logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СЕМОҲАИ АВВАЛ

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иброз дошт: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми кӯшиши худро баҳри татбиқи  амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумат ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли равон ироа гаштаанд, инчунин, дастуру супоришҳое, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят аз 24 феврали соли равон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Раҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, равона намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд».
Доир ба нишондиҳандаҳои рушди вилоят муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода гузориш дод. Зикр гардид, ки дар семоҳаи якуми сол иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,9 фоиз, аз ҷумла нақшаи андозҳо 102 ва нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,3 фоиз, таъмин шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи контингенти умумӣ ба андозаи 102 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ 102 фоиз таъмин гашт.
Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҷойи 100,9 миллион сомонӣ ба маблағи 102,7 миллион сомонӣ пардохт гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
- Ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 504,1 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 164 фоиз зиёд мебошад, - идома дод муовини раиси вилоят. 
Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ гардиши савдо ба 2 миллиарду 750,4 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 фоиз ё баробари 598,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ 101,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он содирот 45,7 миллион ва воридот 56 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Ҳаҷми содирот дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 миллион доллар ё 26,4 фоиз афзуд. 
Дар ҷаласа, ҳамчунин, иброз гардид, ки саноатчиёни вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 164 миллиону 961,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли 2021 ба андозаи 393,6 миллиону 605,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 22,2%, бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 118 фоиз таъмин намуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъалаи рушди саноат диққати роҳбарони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру навоҳиро ҷалб намуда, ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дастур дод. “Раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро зарур мебошад, ки ҳангоми бунёди корхонаҳои нав ба бозор ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид намуд раиси вилоят.
Гуфта шуд, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, давоми соли равон дар вилоят баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти қариб 4 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бошад, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 корхона ва 6 коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 183 ҷойи корӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва сохтмонӣ, маҳсулоти мебелӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа, инчунин, зикр гардид, ки ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар вилоят беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 140  бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар идомаи кори маҷлис гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода доир ба рафти даъвати баҳории ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Зикр гардид, ки дар даҳаи якуми моҳи апрел нақшаи даъвати баҳорӣ дар вилоят 40% иҷро шудааст.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулонро барои тадбирандешӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта муваззаф намуда, доир ба зарурати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъмини шароит барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, дастгирии иҷтимоии омӯзгорону табибон, табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ таъкид кард.
 
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед