Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН - ҚИРҒИЗИСТОН
Вазъ дар сарҳад муътадил аст
Дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гашт. Дар он фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздимарзӣ иштирок намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки ҷонибҳо масъалаи тирпарронии шаби 12 апрелро дар марз баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қувваҳои иловагӣ ба маҳали доимии худ баргардонда, ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ таъмин ва сабабу омилҳои муноқиша омӯхта шаванд. Ҳамзамон, роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа самаранок истифода намоянд.
Ҳоло вазъ дар сарҳад муътадил ва зери назорати мақомоти қудратии ҳар ду ҷониб буда, сокинон ба зиндагии осоишта идома медиҳанд. Қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонда шуданд.
Шартнома миёни Тоҷикистон ва Россия оид ба таъмини нафақа
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки шартномаи мазкур ҷиҳати танзими ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тарафҳои аҳдкунанда дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нигаронда шудааст.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрвандони ҳар ду ҷониб, ки дар ҳудуди кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудаанд, дар асоси қонунгузорӣ нафақа таъин мекунанд. Агар шаҳрванди Россия дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом дода бошад, бо назардошти собиқаи меҳнатиаш дар Тоҷикистон ба ӯ нафақа таъин мешавад. Бо ҳамин тартиб, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, нафақа таъин мегардад.
Маҷлиси намояндагон ду озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кард
Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро дар соли 2022 эълон намуд.
Довталабон имкон доранд матолиби беҳтаринро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп намуда, нусхаи онро ба суроғаи электронии комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ва нусхаи аслиро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42 равон намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!
Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи пойтахт 16 апрел дар Кохи “Суруш” барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин бора сардори раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Чун анъана дар Рӯзи пойтахт дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ ҷамъомадҳо ва барномаҳои фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин, озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳр - «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тиббии сол», «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол» ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мешаванд.
Қирғизистон дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард
Содир Жапаров, Президенти Қирғизистон, фармонеро имзо кард, ки тибқи он Эрлан Абдилдаев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба сомонаи Президенти Қирғизистон хабар дод.
Сафири нав дар ин мақом роҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро иваз кард, ки 2 феврали соли 2022 аз вазифа барканор шуда буд.
Эрлан Абдилдаев вазири собиқи корҳои хориҷии Қирғизистон мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5563