logo

Хабарҳо

Пашинян Путинро барои боздид аз Ереван даъват кард

Мир24. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян аз Президенти Россия Владимир Путин даъват кард, ки дар нимаи дуюми сол дар чаҳорчӯбаи нишасти Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ба Ереван сафар намояд. Даъват қабул шуд, - гуфта мешавад дар изҳороти якҷояи роҳбарон ҳангоми гуфтушуниде, ки дар Ново-Огарёво барпо гардид. 
Ин мулоқот ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни кишварҳо рост омад. Ҷонибҳо ҳам ҷанбаҳои иқтисодии ҳамкорӣ ва ҳам масъалаҳои амниятӣ дар Қафқози Ҷанубиро баррасӣ намуданд. 
"Мо дар солҳои қаблӣ дар заминаи муносибатҳои ҳуқуқии худ 200 санад имзо кардем. Қариб дар ҳамаи соҳаҳо имкониятҳои хуб мавҷуданд. Иқтисодиёт яке аз пешқадамтарини онҳо маҳсуб мегардад",- гуфт Владимир Путин.
“Ба касе пӯшида нест, ки Россия дар таъмини субот ва амният дар минтақаи мо нақши калидӣ дорад ва ман бори дигар бояд нақши истисноии Шуморо дар оташбас ва амалиёти ҷангӣ дар Кӯҳистони Қариябоғ дар соли 2020 зикр созам”, - гуфт Сарвазири Арманистон.
 
 
Ишораи Чин ба оқибатҳои манфии боздоштани захираҳои давлатӣ
Известия. Намояндаи доимии Чин дар СММ Чжан Сзюн дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ изҳор дошт, ки боздоштани захираҳои давлатҳо ба суботи иқтисодӣ таҳдид мекунад, ин тадбирҳо бояд қатъ шаванд.   
"Маҳдуд намудани худсаронаи захираҳои асъор низ боиси поймол шудани соҳибихтиёрии давлатҳо мегардад. Ин амалия пояҳои суботи иқтисодии ҷаҳонро вайрон карда, номуайянӣ ва хатарҳоро барои муносибатҳои байналмилалӣ ба вуҷуд меорад. Аз чунин таҷриба бояд ҳарчи зудтар даст кашид", - гуфт Чжан. Илова бар ин, ҳама ҷонибҳои даргири атрофи Украина, ба ақидаи ӯ, бояд ба таври қатъӣ принсипҳои ҳуқуқи башарии байналмилалиро риоя, ба тахлияи амни мардуми осоишта мусоидат кунанд ва ба онҳо ёрии башардӯстона расонанд.
 
 
Ҷонибдории Бразилия аз ширкати Россия дар нишасти G20
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Бразилия Карлос Алберто Франко Франс гуфт, ки Ҳукумати ин кишвар аз ширкати Россия дар нишасти G20 пуштибонӣ мекунад.
«Ман дар ин масъала бо ҳамтои худ, роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Индонезия (кишвари раиси G20) суҳбат намуда, имкон пайдо кардам, ки мавқеи худро возеҳ баён созам. Мо воқеан, мехоҳем, ки Россия тавонад дар нишасти вазирони G20 ва, албатта, дар нишасти роҳбарон моҳи ноябр ширкат кунад», - гуфт вазир. Ба гуфтаи вай, хориҷ шудани Россия барои дарёфти роҳи ҳалли «мушкилоти мубрам, ки ҳоло мо рӯ ба рӯ ҳастем» мусоидат наменамояд. 
 
 
Лукашенко ваъда дод, ки ба вайронкунандагони сулҳу субот ҷавоби сазовор медиҳад
Газета. ру. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар ҷаласа оид ба масъалаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфт, ки ӯ қудрат ва имкони кофӣ  дорад, то ба  ҳар нафаре, ки тасмим мегирад, сулҳу оромии кишварро халалдор созад, ҷавоби сазовор диҳад. 
Роҳбари Беларус афзуд, ки дар сурати мавҷуд набудани ҳамбастагӣ метавонад вазъияти дигаре ба миён ояд. Сарвари давлат ба унвони мисол амалиёти ҷангӣ дар Украинаро мисол  оварда, афзуд, ки рух додани чунин ҳолатро дар қаламрави Беларус намехоҳад. Ӯ таъкид кард, ки кори блоки интизомиро дар як қатор бахшҳо нокифоя медонад. «Беҳуда нест, ки ман шуморо бори аввал дар чунин вохӯрӣ ҷамъ кардам. Пас аз ин дидор талабот сахт мешавад. Мо нақши додситонӣ ва тамоми сохторҳои дигарро пурзӯр хоҳем кард, ба мо кори муназзам ва андешамандонаи ҳаррӯза лозим аст», - гуфт Президент.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5656
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед