logo

Хабарҳо

Тасдиқи ду барномаи рушд дар шаҳри Душанбе

Тасдиқи ду барномаи рушд дар шаҳри ДушанбеБо ду қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026” тасдиқ гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод. 
Барномаҳо бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, инфрасохтори соҳа, рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, ташаккули шахсияти солим, ҳифзи саломатии сокинон ва таъмини иштироки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқ ва оммавигардии варзиш роҳандозӣ гаштаанд.
 
 
Ифтитоҳи бинои Институти астрофизика
Бахшида ба Рӯзи илм бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ бинои маъмурии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ифтитоҳ гардид. 
Бино бо тарҳи муосир аз ҷониби ширкати ватании «Авесто-гурӯҳ» сохта шуда, аз чор ошёна иборат аст. Ошёнаи якум аз осорхона, хобгоҳи олимони ҷавон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кориро  дар бар мегирад. Дар ошёнаи сеюм маъмурияти Институт фаъолият мебарад, ошёнаи чорумро толори маҷлис ва синфхонаҳои тадрисӣ фаро гирифтаанд.
 
 
Густариши ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Осама Маккави мулоқот намуд. Ҳадаф аз он ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва амалисозии барномаҳои муштарак мебошад, - хабар дод Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Маликшо Неъматзода оид ба масъалаҳои рушди меҳнати арзанда ба воситаи пешбарии муколамаи иҷтимоӣ бо корфармоён, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва солимгардонии онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии меҳнатии кормандон, ташкили чорабиниҳои солимгардонии кӯдакону наврасон дар таътили тобистона, расондани ёрии ҳуқуқӣ ва кумакҳои амалӣ дар масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, ки ба ваколатҳои Иттифоқҳои касаба мансубанд, маълумот дод.
Осама Маккави қаноатмандии намояндагиро аз ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардондани барномаҳо баён дошт.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод бо Туркия
Зимни вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо президенти Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва Биржаҳои молии Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоглу ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андоз, ҷорӣ гаштани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия  ва афзоиши шумораи хатсайрҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. 
 
 
Форуми сармоягузорони Тоҷикистон ва Россия доир мегардад
28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузорони  Тоҷикистон  ва  Россия баргузор мешавад. Дар ин бора сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни  мулоқот бо  раиси палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербург Владимир Катенев изҳор намуд.
Ба иттилои сафорат, дар ин суҳбат масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург баррасӣ гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед