Хабарҳо
Путин аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Россия ва Беларус хабар дод
ТАСС. Владимир Путин, Президенти Россия, дар мулоқот бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко дар майдони космодроми "Восточный" изҳор дошт, ки Москва ва Минск сарфи назар аз фишори берунӣ ҳамкориҳои иқтисодиро бомуваффақият рушд медиҳанд.
«Мо аз ин вохӯрӣ ва фурсат, бешубҳа, истифода бурда, дар бораи кори минбаъдаи якҷоя дар ҳамаи самтҳои муайянкардаи худ ва барои бунёди минбаъдаи Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус сухан хоҳем гуфт. Роҳбари Россия иброз дошт, ки дар ин самт ҳанӯз корҳои зиёд бояд анҷом дода шаванд.
Имкони бозгашт ба муҳлати ҳафтсолаи президентӣ дар Фаронса
Мир24. Ҳар ду номзад ба мақоми президентӣ дар Фаронса - Президенти феълӣ Эммануэл Макрон ва роҳбари ҳизби «Иттиҳоди миллӣ» Марин Ле Пен бозгашт ба муҳлати ҳафтсолаи президентӣ дар Фаронсаро имконпазир медонанд.
«Ман фикр мекунам, ки як давраи ҳафтсола низоми хуб ва вақти заруриро барои фаъолият кардан ба сифати президент хоҳад дод», - гуфт Макрон ва илова кард, ки масъалаи имкони муҳлати ду давраи ҳафтсоларо фаронсавиҳо бояд тасмим гиранд.
«Ман пешниҳод мекунам, ки муҳлати ҳафтсолаи президентӣ бидуни имкони давраи дуюм ҷорӣ карда шавад», - иброз дошт Марин Ле Пен.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши муҳлати ваколат ба сарвари давлат «имкониятҳои анҷоми ислоҳоти дарозмуддатро фароҳам оварда, ӯро аз зарурати пайвастан дар маъракаҳои интихоботӣ озод мекунад». Дар ҳамин ҳол, Ле Пен ба ин назар аст, ки ин масъала бояд дар раъйпурсӣ ҳалли худро ёбад.
WSJ: Аврупо омода нест, ки хароҷоти таҳримҳои зидди Россияро таҳаммул намояд
Мир24. Нашрияи амрикоии The Wall Street Journal муътақид аст, ки аврупоиҳо ба далели бархӯрди тулонӣ бо Россия омода нестанд, ки хароҷоти иқтисодиро таҳаммул кунанд. Таҳлили WSJ қайд мекунад, ки мушкилоти иқтисодии марбут ба таҳримҳои зидди Россия, аз ҷумла болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ, барои маъруфияти неруҳои сиёсии ростгаро замина фароҳам меорад.
Натиҷаҳои пурзӯри даври якуми интихоботи президентии Фаронса аз тарафи Марин Ле Пен, ки маъракаи интихоботиаш ба оқибатҳои иқтисодии афзоиши инфлятсия нигаронда шуда буд, ба ин шаҳодат медиҳанд. Вазъият дар Италия низ ба назар мерасад, ки ҳизби «Лига»-и Маттео Салвини бо истифода аз мавзуъҳои андоз ва иқтисодӣ маъруфият пайдо мекунад.
Аврупоиҳо аз он норозианд, ки таҳримҳои зидди Россия имкон намедиҳанд, то иқтисодиёт пас аз пандемияи коронавирус барқарор шавад. Ҳамин тариқ, нархи сӯзишворӣ дар минтақаи Аврупо моҳи март дар муқоиса бо моҳи феврал 12,5 дарсад боло рафта, як сол қабл 44,7 дарсад поинтар буд. Тибқи назарсанҷиҳо, 82 дарсади олмониҳо, 79 дарсади итолиёвиҳо ва 78 дарсади испаниҳо интизоранд, ки соли оянда хароҷоти хонаводаашон меафзояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3059