logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. БАҚИЯИ ҚАРЗ - ЗИЁДА АЗ 50 МИЛЛИОН СОМОНӢ

 
Дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз фаъолияти семоҳаи соҳа натиҷагирӣ карда шуд. Дар ҷаласа муовини вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло Иззатулло ва сардорони раёсатҳои молияи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.   
Ҷаласаро Иззатуллозода Ҳабибулло оғоз бахшида, оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи аввали соли 2022 маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи контингенти умумӣ ба андозаи 102% ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ ба андозаи 102% таъмин шуда, ба буҷет 398,3 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7,8 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9 млн сомонӣ зиёд аст. 
Ба гуфтаи Иззатуллозода Ҳабибулло, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ бақияпулии қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо назардошти қарзҳои қаблӣ 50,5 млн сомониро ташкил медиҳад. 
Дар ин давра, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 519,5 млн сомонӣ равона  шудааст, ки 91 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ки аз ин 89,1 дарсад маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт  рост меоянд.   
 Зикр шуд, ки давоми се моҳи аввали соли 2022 шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии сарраёсати молияи вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молияи  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 112 ташкилоту муассисаҳои  буҷетӣ оид ба истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронданд. 
Дар натиҷа, ба маблағи 2,9 млн сомонӣ камбудиҳо ошкор гардидаанд, ки аз ин 2,4 млн сомонии онро зарари молиявӣ ташкил медиҳад.  Аз маблағи ошкоркардашуда 2,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 1,4 млн сомонӣ ба буҷет ва 926,0 ҳазор сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо, барқарор карда шудааст.
Дар ҷаласа, инчунин, муовини вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва баъзе масъулони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ намуда,  дастоварду камбудиҳо ва паҳлуҳои гуногуни соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 
  
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед