иқтисод
КӮЛОБ. ҲАНӮЗ ҲАМ ХАТАРИ СЕЛ ЭҲТИМОЛ ДОРАД!
Бо фарорасии фасли баҳор, ки боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд мегардад, садҳо сокинони деҳаҳои назди Шураксой, Девонасой ва Тебалай серташвиш мешаванд. Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 бар асари боришоти зиёд ва омадани сел дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Кӯлоб 145 хонаи истиқоматӣ, аз ин 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ диданд. Инчунин, 10 пул, 4 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқу сутунпоя, 7 истгоҳи барқӣ, 13 километр хати каналҳои обёрӣ, 5 агрегати барқӣ ва 128 сар чорво зарар дида буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб 15 июни соли 2021 аз маҳаллаҳои аз офати табии зарардида дидан намуда, ба масъулон дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари харобгашта пурра барқарор карда шавад.
Хотиррасон бояд кард, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой 6700 метр ва Тебалай 18700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва қисмати болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ шуда, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои болозикр ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя шуда, манбаъҳои селро ба вуҷуд меорад. Оқибатҳои сели солҳои охир далели онанд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби замон имрӯз корҳои соҳилбандӣ ба ҳисоб мераванд. Махсусан, дар сойи Тебалай, Шӯраксой, Девонасой ва дарёи Ёхсу ин масъала хеле шиддатноктар аст. Аз ин рӯ, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят дар масъалаи соҳилбандӣ дар ин мавзеъҳои ҳаётан хатарнок диққати ҳамарӯза дода мешавад. Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳакаш КВД «Тоҷикгидроводхоз» иҷрои корҳои сохтмониро дар ҳар се сойи номбаршуда ба маблағи 62 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Дар соли 2021 – ум 22 миллиону 450 ҳазор сомонӣ бо ин мақсад ҷудо гардид. То 31 декабри соли 2021 корҳои иҷрошуда дар ин мавзеъҳои ҳаётан муҳим зиёда аз 5 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, дар сойи Тебалай 160 метр, Шӯраксой 190 метр ва дар Девонасой – 1120 метр корҳои оҳану бетонии соҳилбандӣ иҷро карда шудааст. Дар Девонасой – 2 бошад 80 метр чунин корҳо анҷом пазируфт. Айни ҳол дар маҳали якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шӯраксой ба дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад. Метавон гуфт, ки сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи мавзеъҳои корӣ хуб буда, зери назорати ҷиддии масъулони соҳа қарор дорад. Бо дастури роҳбарияти олии мамлакат дар қитъаҳои кандашуда, роҳи даромад ба маркази шаҳри Кӯлоб ва мустаҳкам намудани соҳили Шӯраксой ва Девонасой дар ин мавзеъ дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда аз ҷониби лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи – Хумб, қитъаи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, 1000 метри мукааб корҳои бетонӣ ба анҷом расонда шуда, 180 метр лӯлаи оби нӯшокӣ ва 80 метр лӯлаи канализатсия бо лӯлаи қутраш 500 мм иваз карда шудааст.
Соли сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои худӣ, корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар сойи Даҳана, дарёи Ёхсу мавзеъҳои Чорчашма ва Ментут ва дарёчаи Кӯлоб ба маблағи 328 ҳазору 730 сомонӣ корҳои соҳилбандӣ ба субут расидаанд. Имрӯзҳо корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозӣ дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида, бо суръати баланд идома доранд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.2022 №: 77 Мутолиа карданд: 1217