Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Ҳукумати Маҷористон ба манъи интиқоли сӯзишворӣ аз Россия мухолифат кард. Дар ин бора Петер Сиярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон, дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург изҳор дошт.
Lenta.ru. Ба иттилои хабаргузории БелТА, Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ вориди Россия шуд.
РБК. Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки музокироти Президенти Россия Владимир Путин ва Канслери Австрия Карл Нехаммер, ки дар Маскав баргузор шуд, кӯтоҳмуддат буд.
EurAsiaDaily. Муҳаммад Содиқӣ, вазири кишоварзии Шоҳигарии Марокаш, хабар дод, ки хоҷагии қишлоқи кишвар аз сабаби хушксолии сахт наздики 53 дарсади ҳосили ғалладонаро метавонад аз даст диҳад.
ТАСС.Таҳримҳо алайҳи Россия ва интиқоли силоҳу муҳимоти низомӣ ба Украина сулҳ намеоваранд, аммо, аллакай, тавонистаанд ба тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ расонанд. Дар ин бора Дай Бин, муовини намояндаи доимии Чин дар СММ, изҳор дошт зимни нишасти Шурои амният.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2106