Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. ҶАШНВОРАИ ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Маросими ҷамъбасти он дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» доир шуд. Ширкаткунандагонро наврасони маҳфили эҷодии муассиса бо қироати чанд порча шеър ва навои қалбошӯби карнаю сурнай пазироӣ намуданд.
Таъкид шуд, Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар доир мегардад, ба хотири ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиа ва аз худ кардани донишҳои наву замонавӣ роҳандозӣ мешавад. Кӯдакону наврасон, ки ояндаи миллатанд, бояд бидонанд, ки танҳо илму дониш равшангари роҳи фардои инсонҳост ва ин ҳамаро бе мутоила наметавон молик шуд. Ба ин хотир, чорабинии мазкур дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, сол ба сол доираи фарогирии кӯдакон ба он зиёд мегардад.
Ҷашнвораи имсола дуюми апрел бо иштироки адибон ва шоироне, ки барои кӯдакону наврасон эҷод менамоянд, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар доираи он намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш - фурӯши китобҳои тозанашр, барномаи фарҳангии Театри давлатии лӯхтак ва Сирки давлатӣ доир гардид.
Ҷашнвора, пасон, дар навоҳии гуногуни кишвар идома ёфт. Ин муддат адибони саршиноси кишвар ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои Шаҳринав, хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Синои пойтахт ва бо наврасони шаҳри Турсунзода дар китобхонаи марказии шаҳр мулоқот намуданд.
Дидори адибон барои наврасони ноҳияи Файзобод хотирмон буд. Қасри фарҳанги шаҳри Роғун низ рӯзи 4 - уми апрел аз қудуми шоирону адибон мунаввар гардиду табъи адибон аз қироати шеърҳои кӯдакону наврасон болида.
Мулоқоти адибон рӯзҳои 5, 6, 7 ва 8 бо наврасони ноҳияҳои Варзобу Ҳисор ва дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе идома ёфт. Умуман, ҳафтаи сипаригашта барои кӯдакони кишвар - ҳафтаи фаромӯшнашаванда буд, зеро онҳо ба шарофти ҷашнвораи мазкур имкон пайдо намуданд, ки бо адибони дӯстдоштаашон аз наздик ошно шаванд, дар ҳузурашон шеърҳо қироат намоянд ва, муҳимтар аз ҳама, аз дасти эшон китоби шеъру тарона, қиссаву афсона ҳадия бигиранд.
Ҷашнвора 9 - уми апрел ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбаст созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, аз ҷумла китобдорон, хонандагону омӯзгорон, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд. Чанде аз ширкаткунандагон бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диплому ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд.
Ҳафтаи кӯдакону наврасонро барномаи рангини ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» ҳусни анҷом бахшид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3079