Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
RT. “Ягона таҳрими Иттиҳоди Аврупо, ки ман бо он розӣ нестам, манъи интиқоли газ ва нафт аз Россия аст. Ин чора ба Россия таъсир намерасонад, балки ба мардуми Фаронса зарар хоҳад овард”, - гуфт Ле Пен зимни мубоҳисаи телевизионӣ бо Президенти феълии Фаронса Эммануэл Макрон.
Мир 24. Россия ва Қазоқистон иртиботи роҳи оҳанро, ки бар асари пандемияи коронавирус ду сол қатъ гашта буд, барқарор мекунанд.
INTERFAX.RU. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз президентҳои Россия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский дархост намуд, ки ӯро мутаносибан дар Маскав ва Киев қабул кунанд, - гуфт намояндаи Дабири кулли СММ Стефан Дюжжарик.
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин иброз дошт, ки барои кишварҳои бузург намунаи эҳтиром гузоштан ба принсипҳои баробарӣ, ҳамкорӣ, некбинӣ ва волоияти қонун ва мувофиқи мақоми қудрати худ амал кардан муҳим аст.
АИР «Новости». Теъдоди қурбониёни тӯфони тропикии «Агатон», ки рӯзҳои 10-12 апрел дар Филиппин рух дод, ба 224 нафар расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5389