Хабарҳо
Аввалин зани кайҳоннаварди итолиёвӣ парвози Гагаринро рамзи инсоният номид
ТАСС. Кайҳоннаварди Агентии кайҳонии Аврупо (ESA) Саманта Кристофоретти, нахустин кайҳоннавардзани итолиёвӣ парвоз кардааст, парвози кайҳоннаварди шуравӣ Юрий Гагаринро “рамзи башарият” номид.
“Ва ин чизест, ки мо ҷашн мегирем: 12 апрел оғози асри кайҳон барои ҳамаи мо - инсонҳост”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Кристофоретти, Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон «наметавонад мавзуи мубоҳисаҳои сиёсӣ бошад».
Кайҳоннавард дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ иброз намуд, ки бо як ҳамтои русаш ба фазои кушод” хоҳад рафт. “Ман бо костюми (скафандраи) кайҳонии Россия барои парвоз ба кайҳон тамрин кардаам”, - гуфт ӯ.
Изҳороти ОПЕК
РБК. Дабири кулли ОПЕК Муҳаммад Баркиндо дар мулоқот бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки таҳримҳо алайҳи Россия метавонанд ба яке аз бадтарин халалдор шудани таъминоти нафт дар таърих гарданд ва ҳаҷми талафоти онро ҷуброн кардан ғайриимкон аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи таҳримҳо ва дигар маҳдудиятҳо алайҳи Россия бозори ҷаҳонӣ метавонад дар як шабонарӯз ҳудуди 7 миллион бушка нафт ва дигар карбогидридҳои моеъро аз даст диҳад.
“Бо назардошти пешгӯйӣ оид ба талабот, ҷуброни талафоти ҳаҷми ин миқдор қариб ғайриимкон хоҳад буд” , - гуфт Баркиндо.
ИМА ва Ҳиндустон ният доранд, ки муколамаи иқтисодиро нигоҳ доранд
ТАСС. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар пайи мулоқот дар формати “ду ҷамъи ду” гуфт, ки Вашингтон ва Ню -Дели ният доранд, муколамаро дар заминаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ идома диҳанд ва ба ин манзур, мулоқоти роҳбарони ширкатҳои ду кишварро баргузор кунанд.
Дар мулоқот ҳамкасби ӯ Субраманям Ҷайшанкар ва сардорони департаментҳои ҳарбии ИМА ва Ҳиндустон Ллойд Остин ва Раҷнат Сингх низ иштирок доштанд.
"Мо, инчунин, ҳадафи худро оид ба мусоидат ба рушди фарогири иқтисодӣ ҳам дар кишварҳоямон ва ҳам дар саросари минтақа баррасӣ кардем. Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аллакай, беш аз 150 миллиард доллари ИМА муомилоти солона доранд. Ин муносибатҳоро тавассути барқарор кардани муколама оид ба тиҷорат ва баргузории Форуми роҳбарони ширкатҳои ИМА ва Ҳиндустон дар охири соли ҷорӣ, ки дар он шарикони бахши хусусиамон метавонанд барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории мо тавсияҳо пешниҳод кунанд, амиқтар мегардонем”, - гуфт вазири корҳои хориҷии ИМА.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3267