сиёсат
“ДУРДОНАИ ШАРҚ”. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Бо ташаббуси равшанфикрону фарҳрехтагони Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” моҳи марти соли 2022 аз чоп баромад, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои мардуми тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳтарин туҳфа буд. Ҳамзабонони ватандӯстро ба интишор шудани ин навниҳоли адабӣ табрик гуфта, ба сармуҳаррир ва ҳайати эҷодии он барори кор ва комёбиҳои ҳарчи бештарро таманно менамоем.
Солҳои охир ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои миллатҳои муқими Ӯзбекистон, аз ҷумла тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар маркази вилоятҳо хонаҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо тоҷикон, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, тоторҳо, русҳо ва дигар қавму миллатҳо бо ҳам омада, анъанаву суннатҳои худро тарғиб менамоянд ва забону фарҳангашонро ҳифз мекунанд.
Дар вилояти бостонии Самарқанд низ Маркази миллӣ - мадании тоҷикони Ӯзбекистон таъсис ёфта, ба он ҷавони боистеъдоду ватандӯст Акбар Маҳмудов роҳбарӣ менамояд. Вай тавассути Марказ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ доир карда, дар таҳкими дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон нақши созгор мегузорад. Дар назди Маркази номбурда дукони фурӯши китобҳои тоҷикӣ таъсис ёфта, дар он китобҳои тозанашре, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чоп мешаванд, савдо мегардад. Дар дохили он қироатхона низ ташкил гардидааст, ки дӯстдорони китоб дар он ҷо ҷамъ омада, китобҳои навро мутолиа менамоянд ва суҳбатҳои адабӣ мегузаронанд.
Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, чопи китобу рисолаҳо ва нигаҳдории марказҳои мазкур аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ӯзбекистон маблағ, дафтари кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, толорҳои хурду миёна ҷудо шудааст. Ҳамзамон, дар буҷети Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Ҳукумати Ӯзбекистон грантҳо таъсис дода шудааст, ки марказҳои маданию фарҳангии миллатҳо метавонанд ҷиҳати дарёфти онҳо лоиҳа пешниҳод намоянд ва тавассути озмун соҳиби маблағҳои грантӣ шуда, аз ҳисоби онҳо чорабиниҳои фарҳангии хешро доир созанд ва китоб интишор намоянд. Марказҳои маданию фарҳангии тоҷикон дар вилоятҳо аз ҳисоби чунин грантҳо асарҳои адибони тоҷик ва ӯзбекро тарҷума, бознашр ва чоп карда, тадбирҳои дигарро низ ба роҳ мемонанд.
Ба қарибӣ дар доираи чунин маблағҳои грантӣ аз тарафи Маркази миллӣ – мадании тоҷикони вилояти Самарқанд китоби нависандаи ӯзбек Ӯткур Ҳошимов бо номи “Қайдҳо дар ҳошияи дафтар” дар тарҷумаи Аслиддин Қамарзода ба забони тоҷикӣ чоп шуда, дастраси хонандагон гардид. Маркази миллӣ – мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах (роҳбараш Абукарим Шарифзода) достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мир Алишер Навоиро дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқов аз чоп баровард ва Маркази миллӣ – мадании тоҷикони Бухоро (роҳбараш Абдурауф Авезов) барои ҳунармандони ансамбли рақсиву овозии “Мавригӣ” либосҳои зебову шинамро дӯзонд, ки куртаҳои тоҷикиро дар бисёри тадбирҳо муаррифӣ менамояд.
Дар Самарқанд, инчунин, китобҳои “Дарахти дӯстӣ” (бо ду забон -тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), маҷмуаи мақолаҳои “Бӯстони меҳр”-и Муайяна Хӯҷаева, драмаи “Падаркуш”-и Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар тарҷумаи Юнуси Имомназар, “Насиҳат гӯш кун, ҷоно”-и Парда Ҳамдӣ, “Ҳангомаҳои Донишдеҳ”-и Эркин Воҳидов дар тарҷумаи Асадулло Шукуров чоп шуда, дастраси хонандагони тоҷику ӯзбек гардиданд. Дар чопи ин китобҳо саҳми равшанфикрони барнодили Самарқанд зиёд мебошад.
Ба шарофати истиқлол ва бо баракати сиёсати дурбинонаи ду Сарвари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дӯстона миёни зиёиён, олимон ва адибони ду кишвар таҳким ёфт. Онҳо дӯстиро тарғиб карда, дар жанрҳои мухталиф асарҳои пурмазмун таълиф карда истодаанд. Махсусан, дар Самарқанд чопи осори ниёгон ва адибони муосир хеле хуб ба роҳ монда шуда, китобу маҷмуаҳои адибони давраи истиқлол муназзам интишор шуда истодаанд. Дар дигар вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ чопи асарҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шуда, қисми зиёди онҳо аз ҳисоби буҷети давлат интишор мешаванд. Дар ин кори хайр соҳибкорон ва тадбиркорони тоҷики Ӯзбекистон ҳам мусоидат карда, барои чопи босифати китобҳо ва интишори онҳо маблағ ҷудо менамоянд.
Дар вилояти Самарқанд шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, ки ба чопи асарҳои адибони тоҷик мусоидат мекунад. Қисме аз осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ низ тарҷума ва нашр мешаванд. Бо ин восита мухлисони шеъру сухан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд гардида, адибони ҷавоне, ки аз ҳама бештар ба адабиёт завқу шавқ доранд, рӯйи кор омада истодаанд.
Ба ғайр аз ин, дар назди факултаи филология ва шарқшиносии Донишгоҳи давлати Самарқанд маҳфили адабӣ фаъолият мекунад, ки сарпарастии онро шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бар уҳда дошта, ашъори шоирон ва асарҳои насрии нависандагони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор дода, беҳтаринҳояшро ба рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷмуаҳои ҷудогона тавсия менамояд. Маҳфили мазкур бо Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят робита дошта, дар чорабиниҳои фарҳангии он фаъолона ишитирок мекунад. Дар ин кори хайр саҳми профессорони тоҷик Ҷумъа Ҳамроҳ ва Аслиддин Қамарзода хеле калон аст. Марказ, инчунин, дар муаррифии санъаткорони барҷастаи Самарқанд саҳм гузошта, маҳсули заҳмати рассомону ҳунармандонро ба намоиш мегузорад ва расму оинҳои мардуми тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ месозад. Дар доираи ҳамкориҳои шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо Маркази миллӣ ва бо саъю талоши шоири ҷавону соҳибзавқи тоҷик Асаддулло Исмоилзода шумораи аввалини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаҳои Шарқ” аз чоп баромад.
Ба ҳайати Шурои ҷамоатии ин маҷалла шахсиятҳои шинохта, олимон, санъатварон, адибону сиёсатмадорони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз қабили Нусрат Раҳмат, Садрӣ Саъдӣ, Ҷумъа Ҳамроҳ, Паймон, Аслиддин Қамарзода, Ҷаъфари Муҳаммад, Фарҳод Исомиддинов, Таваккал Чориев, Олим Давлатов, Шерпӯлод Вакилов, Рамазон Абдуллоев, Тошпӯлод Туғалов, Баҳодур Раҳмонов, Муқимҷон Орифӣ, Фурқатҷон Ӯзоқов ва Акбар Маҳмудов дохил шудаанд.
Ҳамзамон, ба хотири ҷалби бештари дӯстдорони сухан аз ҳисоби равшанфикрон ва эҷодкорони вилоятҳои тоҷикнишин Шурои ҳамоҳангсоз интихоб гардидааст, ки ба ҳайати он аз шаҳри Тошкент Шоҳқаҳҳор Салимов, аз Фарғонаву Намангон Масъуди Мирзо, аз Ҷизаху Навоӣ Фарҳод Неъмат, аз вилояти Тошкент Абдуқаюми Ҳасанзод, аз вилояти Қашқадарё Ӯзибой Қурбониён, аз вилояти Сурхондарё Ҷаъфари Муҳаммад ва аз вилояти Бухоро Ғанӣ Умуров шомил шудаанд. Онҳо барои пурмазмун гардидани маҷалла аз маҳаллаҳо маводи мухталиф пешниҳод карда, чеҳраҳои навро ба хонандагон муаррифӣ менамоянд.
Сармуҳаррири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Асадулло Исмоилзода ва котиби масъул Хоҷа (Норхоҷа Чориев) таъин гардидаанд. Ҳамкорони ин маҷалла шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд ва хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” мебошанд. ҶММ “Бунёдкор авлод” муассиси маҷалла буда, дар коғази 70Х108 чоп шудааст. Он дар Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номнавис шуда, дар матбааи ҶММ “ELNUR- PRINT” аз чоп баромадааст. Нишонаи маҷалла шаҳри Самарқанд, кӯчаи Анҳор, хонаи 33 буда, дар телеграм бо номи @ Durdonai_Sharq ва почтаи электрониаш: Durdonai_Sharq@ mail.ru мебошад.
Дар саҳифаи аввали маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” сарсухани сармуҳаррир Асадуллоҳ Исмоилзода ҷойгир шудааст. Дар он муаллиф ба мардуми шарифи тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат карда, менависад:
“Эй ҳамватан, эй ҳамзабон! Эй ҳамдидаи беҳтар аз ҷон. Муждагонӣ диҳед!
Инак, орзуи деринтизори мо амалӣ гардид. Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бори нахуст маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангие ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Рӯшанфикрони диёрамон солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарвариданд.
Боиси шодмонист, ки ин имконотро Ӯзбекистони нав ба мо ҳадия намуд. Давраи нави зиндагӣ ва эҷод дар Ӯзбекистон фаро расид... Сарҳадҳо боз шуданд. Бахусус, дӯстии азалии ӯзбекон ва тоҷикон барқарор гардид. Ин ҷост, ки мардумонамон аз ин дилшоданд...
Бо мо бошед, то дурдонаҳои асили Шарқро ҷамъ оварем, аз он ҳам худ баҳравар гардем ва ҳам атрофиён манфиат баранд”.
Дар муроҷиати сармуҳаррир муҳаббату самимият ба сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар баён шуда, оид ба таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек андешаҳои ҷолиб баён шудаанд. Сарсухан бо ҳисси баланди ватандӯстона, меҳру муҳаббат ба забону фарҳанг ва эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво мебошад.
Дар саҳифаи сеюми маҷалла табрикоти ҳайати эҷодии ҳафтавори “Овози тоҷик” ва меҳрномаи узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат интишор шудааст. Дар табрикот шодии аҳли зиё ва равшанфикрони эҷодкор ишора шуда, ба ҳамаи тоҷикони Ӯзбекистон ин рӯйдоди фарҳангӣ муборакбод гардидааст.
Маҷалла бо саҳифаи “Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар давраи Истиқлол” оғоз мешавад. Дар он намунаи ашъори шоирони ин даврон, аз ҷумла Ҷонибек Қувноқ, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Акбар Пирӯзӣ, Абдуллоҳи Раҳмон, Паймон, Нормурод Каримзода, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Саидаи Синавӣ, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Уғулой Ҷӯрабоева, Пайғом, Фозили Шукурзод, Неъматуллои Боғистонӣ, Шоҳимардони Валимуҳаммад, Баҳодури Убайдулло, Дилшоди Фарҳодзод, Хусрави Саъдулло, Дилафрӯз Муқимова, Парисо, Илҳом Эшонзодаи Насафӣ, Заррина Раҳматова, Расулбеки Аҳмадзод, Олим Панҷизода ҷой дода шудааст.
Аксари шоирон дар жанрҳои ғазал, рубоӣ, мураббаъ, чаҳорпора намунаи ашъори худро пешниҳод кардаанд. Онҳо дар интихоби мавзуъ, тарзи тасвир, баёни андеша, корбасти вазну қофия ва тасвири ҳолату ҳиссиёти ботинии қаҳрамони ғиноӣ ба навҷӯиҳо ноил шуда, ҳолату вазъиятро хело хуб инъикос менамоянд. Масалан, дар ғазали Хусрави Саъдулло қудрату тавони инсон тасвир ёфта, соҳибҳиммату соҳибҳурмат будани ӯ ба таври содаву равон таҷассум шудааст:
Ҷаҳонеро дигаргун кард азми ҳиммати Инсон,
Бувад болотар аз ҳар ганҷи дунё қимати Инсон.
Зи боло файз меборад ба рӯйи ҳар хасу хораш,
Дар он мулке, ки медоранд поси ҳурмати Инсон...
Ба кишти одамӣ борону нури Шед мебахшад,
Замини осмон гӯё бувад дар хидмати Инсон.
Дар ин ғазал шоир ба бозтоби сарнавишти инсон рӯ оварда, нақши ӯро дар пешрафти ҷамъият арзишманд медонад ва хислатҳои некашро ёдовар мешавад.
Дар ғазали “Ишқ медамад...”-и Ҷаъфар Муҳам-мади Тирмизӣ бо завқи баланди шоирона мавзуи ишқ тасвир шуда, ҳолату ҳиссиёти қаҳрамони ғиноӣ ҳунармандона инъикос ёфтааст. Шоир бо як хитобаи хос аз дарди ишқ хабар дода, вазъияти ошиқ ва зебоиҳои маъшуқаро бо диди нав бозтоб медиҳад ва чунин мегӯяд:
Эй дил зи ман рабудаи ман! Ишқ медамад.
Дилро зи ман зудудаи ман! Ишқ медамад...
Меҳмони қудс мерасад, эй дил, нисор кун,
Ҳар будаю набудаи ман! Ишқ медамад!
Эй дар вуҷуди худ сафари изтиробро,
Як шаб наёзмудаи ман! Ишқ медамад.
Ҷаъфар! Сабур бош, ки дар интиҳои шаб,
Бо шеъри нав сурудаи ман, Ишқ медамад!
Бояд гуфт, ки дар ашъори дигар шоирони тоҷики Ӯзбекистон ҳамин гуна тасвирҳои ҷолибро дидан мумкин аст. Ҳар як шоир бо диди хеш ба дунёи мураккаби инсон рӯ оварда, ҳолату ҳиссиёти ӯро бо маҳорат тасвир намудааст. Ин шоирон ба тасвири мавзуи Ватан, эҳтироми забону фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо анъанаҳои неки халқи худ ифтихор менамоянд ва отифияту зебоии онро васф месозанд.
Дар қисмати насри маҷалла ҳикояи фантастикии “Санги сарнавишт”- и Адаш Истад, ҳикояи “Ривояти охирин” - и Чоршанбеи Деҳнавӣ, суханрезаҳои Ҳикмати Султонзода ва “Лутфи бузургон” - и Уктам Иброҳим ҷой дода шудааст.
Махсусан, ҳикояи Адаш Истад ниҳоят ҷолиб буда, дар он тақдири ҷавоне, ки ба ояндааш ҷиддӣ муносибат намекунад, тасвир ёфтааст. Адиб ҳаёти персонажи марказии худро дар макони тахайюлӣ офарида, дурандеш набудани вайро бо маҳорати баланд инъикос менамояд. Забони ҳикоя ниҳоят пуробуранг буда, тавассути нақли ровӣ саргузашти ҷавони худхоҳ таҳия мешавад.
Дар рубрикаи “Адабиёти мумтози форсии тоҷикӣ” якчанд ғазалу рубоиҳои Абуабдулло Рӯдакӣ ба таври намуна ҷой дода шудаанд.
Дар қисмати “Адабиёти тасаввуфӣ” намунаҳо аз рубоиҳои Абдухолиқ Ғиждувонии Бухороӣ (Хоҷаи ҷаҳон) оварда шудааст. Ду рубоии мутафаккири бузург ба таври мисол пешниҳод мегардад:
Гар дар дилат аз касе шикоят бошад,
Дарди дили ту аз ӯ бағоят бошад.
Зинҳор ба интиқом машғул машав,
Бадро бадии хеш кифоят бошад.
Ё ки:
Чун мегузарад умр камозорӣ беҳ,
Чун медиҳадат даст, накукорӣ беҳ.
Чун киштаи хуб ба дасти худ медаравӣ,
Тухме, ки накутар аст, агар корӣ, беҳ.
Дар аксари рубоиҳои ин орифи тавоно мавзуи ахлоқи ҳамида дар ҷойи аввал гузошта шудааст. Шоир бо ин роҳ андешаҳои фалсафию ирфонии хешро ифода карда, инсонро ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, таҳаммулгароӣ ва қаноатмандӣ даъват менамояд.
Муқоваи маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” низ бо завқи баланд ороиш дода шудааст. Дар рӯйи муқова кори рассоми Самарқанд Алибек Раҳмон “Дарахти ҳаёт” бо шакли ранга ҷой дода шудааст, ки таърихи ин шаҳри куҳанро бо фарҳанги бояш фаро мегирад. Дар дохили муқова акси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ бо рубоии машҳури ӯ ҷойгир шудааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад – он чашм, к – андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст, в – аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад – он гузарӣ
Дар дохили муқоваи пушти маҷалла акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо рубоии зерин оварда шудааст:
Саъйе бинамову илму одоб,
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бо донишу ботамиз бошӣ.
Дар паси муқоваи пушти маҷалла Хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” таблиғ шудааст ва корҳое, ки ин муассиса ба анҷом мерасонад, зикр гардидааст.
Дар ҳақиқат, маҷаллаи тозанашри “Дурдонаи Шарқ” дар қатори беҳтарин маҷаллаҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ворид шуда, барои дӯстдорони каломи бадеъ туҳфаи муносиб ва шоиста ба ҳисоб меравад.
Бовар дорем, ки интишори ин маҷалла имкон медиҳад, то адабиёти бостонии тоҷикӣ - форсӣ боз ҳам бештар тарғиб гардад ва забону адабиёти тоҷик неруи нав гирифта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.
Маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” дар оянда ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек нақши барҷаста бозида, ба равобити адабии ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
сафири фавқулода ва
мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2022 №: 71 Мутолиа карданд: 1103