logo

иқтисод

КОРХОНАИ ҶУРОББОФӢ ДАР ЗАФАРОБОД КАЙ ФАЪОЛ МЕШАВАД?

 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо дар иртибот ба равнақбахшии соҳаи саноат пайваста ба масъулони соҳа дастуру супориш медиҳанд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи воридсозии технологияи муосиру маҳсулоти ҷавобгӯ ба рақобати бозори ҷаҳонӣ, ҳамчунин, аз нав фаъолшавии корхонаҳои қаблии аз истеҳсолот бозмонда ва таъсису ташкили ҷойҳои нави корӣ мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои заруриву муассир андешанд. Ва бо назардошти аҳамияти  муҳими калидии соҳа дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат, ҳаллу фасли масоили зиёди иҷтимоию баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ солҳои 2022 – 2026  - Солҳои рушди саноат эълон гаштааст. Татбиқи саривақтиву сифатии ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат мусоидат хоҳанд кард, ки ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат муваффақ гардему кишварамонро боз ҳам ободу зеботар гардонем.
Вале, мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки дар иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби бархе масъулони соҳаву корхонаҳои истеҳсолӣ саҳлангорӣ  ба назар мерасад. Масалан, корхона ва ё фабрикаи ҷуроббофии ноҳияи Зафаробод, ки ҳамчун филиали ҶДММ «Неку Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз тарафи ширкати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Хуҷанд-инвест-коттон»  моҳи марти соли 2011 дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шудаасту «Наврӯз» номгузорӣ гаштааст, муддатҳост фаъолият надорад.  
Корхонаи мазкур бо маблағгузории 4 миллион сомонии ҶСП «Хуҷанд-инвест-коттон» сохта шуд. Ба хотири истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба он ба маблағи  зиёда аз 3 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти муосири ширкати итолиёвӣ ворид гардид.  Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 миллион ҷуфт ҷуроби хушсифати пахтагин   мебошад. 
Ҳамзамон, моҳи июни соли 2012 ба фабрика боз 14 таҷҳизоти нав барои истеҳсоли 300 ҳазор дона пойҷомаи бачагона дар як сол ворид гардида, бояд аз дурнамои мусаффои истеҳсолӣ дарак медоду боз 300 ҷойи нави корӣ муҳайё мешуд. Вале ин тавр нашуд.  Барои чӣ корхонае, ки бо харҷи маблағи калон сохтаву таҷҳизонда шудааст, имрӯз фаъолият надорад?
-  Корхона аз рӯзи оғози фаъолияти пурра, яъне аз  соли 2012 то 1-уми январи соли 2019 ба миқдори 1 миллиону 749,5 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардааст, ки дар баробари бозори дохилӣ, асосан, тибқи шартнома ба Федератсияи Россия содирот шудааст.  Аммо, мутаассифона, фаъолияти муътадили корхона дер давом накард, аз моҳи августи соли 2014 то моҳи декабри соли 2016 бо сабабҳои маҳдуд будани бозори муомилот ва паст рафтани қурби пули русӣ шартномаи харидуфурӯш байни фабрикаи ҷуроббофии «Неку Хуҷанд» ва ширкатҳои харидори Федератсияи Россия бекор гашта, ба қатъи истеҳсолот  оварда расонд. Сарфи назар аз он, ки боз бо дахолати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятиву ноҳиявӣ корхона чанд бори дигар эҳё шуда бошад ҳам, бинобар  аз лиҳози самаранокии истеҳсолот ва манофеи иқтисодӣ ҷавобгӯи талаботи рӯз набудану мушкилии маблағи гардон ва рақобатнопазирӣ дар бозор корхона аз фаъолият бозмонд, – гуфт Меҳриддин Шарифзода, муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи саноати Зафаробод
Тибқи маълумоти оморӣ аз 28 корхонаи саноатии хурду калон ва сехҳои истеҳсолии ноҳияи мазкур 6-тоаш аз фаъолият бозмонда, 10 адади он мавсимӣ аст. 
Сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо муҳимияти рушди саноат дар пешравии иқтисодиёт, ҳаллу фасли бисёр масоили иҷтимоии ноҳия ва татбиқи саривақтиву босифати “Барномаи рушди соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2022-2026” ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, коргоҳҳои хурд, бавижа фабрикаи ҷуроббофии “Наврӯз”-ро, ноил шаванд. Ин тадбирҳои судманд ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ мусоидат мекунаду ба ин васила метавон дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии мамлакат саҳми босазо гузошт.
 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 1972
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед