logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 65 
16 апрел дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои таълимӣ барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба маблағи 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии қитъаи замини мактаб, ки дар шаҳраки Шайдон воқеъ аст, 2,31 гектарро ташкил медиҳад. Бинои мактаб сеошёна буда, он аз 12 синфхона, 9 синфхонаи фанниву озмоишгоҳ, китобхона, толори варзиш, майдончаи варзиш, ошхона, дегхона, ҳавзи об бо ғунҷоиши 160 метри мукааб ва 2 соябон иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта буд. Дар вақти сохтмон сокинони маҳаллӣ иншоотро бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд бунёд карданд. Барои боз ҳам хуштарҳу зебо кардани муҳити атрофи Муассиса сохтмончиён тадбирҳои  ободонӣ  гузаронда, 150  бех  дарахти гуногун шинонданд. Майдони 3000 метри мураббаъ сабзкорӣ, 550 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар Муассисаи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро бо истифода аз шароити муосири таълим ба омӯзиши фанҳои дақиқ, илмҳои муосир, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Омӯзгорон аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус равона созанд. Хонандагону омӯзгорон барои ин туҳфаи арзанда ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси бепоён карданд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ АШТ
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар саҳни ҳавлии Муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии № 65 бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Ашт анъанаҳои фарзандони номдор ва содиқ ба Ватан ва халқи Тоҷикистонро идома бахшида, минбаъд низ ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ободии Ватан саъю талош менамоянд ва ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бузурги 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегарданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲИ НАВИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Зебо” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдунабӣ Қуддусов бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин шудааст. Зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки дар коргоҳи нав бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, бо истифода аз ашёи хоми дохилӣ, асосан, барои бонувони шаҳр сарулибоси миллӣ медӯзанд. Дар вақти омода кардани либосҳои миллӣ ҳунари гулдӯзӣ истифода мешавад. Дар коргоҳи нав дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ ҳам ба роҳ монда шудааст.
Тибқи маълумоти масъулон дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз 10 ҳазор маҷмуи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгӯйи зиёди либоси миллиро бо сифати баланд дӯхта, пешниҳод намояд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки коргоҳ барои дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ, аллакай, бо якчанд муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳр шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва шуруъ аз имрӯз коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.
 
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ПОЙАФЗОЛБАРОРИИ ҶДММ “БАЗЕБ”
17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”-ро ба истифода доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад. 
 
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” бештар аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Роҳбарияти коргоҳи нав нақша дорад, ки дар оянда истеҳсолотро афзун ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва, ба ин восита, саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.  
Бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои пойафзолбарорӣ рӯз ба рӯз ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад. Иттилоъ доданд, ки дар мамлакат давоми моҳҳои январ ва феврали соли равон 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад. Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли пойафзол дар ду моҳи аввали соли равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкору сармоягузорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.
 
КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЙАФЗОЛИ ҶДММ «ИСФАРА САМАНД» 
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ "Исфара Саманд"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шудааст ва аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои хариди технологияи муосир як миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия ва Олмон аст. ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфтааст. Бино пурра таъмир ва ба талабот мутобиқ аст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар ҶДММ "Исфара Саманд" 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардид. Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан, барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон, истеҳсол карда мешавад. Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронда шудааст. 80 дарсади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пойафзол диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити ҳозира танҳо бо роҳи сифатнок истеҳсол кардани маҳсулот мавқеъ ёфтан дар бозор имконпазир аст.
 
МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МЕҲМОНХОНАИ «ШИРИН»
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоотро соҳибкори маҳаллӣ Сорбон Савриддинов дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд намудааст. Бинои асосии маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино ду ҳаммоми замонавӣ барои қабули 24 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳаммом аз ҳуҷраи қабул, хонаҳои либосивазкунӣ, истироҳатӣ, буғхона ва ҳавз иборат аст. Дар ошёни якуми маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» мағозаи техника ва таҷҳизоти рӯзгор таъсис дода шудааст. Дар мағоза таҷҳизоти зарурии истеҳсоли ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз қабили радио ва телевизор, телефонҳои мобилӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шудаанд. Акнун бо таъсиси чунин мағозаи замонавӣ сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти он ба дигар шаҳру ноҳияҳо нарафта, аз ин ҷо техникаву таҷҳизоти заруриро ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ метавонанд харидорӣ намоянд.
Ошёнаи дуюми бино дорои 7 ҳуҷраи барҳаво аст, ки барои дафтари кории ширкатҳои тиҷоратии шаҳр пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо замонавӣ буда, дар ҳар кадоми он шароити муосири фаъолият барои соҳибкорону дигар ширкатҳои тиҷоратӣ мавҷуд мебошад. Дар ин ошёна, ҳамчунин, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ташкил шудааст. Меҳмонхонаи марказ, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ сохта шудааст, дар ошёнаҳои сеюму чорум ҷойгир мебошад. Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи дунафара, аз ҷумла 2 ҳуҷраи олӣ, 5 ҳуҷраи люкс ва 8 ҳуҷраи нимлюкс иборат аст. Ҳуҷраҳо бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандартҳои хизматрасонӣ ҷавобгӯ мебошанд. 
Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имкон аст дар меҳмонхона ба 30 нафар хизмат расонда шавад. Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар шаҳри Исфара рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд. Зебоии атрофи бинои маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз, ки бо тарҳи хос шинонда шудаанд, ҷилои дигар мебахшанд. Корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои дигар сокинони мамлакат маънидод карданд.
Дар маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл, ки дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таълиму тарбия мегиранд, суҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 нафар ҷавонону наврасони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз маҷмуи сарулибоси мактабӣ, аз ҷумла шиму костюм, пойафзол ва шириниҳои зиёд, иборат аст. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадия карда шуд. Тақдими туҳфа ва суҳбати самимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл боиси хушҳолиашон гардид.
Таъкид шуд, ки ятимон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб намемонанд ва онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Ятимони кулли шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо аз чунин ғамхорӣ пайваста баҳравар ҳастанд. Ҷавонону наврасони ятим Президенти мамлакатро бовар кунонданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманд ба воя мерасанд ва бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
 
ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
17 апрел дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар рӯбарӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, Парчам дар баланди 50 метр парафшон карда шуд. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, дар ниҳоди хурду бузург ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро зиёд мегардонад. Илова бар ин, бо бунёди майдони Парчами давлатӣ барои гузарондани чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр корҳои сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расиданд.
Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмир карда шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайругашти сокинон табдил ёфтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои шаҳр ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
 
БИНОИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ҚОМАТ АФРОХТ
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонии бино соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизби созанда, бунёд гардидааст. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебоӣ, ташкил гардидаанд. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.  
Дар шаҳри Исфара аъзои ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукуфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.
 
КОРГОҲИ ҚАННОДИИ ҶДММ “БАРАКАТ - ИСФАРА” 
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар масоҳати 300 метри муррабаъ мутобиқ ба талаботи замон бунёд ёфт. Корҳои сохтмону навсозии бино ва насбу васли таҷҳизотро сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расондаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти иншооти саноатӣ коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои хуштаъми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти баландсифати шоколадӣ ва хушкмева соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе дар муддати як сол корхонаи  коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо технологияи муосир аз ширкатҳои бонуфузи Италия ва Туркия сохта ба истифода диҳад. Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳанд, ки дар як моҳ беш аз  50 тонна маҳсулот истеҳсол гардад. Пас аз ифтитоҳи иншоот барои 40 нафар сокини маҳаллӣ шароити хуби корӣ муҳайё гашт. Тибқи нақша маҳсулоти истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳоди мизоҷон мегардад.
Имрӯзҳо маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ “Баракат-Исфара” дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Ба ин васила, маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҶДММ “Баракат-Исфара” соли 2008 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар майдони 2,4 гектар таъсис дода шуд. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 се маротиба зиёд мебошад. Айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар зану духтарони маҳаллӣ даст ба кори доимианд.
Дар асоси шартнома аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешаванд. Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 корхона, ки самти фаъолияташро истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ташкил медиҳад, вуҷуд дорад. Дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 17,4 ҳазор тонна, соли 2021-ум 32,4 ҳазор тонна ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022-юм 3,9 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон иқдоми наҷибонаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ меафзояд, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат замина мегузорад.
 
КӮДАКИСТОНИ ХУСУСИИ “ШАҲНОЗ” ДАР ШАҲРИ ИСФАРА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯйи Болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии “Шаҳноз”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Масоҳати умумии иншоот 0,15 гектар заминро ташкил намуда, аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Рисолат Яҳёева сохта шудааст. Кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон медиҳад то 120 нафар кӯдак  ба  таълиму тарбия фаро гирифта шавад. 
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар муассисаи томактабӣ омӯзиш ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, оянда баҳри омӯзиши дигар забонҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Бо мақсади ба талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” мураббиёни дорои малакаи баланди касбӣ ҷалб шуда, тибқи нақша ҷиҳати ба роҳ  мондани усулҳои муосири донишомӯзӣ онҳо пайваста аз курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос мегузаранд.
Дар доираи ифтитоҳи иншоот ба таълимгирандагони ин боргоҳи илму маърифат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Дар саҳни бино 4 суҳбаткада ва, ҳамзамон, баҳри омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузарондани машғулияту бозии кӯдакон заминаи созгор фароҳам оварда шудааст. Бо ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Исфара дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст, ки дар онҳо 3077 нафар кӯдак ба омӯзиш машғул аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои кӯдакистони навбунёд аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи маориф, зина ба зина беҳтар намудани инфрасохтори соҳа, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози Ватан ва омӯзиши илмҳои муосир ёдрас шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва талошҳо ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
 
БОЗДИД АЗ ҶСК “ТАМОХУШ”-И ШАҲРИ ИСФАРА
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи чоруми сафар дар вилояти Суғд дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои мутобиқгардонии техникии қисми иншооту коргоҳҳои корхона шинос шуданд.
Тибқи нақша дар заминаи коргоҳҳои механикии корхонаи мазкур ва таъмиру сохтмонӣ иншооти нави самти таъмирӣ-механикӣ таъсис дода, дар он таъмири техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Дар коргоҳи нав 15 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Корҳои иҷрошуда аз тадбирҳои муҳим дар самти истифодаи иқтидорҳои мавҷуда маҳсуб меёбад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш” аз иқтидорҳои калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ буда, давоми беш аз 70 сол ба истеҳсоли металлҳои камёфт ва нодир махсус гардонда шудааст. Чунин корхона дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ камшумор, танҳо ду адад буд. Тайи солҳои тулонӣ иқтидорҳои корхона пурра истифода намешуданд.
Тибқи маълумот, масоҳати корхона 23 гектар буда, айни ҳол 100 нафар коргару мутахассисон фаъолият доранд. Дар “Тамохуш” аз соли 2021 дар натиҷаи азнавсозии техникӣ, ҷорӣ намудани усулу технологияҳои пешрафта иқтидорҳои мавҷуда истифода, ҳаҷми истеҳсол афзун ва суръати афзоиш баланд бардошта мешаванд. Корхона дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот бамаротиб афзудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба роҳбарияти корхона, масъулони соҳа ва мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки баҳри истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, барқарору зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои навро амалӣ созанд. Барқарор намудани самти фаъолият баҳри афзудани маҷмуи маҳсулоти саноатӣ равона гардад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ҳамкориро бо ширкати “Евраз-Холдинг” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи металлургии Олмалиқ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои харидорӣ ва коркарди маъдани дорои металл ва шлакҳои металлургӣ ба роҳ мондааст. Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корхонаи металлургии Олмалиқ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркарди саноатӣ-тадқиқотии маъдани кӯҳии дорои сурб имкон медиҳад, ки дар корхона 5 намуди маҳсулоти нави металлӣ истеҳсол гардад.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба содирот нигаронда шуда, металлҳои истеҳсолшуда дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анзоб” барои бойгардонии консентрати сурма истифода мегарданд. Хокаи купороси мис ва купороси руҳ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд.
Дар асоси шартномаи коркард бо ширкати “Евраз Холдинг” аз шлаки металлургӣ маҳсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол мешавад. Партови истеҳсолии панҷоксиди ванадий, ки дар таркиби худ металли оксиди оҳан дорад, дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегардад ва дар дохили кишвар ба ин маҳсулот талабот зиёд аст. Яъне, дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад. Нақшаҳои корхона барои рушди оянда тарҳрезӣ гардидаанд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳои истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тамохуш”-и шаҳри Исфара меафзояд, ки ин манфиати калон ба иқтисоди миллӣ мебошад.
 
ИФТИТОҲИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “КОНТАКТ” 
17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмилалии “Контакт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукӯҳи таълимӣ шинос шуданд. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ, бародарон Исроил ва Нарзулло Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ барои 800 хонанда дар як баст бунёд шудааст ва барои 50 нафар омӯзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи корӣ муҳайё гардид. Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад. Масоҳати қитъаи замини Мактаб наздики 1 гектар ва масоҳати зери биноҳо бошад, 9000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мактаб дорои 40 синфхона, ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, 2 кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст.  Ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида ва майдончаи футбол мебошад.
Иншооти замонавии соҳаи маориф дар партави дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
Дар синфхонаҳои таълимии Мактаб омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ ба хонандагон машғулият мегузаронанд.
Дар Мактаби таълимии байналмилалӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хосса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст.  
Бояд гуфт, ки дар бинои собиқи муассисаи таълимӣ, ки барои 150 нафар хонанда фаъолият дошт, аз ҷониби соҳибкорон муассисаи томактабӣ ташкил гардид. Дар ин ҷо акнун фарзандони сокинони шаҳри Исфара ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон, аҳли маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагони Мактаби нави таълимии байналмилалии “Контакт” вохӯрии судманд анҷом доданд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимии сокинон ва ҷонибдории сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мардуми ватандӯсту соҳибмаърифат ва ободкори шаҳри Исфара дар қатори сокинони дигар минтақаҳои мамлакат барои сазовор истиқбол намудани Ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расондаанд, ки қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд.
Роҳбарияти шаҳр ва масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузарондани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони он, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Исфара Марҳамат Яҳёхоҷаева - донишҷӯ, Меҳрулло Мӯсоев - омӯзгор ва Сабохон Ҳусейнова – собиқадор, баромад карда, шукронаи ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳи сартосарӣ ва раванди бесобиқаи рушду пешрафти кишварро намуданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ҶДММ “ТВЕА ДУШАНБЕ САНОАТИ КӮҲӢ” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.
Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва раиси  Раёсати ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.  Мавзеи Кумарғи Боло дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои мусаффо ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.
Коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Технологияи васлу насбшуда навтарин буда, истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки ҷавобгӯйи стандарти замони муосир аст. Дар коргоҳ консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимиёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст. Ҳоло дар коргоҳ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи Боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад. Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад. Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи Шарқӣ“ 2300 метр аз сатҳи баҳр баланд мебошанд.
Барои истихроҷ ва коркарди маъдан дар кони “Кумарғи Боло” раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикиро васлу насб кардаанд. Таҷҳизоти замонавии истихроҷ ва коркарди маъдан пурра автоматӣ аст ва ҷараёни фаъолияти он тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Арзиши лоиҳавии корхона 180 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани “Кумарғи Боло” соли 2017 оғоз гардида, дар баробари сохтмони иншоот ва васлу насби таҷҳизот, ҳамчунин, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳ, хати барқ ва гармидиҳӣ, таъмин карда шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 5 сол аз 200 то 500 нафар сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор ҷалб шудаанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани “Кумарғи Боло” иқтидор дорад дар як шабонарӯз 3000 тонна ашёи хомро истихроҷ ва мавриди  коркард  қарор  дода,  аз он  хока  барои  гирифтани  тилло  ва  нуқра  истеҳсол  намояд. Раванди  истеҳсоли  маъдан  дар  панҷ  марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯйкунӣ, ҷудокунӣ ва гудохтан сурат мегирад. 
Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯйизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум, 74,7 тонна тилло мебошад.
Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат хоҳад буд, кандани нақб, сохтмони корхонаи истихроҷу коркарди ашёи хом, бунёди роҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ идома доранд. То ба имрӯз 4 нақб бо дарозии 3 ҳазор метр канда ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 170 нафар ҷалб шудааст, ки қариб 100 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша моҳи июни соли 2023 дар кони мазкур истихроҷи маъдан оғоз мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз истихроҷ ва коркарди 3000 тонна ашёи хом барои гирифтани тилло ва нуқра хоҳад буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аввалин сабикаи тилло, ки аз кони “Кумарғи Боло” истихроҷ ва истеҳсол гардидааст,  тамғаи №001-ро гузоштанд. Ҳоло дар ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 500 нафар сокини маҳаллӣ ва 120 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин доимӣ кор мекунанд. Дар сурати пурра фаъолият намудани ҷамъият беш аз 1200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат роҳбарият ва кормандони ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”-ро ба истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ҳидоят намуда, риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро қатъӣ талаб карданд. Таъкид доштанд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда душвор мегардад. Сарвари давлат бунёд шудани чунин корхонаи азими саноатиро қадами устувор дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд. 
Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ коргоҳи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад. Дар коргоҳ манораҳои чормарҳилаи тозакунӣ ва думарҳилаи ҷаббанда васлу насб гаштанд, ки бо истифода аз онҳо муҳити зист аз газҳои турш ҳифз мешавад. Обҳои партов дар зарфҳои махсус, бо истифода аз манораи семарҳилаи ҷаббанда ва таҷҳизоти полоишӣ безарар мегарданд. Аз рӯйи нақша оянда дар ин мавзеъ коргоҳи флотатсионӣ, биноҳои маъмурӣ ва хобгоҳ низ барои кормандон бунёд меёбанд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, инчунин, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар ширкати ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” баҳои баланд доданд. Масъулонро муваззаф намуданд, ки корҳои боқимондаро дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва шумораи бештари шаҳрвандонро ба кори доимӣ ҷалб намоянд.
 
МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Президенти мамлакат сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Президенти мамлакат, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди масъулони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо, таъсири ҷиддӣ расонда истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯйинашаванда ва дарозмуддат мебошанд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғдро, вазифадор карданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Махсусан, дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, маводи зарурӣ ва ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва иловагии рушд ва дигар тадбирҳо, дастуру супоришҳо дода шуданд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ, ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ сафарбар намоянд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати рушди минбаъдаи чорводорӣ, парандапарвариву моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва, ба ин васила, таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти соҳа вазифаҳо гузоштанд.
Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ аз тадбирҳои муҳим номида шуд. Барои рушду пешрафти соҳаҳо, бахусус соҳибкории хурду миёна, зарур шумурда шуд, ки корҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат  ташкилу ба роҳ монда шаванд. Дастуру супоришҳои дигар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, доир ба таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дода шуданд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба боло бурдани сифати таълим ва дар соҳаи тандурустӣ беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷоннок кардани корҳои беҳдоштии санитарӣ дар байни мардум, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар назди роҳбарону фаъолони кишвар вазифа гузошта шуд, ки корро дар байни аҳолӣ дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшида, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоянд. Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва аҳли зиё ҷавонону наврасонро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия созанд.
Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳрвандони мамлакатро ба истиқболи сазовори Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат, иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дасти сахо дароз кардан ба табақаи ниёзманд ҳидоят карданд. Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.  Бо ҳамин машварати кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба анҷом расид.
Мавриди зикри хос аст, ки зимни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бӯстон, Исфара, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  49 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию хизматрасониро бо наздики 5000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ноҳияи Ашт ба корҳои сохтмони корхонаи коркарди пахта ва нассоҷӣ бо 600 ҷойи корӣ ва дар ноҳияи Айнӣ барои бунёди ду корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла навбати дуюми корхонаи тилло ва сурмаи “ТАЛКО Голд” бо 500 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти аксари корхонаҳои нави вилоят ивазкунандаи воридот буда, дар баробари коҳиш додани воридоти маҳсулот аз хориҷ имкон дорад Тоҷикистонро ҳамчун кишвари содироткунандаи молу маҳсулоти ҷавобгӯйи талаботи бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Бо ҳамин сафари кории Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз 14 апрел оғоз гардида буд, ба анҷом расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2022    №: 75    Мутолиа карданд: 2819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед