logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ОҒОЗИ БУНЁДИ КОРХОНАИ НАВ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд. 
Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав дар давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта ба истифода дода мешавад. 
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85 - фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99, 5 - фоиза мебошад. 
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи нави ҶСП "ТАЛКО Голд" истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида,  боз зиёда аз 500 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.  Дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бошад, бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз қудрати истеҳсолии ҶСП "ТАЛКО Голд" 10 фоизи бозори ҷаҳонии сурмаро ташкил дода, дар ҳолати ду маротиба зиёд намудани истеҳсолот он ба бузургтарин корхонаи истеҳсоли сурма дар дунё табдил мегардад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ ПОЛИЗӢ  ВА БУНЁДИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полизиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супурда, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
Мавриди зикр аст, ки хати оби полизӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида дар мавзеи Дашти Қозӣ аз масофаи 1 ҳазору 280 метр кашида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз Ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, ҳосили он, асосан, барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Боғи интенсивии чормағз дар 14 гектар мутобиқ ба талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил шуда, ба ақидаи мутахассисон ҳосилнокии ин навъи боғҳо 8 - 10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Тартиби ниҳолшинонӣ дар боғи интенсивии чормағз аз рӯйи меъёр байни қатори ниҳолҳо 7 метр паҳноӣ ва масофа миёни ниҳолҳо бошад, 5 метрро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин тартиб, дар як гектар 286 бех ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 60 то 80 сентнер ҳосил рӯёнда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо боғпарварону хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои бунёд ва нигоҳубини дурусти боғу токзори нав ва истифодаи босамари замин ҳидоят карданд. Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ниҳолҳои дарахтони зардолу, олуи сиёҳ, себ ва токи ангури кишмиши сиёҳ ва тоифӣ, ки навъҳои маҳаллӣ мебошанд, шинонда шудааст. 
Бо бунёди боғҳои нав дар мавзеи мазкур зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ ташкил гардид, ки ба ҳар саҳмдор 0,25 гектар замин рост меояд. Иттилоъ дода шуд, ки барои бо оби полизӣ таъмин намудани мавзеи Дашти Қозӣ пойгоҳи нави обкашӣ бунёд шудааст. 
Корҳои сохтмонӣ дар пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз гашта, паймонкори иншоот Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад. Барои обёрии заминҳо лӯлаи обрасонии фишораш баланд бо қутри 426 миллиметр истифода гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар шаҳри Панҷакент изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани боғҳои дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полизӣ, меваҷот, хушкмеваҳо, моҳӣ, асал ва маҳсулоти нонӣ, муаррифӣ карда шуд, ки бозгӯи самараи меҳнати бобарору садоқатмандонаи аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент мебошад.  
Ба иттилои масъулон, дар ҳудуди деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент 819 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 2 ҳазору 179 гектарро дар бар мегирад. 
Акнун бо обёрии мавзеи Дашти Қозӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Зарафшон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент масоҳати боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ васеъ мегардад. Хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез истеҳсоли маҳсулотро афзун намуда, дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва содироти бештари маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар саҳми босазо мегузоранд.
 
ИФТИТОҲИ ФЕРМАИ ЧОРВОПАРВАРӢ ДАР МАВЗЕИ ДАШТИ ҚОЗӢ 
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд.
Фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд шуда, дар он 100 сар чорво парвариш мешавад, ки барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ гаштааст. Бо таъсиси фермаи мазкур 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз 3-6 моҳи парвариш аллакай, чорво барои забҳ омода шуда, гӯшти хушсифат истеҳсол мешавад ва барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ба бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.   
Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад.  Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси фермаи чорвопарвариро дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ муҳим арзёбӣ карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди иншооти аграрию саноатӣ дар шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам рушд додани соҳаи чорводорӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Қобили таъкид аст, ки дар фермаи мазкур чорвои калони зоти “сиёҳ ало”, ки аз Федератсияи Россия ворид гардидааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон дар давоми шаш моҳи парвариш аз 350 то 400 килограмм вазн мегирад.
Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти “сиёҳ ало”, дар ин ферма, инчунин, парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати фермаи мазкур 0,73 гектар мебошад ва барои парвариши чорвои гӯштӣ биноҳои алоҳида ва ёрирасон сохта шуда, дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароит фароҳам гардидааст.
Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ферма парвариши буққаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ мебошад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди зироати хӯроки чорво дар заминҳои назди хоҷагиҳои ҳудуди мавзеи дашти Қозӣ кишту ҷамъоварӣ шуда, захира мегардад.
Зимни суҳбати самимӣ, чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши чорвопарварӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки минбаъд низ талош менамоянд, дар афзоиши саршумори чорво ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти аълосифат саҳмгузор бошанд.
Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳудуди иншоот корҳои ободонӣ анҷом ёфта, ба масофаи 400 метр роҳ то фермаи чорвопарварӣ мумфарш шудааст.
 
ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНИ ОЛИҚАДР ДАР ФУРУДГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Дар  фурудгоҳи  шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хосса пешвоз гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз мебахшанд.
Дар доираи сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. 
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАВАЛЛУДХОНА ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.  
Бинои таваллудхонаи шаҳрӣ барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Иншооти нави тандурустӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо сифати баланд сохта шудааст.
Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шароиту имкониятҳои нави хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад. Дар таҳхонаи иншооти навбунёд  ҳуҷраҳои бойгонӣ, анбори нигоҳдории маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд. Мувофиқи лоиҳа бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз 6 шуъба иборат буда,  табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба занон ва тифлони навзод хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Дар ошёнаи якум шуъбаи қабул, шуъбаи эҳёи калонсолон ва кӯдакон, амалиётхона, хатна ва як ҳуҷраи зоишгоҳи фаврӣ, дар ошёнаи дуюм 10 ҳуҷраи зоишгоҳ, эҳёи калонсолон ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи баъди таваллуд ҷойгир аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз моҳи июни соли 2017 аз ҷониби Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент оғоз гардида, иншооти мазкур дар зарфи 5 сол ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуд. Барои иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ мутахассисону бинокорони маҳаллӣ ҷалб ва бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд. 
Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани бинои замонавии таваллудхонаи шаҳрӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак беҳтару хубтар гардида, барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 табиб, 57 корманди миёнаи тиб ва 27 корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд.
Дар маҷмуъ, дар таваллудхона барои муоина ва табобати саривақтии модару кӯдак зиёда аз 40 дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки акнун дар чунин шароит табибон занон ва кӯдаконро ба табобат фаро мегиранд. Дар таваллудхона барои аз ташхис гузарондани модару кӯдак таҳлилгоҳ, ҳуҷраи  ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, омӯзиши модарон ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои нави тиббӣ таъмин гардидаанд. Бинои мазкур ба шабакаи махсуси гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии ҳуҷраҳо аз ҳамин ҳисоб таъмин мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити арзандаи ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки дар таваллудхона муҳайё шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ба истифода додани бинои нави таваллудхонаи шаҳриро дастгирии давлат баҳри ҳифзи солимии миллат, бахусус модарону кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, табибонро ба хизмати софдилона  ва баланди тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд. 
Айнӣ замон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 13 шуъбаи  таваллудхона дар назди  беморхонаҳои минтақавии деҳот мавҷуд аст, ки дар онҳо ба сокинон хизмати сифатноки тиббӣ расонда мешавад.
 
БАИСТИФОДАДИҲИИ МЕҲМОНХОНАИ “ПАНҶАКЕНТ-ПЛАЗА” 
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза”-ро ба истифода доданд.
Меҳмонхонаи замонавии фавқуззикр дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст.
Пас аз ба истифода додани меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” 30  сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.  
Мувофиқи лоиҳа бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Меҳмонхона дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат мерасонад. Ин омил ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри қадимаи Панҷакент махсусан Саразми бостонӣ, ки таърихи 5500-сола дорад, мусоидат хоҳад кард. 
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон хӯрокҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Дар меҳмонхона хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Барои будубош ва истироҳати меҳмонон ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки ин аз бартариятҳои меҳмонхона ба шумор меравад.   
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент-плаза” 350 метри мураббаъ буда, ба симои шаҳри Панҷакент зебоӣ зам кардааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурии рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандарти хизматрасонии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити созгори қабули мизоҷон дар шаҳри Панҷакент, ки дорои имкониятҳои фаррохи сайёҳӣ мебошад, дар оянда барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ин шаҳри қадима замина мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои арзанда доданд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл мулоқоти самимӣ анҷом доданд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Деваштич, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.  
 
МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ “МАЪРИФАТПАРВАР” 
14 апрел дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти соҳаи маориф дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, дар кӯдакистон 400 наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва толор барои варзиш иборат мебошад. Бо назардошти шароити мусоиди таълим, дар маҷмуъ, 13 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Бунёди кӯдакистон барои амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарогирии бештар ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии таълимӣ ёдовар  шуда,  кормандони  соҳаи  маорифро  барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят карданд.
Таълим дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити мусоиди фароҳамгардида, ки ба стандартҳои байналмилалии таълим мутобиқ мебошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
 
КУШОДАШАВИИ МАРКАЗИ ТАБОБАТИ ДАНДОН,  КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ 
14 апрел дар хиёбони ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ифтитоҳ карданд.
Мутахассисони баландихтисоси маркази табобати дандон дар бинои 6-ошёна ба муроҷиаткунандагон дар шароити муосир хизмат мерасонанд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дорои таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат буда, дар ин ҷо дар як вақт барои гузарондани ҷарроҳии ҷоғу рӯй, барқароркунӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ ва дигар табобати вобаста ба дандон шароит фароҳам аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони фароҳамшуда, кормандони марказро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо вазифадор карданд.  
Маркази табобати дандон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.
Дар таҳхонаи иншоот бошад, коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. 10 дастгоҳ барои фаъолияти кормандон ворид гардида, бонувон баъди омӯзиши бахши дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ин ҷо ҳамарӯза дӯхти либосҳои занонаю мардона ва ҷиҳози хона ба анҷом расонда мешавад.
Коргоҳи мебелбарории “Рахш” дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гаштааст. Иншоот бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосир насб гардидааст. Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраи корӣ ва нуқтаи фурӯш иборат мебошад. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар иншоот нигаронда шудааст.
Маркази табобати дандон, коргоҳи дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкор Исфандиёр Шарифов бунёд ёфта, дар ин ҷо, дар маҷмуъ, 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
Дар рӯзи ифтитоҳ маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба таври намунавӣ муаррифӣ гардид. Соҳибкорон ҳадаф доранд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ҳарчи бештар вобаста ба завқи мизоҷон истеҳсол ва ниёзи мардум сари вақт қонеъ гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва намояндагони бахши хусусӣ супориш доданд, ки аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани техникаву технологияи нав, эълони мораторий ва дигар имкониятҳо ҷиҳати афзун гардондани имкониятҳои истеҳсолӣ ҳарчи бештар истифода намоянд.
Коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯхти либос дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва оянда таъмини рушди дучанди иқтисодиёт мусоидат мекунад.  
 
МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ  МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад. Дар атрофи ин рамзи давлатӣ майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, дар ин ҷо монитори калонҳаҷм барои намоиши наворҳои таблиғотӣ гузошта шудааст. Дар майдони назди Парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 курсӣ насб гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли 2021 оғоз ёфта, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Масоҳати 7 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ин ҷо сабзкорӣ ва 8 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо тарҳи муосир бунёд шудани майдони рамзи давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад.
Дувоздаҳ ҳазор бех дарахти ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошанд. Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин, намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид.
Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.
 
МУҶАССАМАИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ  ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз болои муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд. Муҷассама дар маркази шаҳр дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст. Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо назардошти таҳкурсӣ 12 метр буда, бо сангҳои хорои ватанӣ оро ёфтааст. Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст. Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо шинондани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хосса зам гардид. 
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва паймонкори он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” - и шаҳри Панҷакент мебошад. Бо қомат афрохтани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Панҷакент барои сайругашти сокинон ва меҳмонон боз як мавзеи дилфиреб фароҳам шуд.  
 
МАЙДОНИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии нишон 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсии он бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди Нишони давлатӣ чароғон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар майдони ин муқаддасоти давлатӣ моҳи июни соли 2021 бо маблағгузории идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” - и шаҳр оғоз гардида буд.
Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд. Акнун майдони назди Нишони давлатӣ ба як макони зебову назаррабо ва писандидаи сокинону меҳмонони шаҳри бостонии Панҷакент табдил ёфт. Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонда шудаанд, ки диққатҷалбкунанда мебошанд.
Дар шаҳри Панҷакент барои истиқболи сазовори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар баробари ба ҳусни шаҳр афзудани зебоӣ, инчунин, сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.
Ифтитоҳи Нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт ба шумор меравад, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ гардид.
 
БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №47 
14 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи Спитаменро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави 3-ошёнаи Муассисаи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бино дорои ҳуҷраҳои корӣ, хонаи омӯзгорон, 17 синфхона, аз ҷумла синфхонаи фанҳои биология, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, ҳамчунин, китобхона, ошхона, толори варзиш ва маҷлисгоҳ барои 230 нафар мебошад. Муассиса бо компютер, тахтаҳои электронӣ, лавозимот барои гузарондани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад. Ба ғайр аз ин, дар он биноҳои ёрирасон, ба монанди буғхона, анбор ва хонаи посбон сохта шудаанд.
Дар Муассиса барои татбиқи барномаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ тамоми шароит фароҳам мебошад.
Омӯзгорон аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса руҳбаланд шуда, мақсад доранд дар оянда хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар омода намоянд.
Бинои куҳнаи ин Муассисаи таълимӣ соли 1966 барои 250 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда буд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Сохтмони бинои нави он моҳи январи соли 2020 бо ҷалби меъморону сохтмончиёни маҳаллӣ шуруъ шуда, давоми беш аз 2 сол бо тарҳи замонавӣ ва шароити муосири таълимӣ қомат афрохт.  
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нави муассиса толори варзиш бунёд ёфтааст. Дар ин толор хонандагон ба обутоби бадан, волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ин ҳама ба намои зоҳирии мактаб зебоии дигар зам мекунад. 
Пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави муассисаи таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, илмҳои замони муосирро омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва дар оянда чун шахси соҳибмаърифат ба Ватану давлат хизмат намоянд. Ҳамчунин, Сарвари давлат омӯзгоронро ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
 
МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ “УБАЙДУЛЛО” 
14 апрел дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир мебошанд. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази мазкур бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Дар маҷмуъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, дар рафти бунёди ин бино 60 нафар сокини маҳаллӣ ва меъморон бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, 60 чевари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуд. Модарону хоҳарони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз таъсис ёфтани коргоҳи дӯзандагӣ бо шароитҳои хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд. 
Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, он имкон дорад, ки миқдори муайяни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакентро бо сарулибоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, коргоҳ барои мардону занон ва кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазиранд.
Дар ошёнаи якуми иншооти тозабунёд мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳамин мағоза ба фурӯш бароварда мешавад.  
 
ҚАСРИ ВАРЗИШИИ “ПАҲЛАВОНОНИ СУҒДӢ” 
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар иншооти нави варзишӣ, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Дар рафти корҳои сохтмонии Қаср беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзиш дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Барои истифодаи варзишгарон дар қасри мазкур ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои корӣ, хонаи шустушӯ ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудааст.
Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи дигари бунёди иншоот оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обутоби бадан мебошад.
Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо назардошти унсурҳои меъморӣ, ороиши хоси замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар як нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2022    №: 73    Мутолиа карданд: 3214
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед