иқтисод
МУЪМИНОБОД. АЗ ТААҶҶУБ ТО ТААССУФ
Хонанда воқиф аст, ки аз вазъи ногувори техникаҳои кории КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и ноҳияи Муъминобод ва аз бетаваҷҷуҳии масъулон нисбат ба ин ниҳод дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабе нашр гардида буд. Мутаассифона, аз байн моҳҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, масъулони ноҳия барои ислоҳи камбудҳо бетарафӣ зоҳир намуда, ҳеҷ тадбире наандешидаанд. Вобаста ба мушкили ҷойдошта, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дубора мавзуъро пайгирӣ намуд.
Кормандони корхонаи мазкур аз сабаби набудани шароити корӣ ва норасоии мошини партовкашонӣ маҷбур шудаанд, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳит ва сари вақт кашондани партовҳо аз ароба истифода баранд. Як корманди муассиса бидуни бурдани ном дар суҳбат гуфт:
- Бовар кун бачам, ҳамагӣ 450 сомонӣ маош мегирам ва ҳар рӯз бо ҳамин ароба дар ба дари идораву ташкилотҳо гашта, партовҳои онҳоро ғундошта, ба ҷойи муайяншуда бурда мепартоям. Кор бо ароба бароямон мушкил аст, пойҳоям дард мекунанд, вале чи илоҷ, касе ба дардамон намехӯрад.
Вақте ки аз масъулон суроғи техникаҳоро гирифтем, чанд мошини вайронаро ба мо нишон доданд, ки бештари онҳо шина надоштанд. Ба гуфтаи Абдураҳим Шарифов, сармуҳандиси корхона, дар тавозуни муассисаи фавқуззикр 7 техникаи корӣ мавҷуд буда, ҳама фарсудаанд. Номбурда зикр кард, ки масъулон аз аҳволи муассиса бохабаранд ва ваъда доданд, мушкилотро ҳал мекунанд, вале нагуфтанд, ки кай.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи мазкур дар қарз ғӯтидааст. Ҳамзамон, беш аз 600 ҳазор сомонӣ аз андоз, 83 ҳазор сомонӣ аз барқ ва ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ аз ҳаққи аъзопулии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қарздор мебошад. А. Шарифов гуфт, ки дар як моҳ аз 700 то 1000 сомонӣ ҷамъоварӣ мегардад.
Ҷамшед Холов, сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии раёсати молияи ноҳия, иттилоъ дод, ки дар корхонаи коммуналии ноҳия қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад ва илова кард, ки маоши онҳо пурра аз буҷет маблағгузорӣ мегардад.
Суоли матраҳ ин аст, ки оё КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тавони харидори як мошини партовкашонро надорад? Чаро масъулон барои бартараф намудани мушкилот фориғболӣ мекунанд?
“Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2022 №: 76 Мутолиа карданд: 1721