logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
Муаммои «Нобиға»
(Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва 68 соли пеш)
1.Сардафтари адабиёти муосири тоҷик. 2. Ҳодисаи соли 1920 – и Бухоро, ки устод Айнӣ дар асарҳои хеш тасвир кардааст. 3. Асари устод С. Айнӣ, ки бо забони русӣ нашр гардидааст. 4. Манораи таърихӣ дар Бухоро. 5. Яке аз шаҳрҳои қадим, ки тасвири он дар асари устод Айнӣ зикр ёфтааст. 6. Як нафъ андози давраи амирӣ. 7. Муродифи вожаи подшоҳ, мир. 8. Майдони таърихӣ дар шаҳри Бухоро. 9. «****- и адабиёти тоҷик», асари устод С. Айнӣ. 10. «Аз *** - и инқилоби мо сӯхт, Дунёи ситамгарон чу хошок». 11. Жанри адабӣ, ки устод С. Айнӣ якчанд асарашонро дар ҳамин шакл офаридаанд. 12. Яке аз қаҳрамонони асари устод С. Айнӣ. 13. Повести устод С. Айнӣ. 14. *** Ҳошим, шогирди бовафои устод С. Айнӣ. 15. Макони илму дониш. 16. Асари адабиёти классикӣ, ки вобаста ба он устод С. Айнӣ тадқиқот анҷом додаанд. 17. Дарае, ки дар романи «Дохунда» батафсил тасвир ёфтааст.18. Муассисаи давлатие, ки асарҳои нависанда он ҷо чоп шудаанд. 19. Исми макони фарҳангие, ки номи Садриддин Айниро дорад. 20. Муродифи калимаи ташаккур. 21. Вазифаи расмии дарбори амири Бухоро. 22. Асари устод С. Айнӣ. 23. Шеъри пас аз Инқилоби С. Айнӣ. 24. Шаҳр, зодгоҳи устод Айнӣ. 25. «*** - и ҳусн хонам рӯйи рахшони туро». 26. Муаллифи асари таҳқиқотии «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ». 27. Унсури кимиёвӣ. 28. Асари устод Айнӣ. 29. Ҷамоати деҳот дар ноҳияи Айнӣ. 30. Шоири адабиёти классикии тоҷику форс, ки устод Айнӣ доир ба эҷодиёти ӯ монография дорад. 31. Ҳаммаслаки С. Айнӣ. 32. Нашриёте, ки асарҳои устодро чоп кардааст. 33. «***, эй ғунчадаҳан, вирди забони Айнист». 34. Исми коргардоне, ки аз рӯйи  асарҳои С. Айнӣ филм офаридааст. 35. *** - и Қанд, қаҳрамони асари адиб. 36. Қаҳрамони романи «Ғуломон». 37. Очерки устод С. Айнӣ. 38. «***, санамо, бандаи дерин Айнӣ». 39. «***и ҳаёт»,  достоне, ки С. Айниро дар ҳаммуаллифӣ бо М. Турсунзода, А. Деҳотӣ ва Ҳ. Юсуфӣ эҷод кардааст.     
 
Таҳияи Фарзона СИДДИҚОВА, донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
КОРРУПСИЯ ВА ҶАЗОИ САХТИ ПОРАХӮРОН
ДАР ЧИН ПОРАХӮРОНРО ҚАТЛ МЕКУНАНД!
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин коррупсия ба феҳристи 13 ҷинояти махсусан вазнин дохил шуда, ба порахӯрон ҷазои ҳабси абад ё ҳукми қатл тавассути сузандору дода мешавад. Ҳукми қатл нисбат ба муттаҳамон дар сурате амалӣ мешавад, ки маблағи дуздӣ ё ришва аз 3 миллион юан (445 ҳазор доллар) зиёд бошад. Дар ҳамин ҳол, тибқи қонунгузорӣ суд ба маҳкумшуда имкон медиҳад, ки агар давоми ду сол бо тафтишот ҳамкорӣ карда, рафтори хуб нишон диҳад, ҷазои қатлаш ба ҳукми абад иваз карда мешавад.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
13. ААРОН ФОТЕРИНГЕМ - маъюби каскадёр
Аарон варзишгар, балки устоди варзиш ва каскадёри машҳур аст. Тақдири талхаш буд, ки бо дарди сутунмуҳра ба дунё омад. Волидайн ҳарчанд кӯшиданд, шифои комил наёфт. Ҷарроҳиҳои зиёд баръакс дардашро шиддат бахшиданду саломатияш беҳбудӣ надошт. Ниҳоят, дар ҳаштсолагӣ ба тақдир тан доду ба аробачаи маъюбӣ нишаст. Лаззати зиндагиро ночашида гум кард, ягона машғулияте, ки тоқати тамошо дошт, ҳиллабозии бародараш бо велосипед буд. Боре бародараш завқи Ааронро дида, пешниҳод мекунад, ки ӯ ҳам бо аробача ҳиллаеро анҷом диҳад. Маҳз аз ҳамин лаҳза дили Аарон аз нав ба зиндагӣ гарм мешавад. Ӯ акнун на танҳо ҳунарнамоии бародарашро тамошо мекард, балки тақлид намуда, салто задан мехост. Баъди чор соли заҳмат, ки талошҳои хастанопазирро думбол доштанду аз афтодану хестанҳо даҳҳо ҷароҳатҳои вазнину сабук пушти сар шуданд, Аарон дар чордаҳсолагӣ аввалин бор бо аробачаи маъюбӣ салто мезанад. Баъди боз чор соли дигар, аниқтараш дар 18-солагӣ дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ нахустин маъюбе мешавад, ки бо аробача ду салтои пайи ҳам ба қафо зада, вориди Китоби рекордҳои Гиннесс мегардад.
Айни ҳол, Аарон ҳамчун асосгузори намуди нави варзиши ҷаҳонӣ -WCMX (ҳиллабозӣ бо аробача) аз сарватмандтарин маъюбони дунё маҳсуб меёбад. 
- Ман, танҳо мехоҳам имкониятҳои беҳудуди маъюбонро ба ҷаҳониён нишон диҳам,- бо ифтихор мегӯяд Аарон Фотерингем.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ПОЙАФЗОЛИ «ДОНО»
ОДАМОНИ НОБИНОРО  РОҲБАЛАДӢ МЕКУНАД
Ширкати австриягие, ки бо лоиҳаҳои инноватсионӣ кор мекунад, чанде қабл барои одамони биноияшон маҳдуд пойафзоли наверо пешниҳод сохт, ки мушкили ин гуна ашхосро метавонад осон намояд.
Дар "пойафзоли доно" датчикҳои махсус истифода мегарданд, ки барои ёфтани ҳамаи монеаҳо то масофаи чор метр  ёрӣ мерасонанд. Ба туфайли чунин пойафзол ҳазорон нобиноён ва одамони биноияшон суст метавонанд, дар ҳама ҷо аз ҷумлаи кӯчаҳои серодам, бехатар роҳ гарданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ДАР БЕМОРХОНА
Духтурҷон мегӯянд, ки дар беморхонаи шумо баъзан диагнози нодуруст мемонанд.
- Чӣ хел?
- Мисол, шумо шамол-хӯрда гуфта, табобат мекунеду ман аз дарди гурда мемурам.
- Не, дар таҷриба ягон бор чунин нашудааст. Агар ман шуморо аз шамолхӯрдагӣ табобат кунам, аниқ аз ҳамин дард мемуред, ташвиш накашед. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
Гуфтугӯ бо худ дар мавзуъҳои «Ман бояд ба ӯ ҳамин тавр ҷавоб медодам» ё «Ӯ ин корро кард, зеро...» фоидае надорад. Мо рафтори одамони дигарро шарҳ дода наметавонем: онҳо дар шароити гуногун ба воя расидаанд, аз мо таҷрибаи тамоман дигар доранд. Аз ин рӯ, фикр кардани ангезаҳои амал ин эҷоди мушкилот барои худ аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
САЙЁҲӢ
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ДАСТРАС БАРОИ САЙЁҲОН УНВОН ШУД
Тоҷикистон дар радабандии 20 самти дастрас ва мувофиқ шомил гардид, ки аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳӣ мураттаб шудааст. Мураттибон ба сайёҳони рус кишварҳои хориҷиеро номбар кардаанд, ки барои сафар ба онҳо парвозҳои бидуни таваққуф вуҷуд доранд. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус ба ин кишварҳо шомиланд. «Шумо метавонед бо 10 ҳазор рубл ба Тоҷикистон, 11 ҳазор рубл ба Қирғизистон ва бо 4, 2 ҳазор рубл ба Беларус сафар намоед», - хабар медиҳад сомонаи OneTwoTrip.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
10 МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ
7. Агар моҳӣ барои нафаскашӣ тез-тез ба рӯйи об барояд, борон меборад.
8. Дар табиат 400 навъ рустанӣ ва 600 хел ҳайвон хусусияти «обуҳавосанҷӣ» дорад.
9. Фақат дар як қитъаи ғарбии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сагҳо аз майдони ҷанг 1239 маҷруҳро бароварда, ба хати пеши фронт 327 тонна аслиҳаи ҷангӣ бурдаанд.
10. Дар Эдинбург (Шотландия) ҳайкали зебои саге сохта шуд, ки вай дар сари қабри соҳибаш 8 сол истодааст.
Таҳияи Дорои МУСТАФО
 
 
 
ДАҲ ҚОИДАИ 
НӮШИДАНИ ЧОЙ
ЧОЙРО ПАС АЗ 20-30 ДАҚИҚАИ ИСТЕЪМОЛИ ТАОМ НӮШЕД! 
Чойро пеш аз истеъмоли таом нанӯшед. Он дар ин вақт ба узвҳои ҳозимаи инсон зарар мерасонад. Баъди тановули таом низ дарҳол пиёларо аз чойи гарм пур накунед. Ҳам чой ва ҳам дигар нӯшокиҳо дар чунин лаҳза ба суст гаштани кори узвҳои ҳозима сабаб мегарданду инсон худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Айни муддаост, агар шумо баъди хӯрокхӯрӣ 20-30 дақиқа сабр кунеду пасон чойнӯширо оғоз намоед.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ 
 
12. ШУРУЪ КУНЕД
Шуруъ кардан сахттарин бахши ҳар кор аст. Ғалаба бар танбалӣ аз аввалин қадам оғоз мешавад. Зиндагӣ сахт аст. Ин андешаи барғалат аст, ки як зиндагии идеалӣ тавонад бидуни мубориза ва мушкил бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар канори мушкилиҳо умеду шириниҳо низ ҳаст. Бо танбалӣ дар мавқеъҳои шигифтангез худро аз хушиҳои эҳтимолӣ маҳрум накунед. Нахустин қадам бояд бардошта шавад!
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
МАВЗЕЪҲОИ  ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ
НИМҶАЗИРАИ КЕЙП-ЙОРК, АВСТРАЛИЯ
Австралия бо масофаи ҷойгиршавии аҳолӣ ва зебоии табиати ҳифзшудаи худ машҳур мебошад. Нимҷазираи Кейп-Йорк дар қисмати шимолии материк ҷойгир буда, бо сабаби дастнорас буданаш масоҳатҳои бузурги табиати бикр дорад. 
Аҳолии нимҷазира тақрибан 18 ҳазор нафар аст, ки қисми бештарашон мардуми таҳҷоиянд. Кейп-Йорк аз ҷиҳати масоҳат аз калонтарин минтақаҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки тамаддун ба он ҳанӯз нарасидааст. 
Дар ин ҷо дар ду сол як маротиба ҷашнвораи фарҳангии аборигенҳо баргузор шуда, дар ҷангалҳои пойнорасида ва пайроҳаҳои сарбаста рақсҳои анъанавӣ, маросимҳо ва сайругаштҳо доир мегарданд. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
БАСКЕТБОЛ ВА КИМ ЧЕН ИН 
БОЗИДАН МЕХОҲАД, АММО ТАМОШО МЕКУНАД
Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ дар Пхенян ба дунё омада, писари хурдии собиқ пешвои ин кишвар Ким Чен Ир мебошад. Дар бораи таърихи таваллуд ва ҷои таҳсилаш аксари шаҳрвандони Куриё чизе намедонанд. Саргармии асосии Ким Чен ин сароидани таронаҳо дар жанри поп ва тамошои баскетболи лигаи Амрикост. Хеле мехоҳад, ки бо бозии баскетбол машғул шавад, аммо бемории диабети қанд ва вазни зиёд (90 кг) намегузорад, ки варзишгар бошад. 
Таҳияи Б. БАҲОДУР
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ 
ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
7.  ДАРАИ СЗЮЧЖАЙГОУ ДАР ЧИН 
 
Сзючжайгоу пас аз нуҳ деҳаи тибетӣ, ки дар водӣ ҷойгиранд, маънои «нуҳ деҳа» - ро дорад. Тамоми водӣ аз дарёҳои зебо, кӯлҳо пур буда, гирду атрофи онро кӯҳҳо ва қуллаҳои барфпӯш иҳота кардаанд. Ин мавзеъ  як муъҷизаи хеле муҳими табиӣ ба шумор рафта, ҳатто ҳамчун мамнуъгоҳи ҷаҳонии биосферӣ тасниф шудааст. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ҲИКМАТ
ДАР РАФТОРИ РӮЗАДОРЕ,  КИ ОБУ ҒИЗО МЕХӮРД
Ҷавонон пирамардеро диданд, ки дар моҳи рамазон ғизо мехӯрд.
Ба ӯ гуфтанд:
- Эй инсон, магар рӯзадор нестӣ?
Пирамард гуфт:
Чаро мепурсед, рӯзадор ҳастам, танҳо об ва ғизо мехӯрам.
Ҷавонон бо писханд гуфтанд:
- Магар чунин ҳам мешавад?
Пирамард гуфт:
- Бале. Дурӯғ намегӯям, ғайбат намекунам, касеро дашному озор намедиҳам, чашмонамро ба моли касе намедӯзам... фақат ин ки бо сабаби заифӣ дар пирӣ хӯрдану ошомиданро тарк карда наметавонам.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДАРСИ ҲИСОБ 
Муаллим аз яҳудибача мепурсад:
- Ту 6 себ дорӣ, нимашро ба ҷӯраат диҳӣ, чандтояш боқӣ мемонад?
- 5,5 - тоаш муаллим.
 Аз русӣ тарҷимаи 
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
АЛЕССАНДРО ВОЛТА
(С. 1745 – 1827)
Физики итолиёвӣ Алессандро Волта дар шаҳри Комо ба дунё омадааст. Дар хурдӣ нисбат ба ҳамсолони худ он қадар зуд инкишоф надошт. Вале дар айёми мактабхонӣ бештар аз дигарон ҳар чизи навро аз худ мекард.
Ӯ бояд ҳуқуқшинос мешуд, аммо тасмимаш дигар гашт ва тамоми ҳаёташро ба илмҳои табиатшиносиву дақиқ бахшид. Дар семинарияи Шоҳигарӣ дониш андӯхт. Тамоми ҳаёт Алессандро ба омӯзиши барқ машғул шуд. Волта бештар аз 80 сол умр дид. Аҷибаш ин аст, ки анҷомҳои хусусии ӯ пас аз маргаш бар асари сими нодуруст пайвастшудаи барқ сӯхтаанд.
Ба ифтихори Алессандро Волта  воҳиди андозагирии ҷараёни барқро волт номидаанд. Кашфиётҳои дигари олим: электрофор – таҷҳизот барои кор бо барқи муҳосибавӣ, «Симчӯби волтҳо» - аввалин муҳаррики ҷараёни барқ дар дунё, конденсатор, батареяи галванӣ – батареяи барқии пешина, ошкор ва таҳқиқи метан мебошанд.
Таҳияи Раҷабалӣ 
ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
АЗ ҲАМА ҚАДИМТАРИН ШАҲРҲОИ ДУНЁ
ДИМИШҚ
Димишқ пойтахти қадимтарин дар дунё эътироф шуда, то ба замони мо арзи ҳастӣ намудааст. Аз рӯи баъзе фарзияҳо, гӯё ки Одаму Ҳаво дар ҳамин мавзеъ маскун гаштаанд. Тахмин меравад, ки дар ҳамин ҷо, дар кӯҳи  Ҷабал  - Қосиюн  Қобил хуни бародари худ Ҳобилро рехтааст. Аз ин рӯ,  ин мавзеъро ҳоло ҳам Ғори хун меноманд. 
Шаҳр дар баландии беш аз 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Он ба ҳайати давлатҳои Аҳди пешин - Мисри Қадим, шоҳигариҳои   Димишқ, Форс, Мақдуния, мустамликаҳои Рум, Византия, Хилофати  Араб ва Империяи Усмонӣ шомил буд. Дар асрҳои VII - VIII Димишқро пойтахти Хилофати Араб эътироф намуда буданд. 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
NASA    ВА «АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ» ДАР КАЙҲОН
Агентии миллии кайҳонии ИМА - NASA соли 2005 зонди кайҳонии Deep Impact-ро ба фазо фиристод, то ба як камета бархӯрда, пас аз таркиш намунаҳои материяро ба даст орад. Аз чунин амалкард ситорашиноси рус Марина Бай ба хашм омада гуфт, ки ин кор ба мувозинати коинот зарар мерасонад. Мунаҷҷим ин таҷрибаро амали террористӣ алайҳи коинот хонда, аз болои NASA ба додгоҳе дар шаҳри Москва  шикоят бурд ва 200 миллион доллар ҷуброни зарар талаб кард.
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
 
 
 
 
ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Amazon дар як сол 469,8 миллиард доллар 
даромад гирифт
Аmazon – яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷорати электронии Амрико буда, 5 июли соли 1994 аз ҷониби Ҷефф Безос, ҳамчун мағозаи китобҳои онлайнӣ таъсис ёфт. Баъдтар ширкат ба фурӯши  видео, MP3, китобҳои аудиоӣ, нармафзор, бозиҳои видеоӣ, электроника, либос, мебел, хӯрокворӣ, бозичаҳо ва ҷавоҳирот машғул шуд. 
Amazon - дорои бахши нашриёти Amazon Publishing, Amazon Studios  буда, инчунин, бузургтарин провайдери хидматрасонии IaaS ва PaaS (Amazon Web Services) дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ширкат 100 миллион обуначӣ дошта, идораи марказии он дар Сиэтл ҷойгир аст. Он соли 2021-ум 469,8 миллиард доллар даромад гирифта, маоши кормандонаш дар як соат 18 долларро ташкил медиҳад.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2022    №: 73    Мутолиа карданд: 2739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед