иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Маҳмадсафо Мирзоев дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Дӯстӣ чун деҳқони асил номвар аст, солҳост, ки сарвари хоҷагии деҳқонии «Бобои Мирзо» ва раисии кумитаи маҳалларо дар Ҷамоати деҳоти Навзамин ба зимма дорад. Даҳ гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеи Оқҷарро обёрӣ намуда, ҳосили хуб ба даст меорад. Деҳаи Пахтакор низ дар озмунҳои ноҳиявию вилоятии «Деҳаи беҳтарин» пайваста ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардад.
Соле, ки ӯ раиси кумитаи маҳалла интихоб шуд, мардум аз боло баромадани сатҳи обҳои зеризаминӣ мушкилӣ дошт, зеро ҳам зироатҳо аз шӯрии хок қад намекашиданд ва ҳам дарахтон аз ҳосил монда хушк мешуданд. Каналу ҷӯйбори болои деҳа 20 сол боз тоза карда нашуда буданд. Сатҳи заҳкашҳо бо замин баробар буд. Бо ташаббуси ин шахси наҷибу кордон бо аҳли ҷамоатчигӣ ва кумаку дастгирии Барномаи ҷумҳуриявии “Рушди маҳал” як экскаватор ва трактор бо ҳамаи мошинолотҳояш харида шуд ва бо ёрии ин техникаҳо мушкилоти деҳотиён бартараф гашт.
Марди ташаббускор Маҳмадсафо Мирзоев, бо ҳидояти падараш бобои Мирзоабдулло аз ҷавонӣ ба хизмати халқ камар баста буд. Барои ӯ одат шудааст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба хонандагони ятиму бепарастори мактабҳои № № 32,33,38 ҳамеша ёрии хайриявӣ бирасонад. Дар муддати се соле, ки ӯ раиси маҳалла аст, симои деҳа тағйири куллӣ ёфт. Ҳоло дар маркази деҳаи Пахтакор 2 бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, клубу китобхона, дорухона, марказҳои дандонпизишкиву савдо, осиёб, сартарошхона ва дигар иншоотҳои маишӣ фаъолият менамоянд. Ӯ бо мошини боркаши шахсиаш санг кашонда, қариб 8 километр роҳро таъмир кард. Яъне, М. Мирзоев марди бунёдкор буда, дар корҳои ободонию созандагӣ машъалафрӯзи чорабиниҳои деҳа мебошад.
Кумитаҳои маҳалла мақомоти ҷамъиятӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои дохилидеҳотӣ ёвари беминнати мақомоти худидоракунии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд. Мардум барои ҳалли масъалаҳои худ ба кумитаҳо рӯ меоранд. Аз ин ҷост, ки Маҳмадсафо Мирзоев дар деҳа бо дастгирии сарвари Маркази дастгирии Навзамин Раҳматулло Саидзода 2 ҳуҷраи корӣ бо ҳамаи таҷҳизоташ сохт ва имрӯз он дар истифодаи мардум қарор дорад. Яъне, кумитаи маҳалла соҳиби идора шуд.
Кумита ва зеркумитаҳои маҳалла масъалаҳои рушди маориф, фарҳанг, тиб, варзиш, даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ корҳои тарбиявию меҳанпарастиро роҳандозӣ менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки соли сипаригашта аз 42 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 32 нафар ба макотиби олӣ ва коллеҷҳои кишвар дохил шуд, ҳоло бо Квотаи президентӣ 12 духтаракони маҳаллӣ таҳсили илм доранд, ки дар ин амали босавоб саҳми раиси кумитаи маҳалла Маҳмадсафо Мирзоев назаррас аст.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2022 №: 71 Мутолиа карданд: 577