Хабарҳо
ШАҲРИНАВ. МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ҶАРАЁНИ КОРИ КИШОВАРЗОН ШИНОС ШУД
Муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Юсуф Акрамзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар, ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.
Зимни сафари корӣ муовини Сарвазири мамлакат ва намояндаи Ҳукумати кишварро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ҳамроҳӣ намуд. Нахуст, онҳо аз фаъолияти якчанд гармхона дар ноҳия дидан намуданд. Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия масоҳати гармхонаҳо ба 6, 71 гектар расонда шуда, дар он бештар помидор, бодиринг ва рустаниҳои ситрусӣ парвариш мешаванд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни мулоқот ҷиҳати зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастраси мардум гардондани маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол ба масъулин маслиҳату дастурҳои судманд дод.
Сулаймон Зиёзода, ҳамзамон, дар маъракаи кишти пахта дар кооперативи истеҳсолии “Наврӯз” иштирок намуда, ба кишти пунбадона дар ноҳия оғоз бахшид. Зимнан, таъкид гашт, ки вобаста ба мусоид шудани обу ҳаво дар фурсатҳои камтарин ба кишти чигит хотима бахшида, тамоми намуди зироатҳои кишоварзиро, бахусус ғалладонагиҳо, полизиҳо ва боғу токзорҳоро, бетаъхир обмонӣ намоянд.
Дар доираи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат, директори КВД “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода бо ҳамроҳии раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор ва бодиринг дар хоҷагии деҳқонии “Хайрихон”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов, дидан намуданд. Ба роҳбари хоҷагӣ барои бунёди чунин гармхона ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Хайрихон” аз 2 гектар замини корами обӣ иборат буда, дар майдони 0,10 садяк помидор ва дар масоҳати 0,10 садяк бодиринг парвариш карда мешавад. Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ дигар намуди зироатҳои барвақтӣ кишт шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов намояндаи мамлакат Юсуф Акрамзода ҷиҳати расондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли равон баён гардид, бо фаъолони ҷамоат мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот доир ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти зироатҳо, аз қабили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳову дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ дидан ба кишти такрорӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таъкид гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2658