logo

иқтисод

СУҒД. САҲМИ САНОАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ АФЗОИШИ РӮЗАФЗУН ДОРАД

Яке аз масъалаҳои асосии иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ки вакилон мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд, ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, № 293 дар бораи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” буд. Аз рӯйи ин масъала вакили мардумӣ, муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод.
 
Мавсуф иброз дошт, ки соли сипаришуда дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3 ҳазору 56 ҷойи корӣ дар соҳаҳои саноати кимиё, маъдан, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис ёфта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд. 
Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,9 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3,4 ва бо нархҳои амалкунанда 5,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 дарсад ва бо назардошти индекси нархҳо ба 131,3 дарсад баробар гардид. Дастовардҳои мазкур имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 дарсад баробар шавад.
Ташкили минтақаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз муҳимтарин роҳҳои самарбахши инкишофи ҳамаи самтҳои саноат маҳсуб меёбад. Дар шаҳри Истиқлол барои бунёди минтақаи саноатӣ дар масоҳати 70 гектар 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақша, дар минтақаи мазкур ду заводи металлургӣ ҳар яке бо иқтидори 50 ҳазортоннагӣ сурб ва руҳ, заводи қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ, коргоҳҳои нави истеҳсоли кислотаи сулфат ва аккумуляторҳо бо 1300 ҷойи нави корӣ бунёд мешаванд. Инчунин, барои таъсиси минтақаи саноатӣ дар ноҳияи Ашт корҳо оғоз ёфта, дар деҳоти Меҳробод 35 гектар ва шаҳраки Шайдон 12 гектар қитъаи замин ҷудо шудааст. 
Ҳамзамон, дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 31 субъект ба қайд гирифта шуда, аз он 16-тоаш ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошад. Корхонаҳои боқимонда корҳои сохтмониро вусъат дода, барои ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Барои таҳияи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат тибқи иттилои раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, 2 лоиҳа доир ба ташкили корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва бунёди коргоҳи бандубасти маҳсулоти мевагӣ ва хушкмеваҳо дар шаҳри Гулистон ба маблағи 11,1 миллион доллари ИМА омода ва ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.  
 Муваффақ шудан ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар буда, дар ин ҷода натиҷаҳо сол ба сол назаррас мебошанд. Феълан ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶСП «Сатн» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро ноил шуда, дар Аврупо бозори худро доранд. Дар ин давра дар корхонаҳои соҳа 4635 тонна риштаи пахтагӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 693,3 тонна зиёд буда, ба 117,6 дарсад баробар аст. 
Соли 2021 дар корхонаи “Сомон чарм”-и шаҳри Гулистон 343,6 ҳазор дона пӯст коркард шуда, дар корхонаҳои пойафзолбарории вилоят, дар маҷмуъ 237,7 ҳазор ҷуфт пойафзол (аз ҷумла, 58,5 ҳазор ҷуфт пойафзоли резинӣ) истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,1 маротиба зиёд аст. Давоми соли рафта дар вилоят 7 корхонаву коргоҳи нав, ки бо истифода аз ашёи хоми кишоварзӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол мекунанд, бо 66 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд.
 Баъди ба кор даромадани корхонаҳои равғанбарории “25-солагии Истиқлолият” дар ноҳияи Спитамен, “Зирв Эко” истеҳсоли равған дар шаҳри Хуҷанд ва коргоҳи равғанбарории ҶДММ “Хубҷамъ инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазъи таъминот бо равғани рустанӣ беҳтар гардид. Соли гузашта истеҳсоли равғани рустанӣ ба 7811,1 тонна расонда шуд. Ин имкон дод, ки воридоти равғани рустанӣ ба вилоят коҳиш ёбад. 
Айни замон КМ ТА "Анзоб" ва ҶДММ "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ"-и ноҳияи Айнӣ, ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" ва КМ "Апрелевка"-и шаҳри Гулис-тон, ҶДММ "Нуқрафом"-и шаҳри Истиқлол ва КМ "Зарафшон"-и шаҳри Панҷакент ба истихроҷи маъдану боигариҳои зеризаминӣ ва истеҳсоли металлҳои № 1, № 2 ва консентрат машғул буда, саҳми онҳо дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят назаррас аст.
Аз ҷониби корхонаҳои мазкур соли 2021 ба маблағи 9,64 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 1,8 млрд сомонӣ зиёд буда, 46 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот, дар вилоят зиёда аз 200 корхонаву коргоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ машғул буда, дар ин корхонаҳо ҳамасола 7-10 дарсади маҷмуи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Соли гузашта дар 6 корхонаи сементбарорӣ 1394 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид. Содироти бонизоми он ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, соли гузашта 691,1 ҳазор тонна семент ба маблағи 23,5 млн доллари ИМА содирот шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2021-ум 42 корхонаву коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бо 513 ҷойи корӣ бунёд гардида, зиёда аз 20 корхонаи соҳаи коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебарад, ки маҳсулоти онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд.
4 корхонаи ҳисоботи мустақилдошта, аз ҷумла ҶДММ "Сирдарё", ҶДММ "Қоғази тоҷик"-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ "Сехи картонбарории Исфара" ва ҶДММ "Тобони Исфара" ба истеҳсоли қуттии картонӣ машғул буда, дар ин корхонаҳо 2,6 млн дона қуттӣ истеҳсол гардидааст.
10 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли маводи бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва дигар намуди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла халтаҳои полиэтиленӣ ва полипропиленӣ машғул буда, соли 2021-ум 50,5 млн дона халтаи полипропиленӣ ва 728,4 тонна халтаи полиэтиленӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 1,2-маротибагӣ зиёд аст.
Тибқи нақша, то соли 2025 бунёди якчанд корхонаҳои азими коркарди маъдан пешбинӣ шуда буд, дар ин самт корҳо идома доранд. Аз ҷумла, барои бунёди корхонаҳои коркарди маъдани ҶСП «Талко-Голд» ва коргоҳи коркарди консентрати миси КМ "Зарафшон" қитъаҳои замин тибқи қарорҳои дахлдор ҷудо гардида, маблағи корҳои зикршуда, дар маҷмуъ, 278 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. 
Фаъол намудани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ барои ташкили корхонаҳои нав заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар вилоят корхонаҳои воҳидии «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» ва «Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён» ба корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ машғул буда, соли 2021 фаъолияти худро барои гузарондани корҳои иктишофӣ - геологӣ аз рӯйи 3 лоиҳа ба маблағи 1,1 млн сомонӣ ба иҷро расонданд.
Баҳри муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Бо ин мақсад аз 18 то 19 октябри соли 2021 Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд - 2021” дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик ва соҳибкорон аз вилояти Хатлон иштирок доштанд, ки ин ба рушди ҳамкориҳои соҳибкорони минтақаҳои кишвар мусоидат менамояд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 1260
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед