Хабарҳо
Изҳороти Си Ҷинпин
ТАСС. Роҳбарияти Чин таҳримҳои яктарафаро намепазирад ва ният надорад дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ба стандартҳои дугона пайравӣ кунад.
Вай дар паёми видеоӣ зимни маросими ифтитоҳи бахши калидии Форуми осиёии Боао дар музофоти Ҳайнан дар ҷануби Чин гуфт: "Мо зидди таҳримҳои якҷониба ҳастем ва нияти пеш бурдани сиёсатеро надорем, ки ба ташкили блокҳо ва шиддат гирифтани муқовимат нигаронда шуда бошад. Чин ҳама гуна талошҳоеро, ки ба ҳалли вазъияти буҳронӣ равона гаштааст, дастгирӣ менамояд ва ба стандартҳои дугона пайравӣ нахоҳад кард".
Нишасти намояндагони кишварҳои узви СҲШ дар пойтахти Ӯзбекистон
SNG Today. 20 апрел дар Тошканд ҷаласаи навбатии сарварони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба салоҳияти он масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шомил аст, ифтитоҳ ёфт, - хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».
Зимни гузориш роҳбари Маркази миллии иттилоотӣ-таҳлилии назорати маводи мухаддир Олим Нарзуллоев дар бораи афзоиши талошҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон бо истифода аз системаи нақлиёти ин кишвар иттилоъ дод. Соли гузашта ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир нисбат ба соли 2020-ум 18,4% зиёд сабт ва маводи мухаддир дар муқоиса ба соли 2020-ум 20,9% бештар мусодира шудааст. “Соли 2021 нисбат ба соли 2020 аз муомилоти ғайриқонунӣ 3,6 баробар зиёд – 102,96 кило ҳероин ва 2,7 маротиба бештар афюни истеҳсоли Афғонистон– 342,7 кило мусодира шудааст; миқдори маводи мухаддири синтетикии мусодирашуда 5,8 маротиба – 8973,3 грамм ва мусодираи амфетамин, мефедрон ва LSD18 маротиба – 8115,2 грамм зиёд гардидааст”, - гуфт Нарзуллоев зимни суханронӣ.
ХФБ гурӯҳи муташаккилеро, ки муҳоҷиронро ба сафи террористон ҷалб мекард, барҳам дод
Москва 24. Дар вилояти Свердловск як ячейкаи тавтиаи "Ҳизб-ут-таҳрир" (мамнуъ дар ФР), ки сокинони Россияро ба сафи террористон ҷалб мекард, шикаст хӯрд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии бехатарӣ, ячейкаи соз-мони террористӣ аз панҷ шаҳрванди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иборат буд. Онҳо бо дастури созмони байналмилалии террористӣ дар Россия идеологияи террористиро паҳн намуда, дар ҷаласаҳои пинҳонӣ мусулмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро ба сафи худ ҷалб мекарданд. Зимни кофтуков аз ҷойи зисти боздоштшудагон маводи таблиғотии мамнуъ ва васоити электронӣ дарёфт гардиданд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Тоҷикистон. Дар моҳи Рамазон кумак ба ниёзмандон бештар мегардад
Мир24. Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон шаҳрвандон ба ниёзмандон маҳсулоти ниёзи аввал ва пул тақсим карда, ҳамчунин, дастархони идона ороста, онҳоро ғизои ройгон медиҳанд. Шаҳрвандон чунин меҳисобанд, ки дар ин давра ҳарчи бештар кори хайр кардан савоби зиёд дорад.
Дар Душанбе волонтёрон дар бораи ҷамъоварии маблағ барои ниёзмандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
“Гурӯҳи мо дар замони пандемия таъсис ёфта буд. Дар ин лаҳза маъюбон, ятимон, бевазанон чизҳои заруратдоштаи худро ба мо пешниҳод менамоянд. Ва аз рӯйи ҳамин рӯйхат занг зада, ҳоҷати онҳоро бароварда мегардонем”, - мегӯяд фаъолзан Райҳона Раҳимова.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5018