Хабарҳо
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бадастомада 5 – 10 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешавад.
Эътимодномаи сафир ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои Араб
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои Араб Аҳмад Абу-л-Ғайт ба ҳайси сафири ваколатдори Тоҷикистон дар назди Ҷомеаи давлатҳои Араб эътимоднома супурд.
Зимни суҳбат ду ҷониб доир ба масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
Нақшаи хизмати ҳарбӣ дар 10 рӯз беш аз 40 фоиз таъмин шуд
Аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, дар давоми даҳ рӯзи аввали ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 40 фоизро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват нақшаро барзиёд таъмин карданд. Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаро ба итмом расонданд. Иҷрои нақша дар вилоят 40 дарсад аст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд иҷрои нақша 27 дарсад мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват 47,3 дарсад буда, Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод аз анҷоми нақша гузориш доданд. Дар комиссариатҳои ҳарбии чор навоҳии пойтахт дар ин муддат 42 дарсади нақша иҷро гашт.
Хатлон. 628 ҳазор сомонӣ барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ
Дар вилояти Хатлон барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии се Озмуни ҷумҳуриявӣ: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Илм - фурӯғи маърифат» имсол 628 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, - иттилоъ дод шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Тибқи қарори раиси вилоят, барои баргузории даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва қадрдонии иштирокчиёни фаъол 246 ҳазор, «Илм – фурӯғи маърифат» 194 ҳазор ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Ғолибони озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз мешаванд.
Вусъати ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Россия
Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа меёбад.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Россия, ки бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, гуфта шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки Суғд дорои имконияти зиёд буда, доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом варзанд, ки ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2064