Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Известия. Далели он, ки Маскав ба Минск пешниҳод кардааст, дар сохтмони космодроми «Восточный» ширкат кунад, аз сатҳи баландтарин эътимоди Президенти Россия Владимир Путин ба шарикони белорусиаш шаҳодат медиҳад,- гуфт Президенти Беларус Александр Лукашенко
CentralAsia (TM). Ашқобод назоратро аз рӯи намуди зоҳирии мактаббачагон, омӯзгорон ва кормандони баъзе муассисаҳои давлатӣ пурзӯр кард. Ба иттилои манобеи turkmen.news, ба духтарони мактабхон дар пойтахт пӯшидани дастпона, гарданбанд ва дигар ҷавоҳирот манъ шудааст. Аз омӯзгорон бошад, талаб карда мешавад, ки либоси миллӣ пӯшанд.
RT. Шабакаи телевизионии ENCA бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳад, ки теъдоди қурбониёни обхезӣ дар музофоти шарқии Квазулу-Натали Африқои Ҷанубӣ ба 59 нафар расид.
ТАСС. Маскав ва Ню-Дели имрӯз 75-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишварро таҷлил мекунанд. Ҳиндустон ва СССР 13 апрели соли 1947 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд.
Известия. Беларус ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ дар содироти баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гречка, шакар, намак, маҳдудият ҷорӣ мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3229