуд бахшидани ҳифз ва ҳолати минбаъдаи ёдгориҳои таърихӣ чунин пешниҳодҳо намуда будем:
- барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ на ба таври сохтмонӣ, балки бо услуби реставратсионӣ бояд амалӣ гардад;
- дар кишвар истеҳсоли хиштҳои таърихӣ ба роҳ монда шавад;
- масъалаи эҳё ва барқарорсозии ёдгориҳо на ба усули одии сохтмонӣ, балки бо роҳи илмӣ ҳалли худро ёбад.
Ёдгориҳо аз набудани мутахассисони зарурӣ-реставраторҳо ба нестӣ мераванд. Роҳбарони муассисаҳои дахлдор бояд кори сохтмониро аз корҳои реставратсионӣ ва таҳкимкорӣ фарқ намоянд.
Бояд гуфт, ки қисми зиёди пешниҳодҳо бе тағйир рӯйи коғаз монданду дар ин самт ками дар кам иқдоме сурат гирифтааст.
Воқеан, ҳолати ногувори қисме аз ёдгориҳо шаҳодати он аст, ки мақомотҳои иҷроияи маҳал ба ниҳоди болоӣ маълумоти нодуруст медиҳанд.
Дигар ин, ки масъалаи сертификаткунонии аксарияти ёдгориҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Бинобар ин, забткорию сохтмони ҳар гуна иншоотҳо, ба чарогоҳу партовгоҳ, ҳотакорӣ ва иншоотҳои хоҷагидорӣ табдил додани ёдгориҳо давом дорад. Ин масъалаи хело муҳими ҳифзи ёдгориҳо борҳо пешниҳод шуда буд. Чора чист?
Тибқи фармони вазири фарҳанги ҷумҳурӣ аз 28.02.17, № 46, вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ҷудо намудани як воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дар раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои фарҳанг, аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар аксари шуъбаҳою бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ин иқдоми нек ҳалли худро ёфтааст. Вале то чи андоза ин маошгирон корро дар ин самт ба роҳ мондаанд, гувоҳаш ҳолати ногувори ёдгориҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурист.
Масалан, чанд сол аст, ки гурӯҳи кории ташкилоти мо бо ду раиси ноҳияи Ёвон вохӯрдаю оид ба беҳбуд бахшидан ба ҳолати ёдгориҳои ноҳия, аз ҷумла ёдгории нодири таърихии Ғаравқалъа, суҳбати муфассал дошт. Раисони муҳтарам ваъдаҳои хаттию шифоҳӣ доданд, ки дар замини ин ёдгорӣ минбаьд киштукорро манъ мекунанд. Тавре аз деҳаи Ғарав хабар доданд, ҳамоно киштукор ва чорвочаронӣ давом дораду ваъдаҳо амалӣ нашуданд. Фақат як ваъдаашон иҷро гардидаст. Дигар дар мавзеи ёдгорӣ майитонро дафн намекунанд.
Мо дар хусуси ҳифзи ёдгориҳо ва қисме дар ҳолати несту нобудшавӣ қарор доштани онҳо солҳост, ки мегӯему менависем. Ба роҳбарони мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо мактубҳо мефиристему муроҷиат мекунем. Албатта, пешравиҳо ҳастанд. Вале ҳолати ба нестӣ рафтани ёдгориҳо, аз фориғболии баъзе аз ашхоси мутасаддӣ низ кам нестанд.
Дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории мероси таърихӣ қарору қонунҳои зиёде, аз ҷумла санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қабул ва ба нашр расидаанд. Ҳатто дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 242, ки «Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг» унвон гирифтааст, ҷазо муқаррар гардидааст. Масалан, ҷарима ба андозаи аз 700 то 1000 маоши ҳадди аққал ё корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол, ё маҳдуд кардан аз озодӣ то панҷ сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Қисми дуюми ҳамин модда муҳлати ҷазоро аз се то ҳафт сол муқаррар кардааст.
Мутаассифона, бо вуҷуди аз байн рафтани бисёре аз ёдгориҳои таърихӣ, намешунавем, ки дар ҷое касеро барои чунин амал ҷазо дода ё аққалан ҷарима баста бошанд.
Мо қаблан аз Вазорати фарҳанг, Институти таърихи АМИТ эҳтиромона хоҳиш карда будем ва боз ҳам хоҳиш менамоем, ки барои дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешгирии вайронкориҳою ҳолати нохуби ёдгориҳо чораҷӯӣ намудан тадбирҳо андешанд. Воқеан, агар нозирони маошгир дар маҳалҳо фориғболона рафтор намекарданду аз ҳолати ногувори ёдгориҳои маҳалҳояшон ба мақомоти болоӣ хабар медоданд, имкони пешравие ба вуҷуд меомад. Бинобар ин, хоҳиш карда будем, ки Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Институти таърихи АМИТ, Осорхонаи миллӣ ва созмони мардумии мо бо ҷалби нозирони ҳифзи ёдгориҳо семинар - машварати ҷумҳуриявӣ баргузор намоянд. Ва ба ин чорабинӣ муовинони соҳавии раисони ноҳияҳо низ даъват гарданд. Вале ин хоҳиши мо байни замину осмон муаллақ мондааст. Мутасаддиёни давлатии хоҷагии қишлоқ доимо семинару ҷамъомадҳо бо роҳбарону деҳқонон гузаронда, тарзи корбариро меомӯзонанд. Вале, чаро мо оид ба ҳифзи ёдгориҳо ин корро нодида мегирем?
Тавре дар ҳисоботи соли гузашта бо изҳори миннатдорӣ ёдовар шуда будем, ташвиқу тарғиби ёдгориҳо тариқи Телевизион ва Радиои Тоҷикистон хеле ҷолибу таъсирбахш ва омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Вале дар барномаҳо таҳлили ҳаматарафаи ҳолати воқеии ёдгориҳо хеле кам ба назар мерасанд. Агар сабтҳои телевизионие, ки дар онҳо мавзеи ёдгориҳо, ба подачарою майдони кишт, партовгоҳ табдил ёфтаанд, ё худ аҳолӣ дар ин ҷойҳо ҳаммом сохтаанд, намоиш дода мешуду ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба фармони Президенти кишвар, № 622, дар ҷавоб вокуниш нишон медоданд, шояд масъала ранги дигар мегирифт.
Барои ин, дар сатҳи давлатӣ, расман бояд «Рӯзи таърих ва ёдбуди ниёгон» ҳамасола қайд гардад. Фикр мекунам, дар ин самт ягон монеа вуҷуд надорад ва бори дигар аз Ҳукумати кишвар хоҳиш менамоем, ки «Рӯзи таърих ва ёдбуди ниёгон»-ро ба расмият дароранд. Боварӣ дорам, ки агар аз паяш шавем, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳатман дастгирӣ меёбем. Зеро сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин самт раҳнамои мост. Дар ҳифзи мероси ниёгон мо бояд ҳам сокинони ватанамонро сафарбар карда тавонем ва ҳам ёдгориҳои зиёди аҳамияти ҷаҳонӣ доштаамонро ба аҳли башар муаррифӣ намоем.
Сухане чанд оид ба осорхонаҳои кишвар гуфтан низ ба манфиати кор аст. Аъзо ва фаъолони мо ҳар ҷое, ки раванд, ба дидани осорхонаҳо, ки оинаи таърихи миллатанд, таваҷҷуҳ менамоянд. Мувофиқи иттилое, ки онҳо ба мо медиҳанд, аксари осорхонаҳо ҳолати хуб доранд, вале сокинони маҳалҳо ба боздиду тамошои онҳо хеле кам меоянд. Яке аз сабабҳо, ба фикри мо, камҳавсалагии кормандони осорхонаҳост, ки барои ҷалби одамон ба макони оинаи таърих ба назди роҳбарони корхонаҳою муассисаҳо ками дар кам мераванд. Гузашта аз ин, осорхонаҳое низ ҳастанд, ки таъмирталабанд, ҳолати хуб надоранд. Масалан, осорхонаи Ҳоҷиюсуфи Хуҷандӣ, ки таъмиру таҷдидаш ҳар сол ба таъхир гузошта мешавад.
Камбудиву мушкилот нисбат ба ҳифзи ёдгориҳо хеле зиёд ба назар мерасанд ва мо муваззафем осори қадимро аз ҳама хавфу хатар эмин дорем.
Ҳамин тавр, ончунон ки зикр шуд, вақти он расидааст, ки тақдири ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ ва фарҳангӣ ба як ниҳоди давлатӣ муттаҳид карда шаванд. Ба ҳар ҳол, мероси ниёгон соҳиби ягонаю пурқувват пайдо мекунад. На мисли ҳозира, ки чанд ниҳоди давлатӣ машғул ба ин кор асту ҳар яке бори масъулиятро ба дигаре мепартояд.
Мурод ЁРОВ,
раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2022 №: 70 Мутолиа карданд: 2573