Хабарҳо
МАОРИФ. МАСЪАЛАИ ТАЪСИСИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН МАТРАҲ ШУД
Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ҷамшед Ҷӯразода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таъсиси филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 1993 - 1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати Донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 муҳассил аз Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намуданд. Фаъолияти филиали Донишгоҳ дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиё соли 1998 қатъ гардид.
Айни ҳол, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст.
Дар рафти ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ризоияти худро ҷиҳати таъсиси филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд. Интизор меравад, ки хулосаи ниҳоӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол гардад.
Бояд гуфт, ки таъсиси филиали Донишгоҳ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти мамлакат ва фаъолияти Донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо шаванд. Таъсис ва пешбурди фаъолияти Донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад.
Бахтовар САФАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4238