суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Иди Ғалаба, шаҳри Душанбе, 7 майи соли 2010
Ҳамватанони азиз!
Собиқадорони гиромӣ!
Мӯҳтарам афсарону сарбозон!
Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар қатори тамоми халқҳое, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд, Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони кишвари худ ва пос доштани хотираи неки онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, таҷлил менамоянд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, шумо – иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 65-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизм самимона табрику таҳният мегӯям ва бароятон тандурустӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Иди Ғалаба барои ҳамаи мардуми сулҳдӯсти ҷаҳон ҷашни пирӯзӣ бар фашизм, яъне мафкураи ирқпарастиву инсонбадбинӣ ва санаи ёдбуди хотираи неки қурбониёни ҷанги пурдаҳшати ҷаҳонӣ мебошад, ки ҷони худро барои ояндаи орому осоиштаи инсоният нисор кардаанд. Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки ба хотири ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардидаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ёдашон ба хайр ва рӯҳашон шод бод!
Воқеан, асри XX бо вуҷуди дастовардҳои беназири худ ба таърихи башарият ҳамчун асри бузургтарин ҷангҳо ва шадидтарин муҳорибаҳои инсоният дохил шудааст. Чунки дар арзу тӯли он ду ҷанги даҳшатноки ҷаҳонӣ тамоми сайёраро ба ларза оварда буд. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият буда, 72 давлати хурду бузург ба гирдоби он кашида шуд. Бар асари муҳорибаҳое, ки 1418 шабонарӯз идома ёфтанд, беш аз 55 миллион одамон қурбон, садҳо миллиони дигар гирифтори азобу маҳрумиятҳои мудҳиш шуда, ҳазорҳо шаҳрҳои хурду бузург хароб ва садҳо марказҳои нотакрори тамаддуни умумибашарӣ нобуд гардиданд.
Бо вуҷуди ҳазорҳо километр дур аз кишвари мо сурат гирифтани ҷанг ба хотири пешгирӣ кардани хатару таҳдиди фашизм ба амнияти халқу Ватани мо дар он беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони халқи тоҷик низ иштирок карда, ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамониҳо нишон доданд. Нақши мардуми тоҷик, ки дар ақибгоҳ низ бо фидокориву заҳматҳои шабонарӯзӣ дар таъмини ҷабҳаи набард бо аслиҳаву озуқа саҳми муносиб гузоштанд, назаррас ва шоистаи таъкид аст. Зеро дар солҳои ҷанг дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шуда, ба истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ ва маводи гуногуни ғизоӣ шурӯъ намуда буданд.
Қувваи асосии корӣ он солҳо дар Тоҷикистон асосан занону наврасон ва пиронсолон буданд. Онҳо сарфи назар аз мушкилоту душвориҳои замони ҷанг супоришҳои давлатиро дар мавриди истеҳсоли маҳсулот сари вақт иҷро мекарданд. Худ гуруснаву побараҳна буданд, вале ба хотири ғалаба ва ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг тамоми нерӯву тавонашонро сарфи заҳмат карда, ҳатто ночизтарин сарвату дороиашонро ба ҷабҳаи набард мефиристоданд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон барои мардуми минтақаҳои ҷангзада паноҳгоҳ гардида буд. Аз як қатор ҷумҳуриҳо, ки дар гирдоби ҷанг монда буданд, зиёда аз 40 ҳазор нафар одам, аз ҷумла қариб 10 ҳазор кӯдакро кӯчонида оварда буданд. Халқи тоҷик онҳоро хуш қабул намуда, бо ғамхорӣ фаро гирифт.
Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон собит сохт, ки инсоният бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои умумибашарӣ муттаҳид ва якдилу якмаром шавад, онҳоро ҳатман пешгирӣ ва бартараф карда метавонад. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо муттаҳидиву дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми миёни онҳо сулҳу суботи сартосарӣ ва пешрафту тараққиётро дар тамоми сайёра таъмин менамояд.
Халқҳои гуногуни олам дар ҷанги дуюми ҷаҳон хатару таҳдиди фашизмро маҳз бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф намуда, наслҳои ояндаро аз даҳшати фарогири нажодпарастӣ, бузургманишӣ, миллатгароӣ ва тундравию зӯроварӣ наҷот бахшиданд.
Имрӯз дар интиҳои даҳсолаи аввали асри XXI низ инсоният таҳти таъсири хатару таҳдидҳои умумибашарӣ, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, фалокатҳои экологиву офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои муосири сирояткунанда қарор дорад.
Яъне воқеияти имрӯз - низову даргириҳои хурду бузург дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё, даҳшатафканиҳои терроризму экстремизм ва фоҷиаҳои экологӣ бошандагони шаш қитъаи оламро, сарфи назар аз ирқу нажод, эътиқоду мазҳаб ва низоми давлатдориву сохти сиёсӣ ҳушдор медиҳад, ки аз оқибатҳои хатару таҳдидҳои дар ҷаҳони муосир ҷойдошта андеша намоянд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки башарият ба ҷои сарфу хароҷоти зиёд барои соҳаҳои ҳарбӣ ба таъмири бинои мӯҳташами ахлоқи солим, ҳифзи ҷаҳони маънавии насли нав, пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори ризоият, ташаккули эътимоди устувор ба оянда, густариши дӯстиву ҳамкорӣ рӯ орад, фарҳанги сулҳ ва муросову созишро қутбнамои пешрафти имрӯзу фардои худ қарор диҳад. Давлати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар зидди терроризму экстремизм, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ муборизаи муассиру фаъолона мебарад ва дар ин самт нақши минтақаи буфериро мебозад.
Дӯстони азиз!
Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем. Халқи мо дар баробари даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро низ бо чашми худ дида, азобу маҳрумиятҳои зиёдро паси сар намуд. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшишу талош намоянд.
Дар кори хайри тарбияи наслҳои наврас ва таҳкими ҳисси сулҳдӯстиву ватанпарастӣ дар замири ҷавонон, шумо - иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон, пирони рӯзгордида ва пуртаҷриба саҳми муносиб гузошта метавонед.
Шумо ҳамчунин имкон доред, ки дар тақвияти рӯҳияи меҳанпарастиву садоқати сарбозону афсарон, ки ҳомиёни боэътимоди Ватани соҳибистиқлоламон мебошанд, нақши арзанда гузоред. Зеро таърихи қаҳрамониву шуҷоат, далериву матонат ва хислатҳои созандаву ободкории падарону бобоёни мо барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва тамоми ҷавонон дарси ибрат мебошад.
Умедворем, ки ҷавонони Тоҷикистон аз шумо сабақи ватандории воқеӣ омӯхта, бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдории халқи сарбаланду тамаддунсози худ қувваю донишашонро барои ҳифз ва ободии Ватани хеш дареғ намедоранд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – собиқадорони мӯҳтарам ва ҳамаи онҳоеро, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон меҳнати вазнини ақибгоҳро ба дӯши худ доштанд, кулли мардуми сарбаланди кишвари азизамон ва ҳамаи ҳомиёни имрӯзаи Ватанамонро бо ҷашни 65-умин солгарди Иди Ғалаба самимона табрик менамоям. Ба бахти фарзандону наберагон, ба бахти ҳамаи мо ҳамеша солиму бардам ва пирӯзу сарбаланд бошед!
Ҷашни Ғалабаи бузург ба ҳамаатон муборак бошад!
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3090