Хабарҳо
ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Дар ноҳияи Лахш бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ тайи се моҳи соли равон 3 иншооти хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуд. Ду бунгоҳи тиббӣ - яке дар Ҷамоати деҳоти Пилдон, дигаре дар Ҷамоати деҳоти Хуррамшаҳр ва маркази саломатӣ дар Пилдони Мина аз аввали соли ҷорӣ дарҳои худро ба рӯи мардум боз намуданд.
Зимни кушодашавии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Боғзор Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар дар ҷодаи хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат буда, талошу кӯшиши роҳбарият ба иҷрои босифати он равона шудааст. То имрӯз дар ноҳия дар ин бахш як қатор корҳои муҳиму назаррас анҷом ёфтанд, ки ифтитоҳи иншооти дорои таҷҳизоти муосир аз ин зумра аст.
Ба иттилои Абдурашид Саидов, роҳбари Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар ноҳияи Рашт, бунёди иншооти тандурустӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист” дар минтақаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ сурат гирифта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, бунгоҳи тиббии деҳаи Ҷаниҷери ноҳияро Хадамоти Оғо Хон бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин намуд. То моҳи июни соли ҷорӣ маркази саломатии деҳаи Янгишаҳр низ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре Анвар Маҳмудов, сардори муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, изҳор дошт, давоми солҳои охир вазъи бунгоҳҳои тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ба хотири таъмини эҳтиёҷоти деҳоти ноҳия ба хизматрасонии босифати тиббӣ шарикони ҳамкор, ба мисли Хадамоти Оғо Хон доир ба тандурустӣ дар Тоҷикистон, барои соҳаи тандурустии ноҳия лоиҳаҳои навро роҳандозӣ намуда истодааст.
-Мо бовар дорем, ки бунгоҳҳои боқимонда, ки таъмирталаб ва қисме бидуни бинои алоҳида фаъолият мекунанд, соҳиби бинову таҷҳизоти нав хоҳанд шуд, - гуфт ӯ.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5622