Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Р.Т. Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати хориҷии Маҷористон Петер Сиярто гуфт, ки кишвараш аз таҳримҳои ҷоринамуда бар зидди Россия барои интиқоли нафту газ пуштибонӣ намекунад.
CentralAsia (CA). Хабаргузории Tolonews бо такя ба пулиси маҳаллӣ иттилоъ медиҳад, ки бар асари таркишҳо дар мактабҳои ғарби Кобул 6 нафар кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд.
CentralAsia (KZ). Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо иттиҳоми ҷосусӣ, хиёнат ба давлат, ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва ифшои сирри давлатӣ як гурӯҳ, аз ҷумла як шаҳрванди давлати хориҷиро, боздошт намудааст.
Синхуа. Тадбирҳои маҳдудкунанда дар пасманзари авҷи ахири пандемияи COVID-19 аз рӯзи сешанбе дар Сиан, маркази маъмурии музофоти Шэнси дар шимолу ғарби Чин лағв карда шуданд.
Росбалт. Ҳукуматдорони Африқои Ҷанубӣ қарор доданд, ки бинобар обхезӣ дар мамлакат, офати табиии умумимиллӣ эълон карда шавад. Дар ин бора Президент Сирил Рамафоса изҳор дошт, - хабар медиҳад шабакаи телевизионии eNCA. Дар кишвар, аллакай, 443 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 60 кас бедарак гаштааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5682