мулоқотҳо
Сардори давлат ба хизмати содиқона ҳидоят намуд
6 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ нафаронеро, ки барои таъйин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни гуфтугӯ таваҷҷӯҳи асосӣ ба муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил, коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир зоҳир шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба порлумони мамлакат омада буданд, хусусан оид ба амалҳои коррупсионӣ ва эътибор додан ба арзу шикоятҳои мардум, ёдовар шуда, онҳоро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ба хизмати содиқона бо дасту дилу нияти пок ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1768