logo

Хабарҳо

А М И Т. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури  Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар, бахшида ба Рӯзи илм ҷаласаи тантанавӣ доир шуд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, илму маорифро аз соҳаҳое арзёбӣ намуд, ки дар  меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд ва имконият  фароҳам меоранд то  дар низоми илми кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ рӯйи кор омада,  мақоми илму маърифат дар  ҷомеа боз ҳам боло равад.  Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки дар Академияи миллии илмҳо беш аз 2000 корманд ва 1500  ҷавони унвонҷӯ дар самтҳои афзалиятноки илм корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, - гуфт  Фарҳод Раҳимӣ.
Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи илм баёнгари он аст, ки  фазои маърифативу  маънавии кишвари соҳибтамаддуни мо  дар ҳазорсолаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад.
Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки натиҷаҳои илмии  замони истиқлоли олимони тоҷик  гувоҳи устувор гардидани мавқеи илм дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар  мебошад. Ин муддат дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, ҷомеашиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омада,  таҳия ва чопи китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»  ва сеҷилдаи  «Таърихи фалсафаи тоҷик  аз замонҳои қадим то имрӯз», «Этногенез ва таърихи этникии тоҷикон», фарҳангҳои гуногуни тафсириву дузабона, донишномаҳо, баррасии таърихи ҳуқуқ ва давлатдории тоҷикон, ки солҳои охир анҷом ёфтанд, барои рушди ҷомеа, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллии мардуми кишвар судманданд. 
Ихтироъкориву навоварӣ ва тақвият бахшидани робитаи илму  истеҳсолот аз ҷумлаи мавзуъҳои дигаре буданд, ки дар ҳамоиш баррасӣ гардиданд. Доир ба ин масъала таъкид шуд, ки ихтироъкориву навоварӣ бояд ҳамеша дар маркази диққати роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои АМИТ ва  академияҳои соҳавӣ қарор бигиранд.
Ҷалби ҷавонон ба илм ва тарбияи кадрҳои  илмӣ низ аз мадди назари аҳли нишаст дур намонд. «Мо бояд олимони насли даврони истиқлолро омода карда, дар ташаккули тафаккур  ва  ҷаҳонбинии онҳо ёрӣ расонем», - афзуд Матлубахон Сатториён.
Чанде аз олимон барои саҳми назаррас дар рушди илм ва дастовардҳои илмӣ бо ҷоизаҳои АМИТ ва  нишони Аълочии маориф ва илм қадр гардиданд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед