logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОДБАХШ ГУЗАШТ

 
Ҷиҳати дар маҳал ҳал кардани мушкилоту масъалаҳои сокинони Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор кард.
Сокинони ноҳия Амриддин Абдуллоев, Лутфия Муҳаммадиева, Абдулҳаким Ҳайдаров, Аниса Ризвонова, Идигул Бобоева, Ниёзмаҳмад Одинаев, Оламӣ Мирзоева, Султон Гадоев, Карим Ғуломов доир ба масъалаҳои кумаки моддию молиявӣ, бунёди биноҳои таълимӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, роҳсозӣ дар маҳал, таъминоти оби нӯшокӣ, харидории трансформатор, мусоидат дар поккории заҳбуру заҳкашҳо дархост карданд.
Раиси вилоят ҷиҳати омӯзиш ва ҳаллу фасли муроҷиатҳо ба масъулони дахлдор дастур дода, арзу хоҳиши дигар сокинонро ҳам шунид.
Дар идомаи ин сафари худ Қурбон Ҳакимзода барои ҳолпурсии волидони Суннатулло Маҳмадов  рафт.
Шодравон Маҳмадов Суннатулло Маҳмадзарифович зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар дидбонгоҳи Хоҷаи Аълои отряди исфарагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, 10 марти соли 2022 қаҳрамонона ҳалок мегардад.   
Маҳмадзариф - падари Суннатулло гуфт, ки писараш 8 январи соли 2001 дар деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Марҳум Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-юмро хатм намуда, соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст. 
Раиси вилоят ба волидони Суннатулло тассалият баён карда, зикр намуд, ки корномаи ӯ барои ҳазорон ҷавонони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист. 
- Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунанд, - идома дод раиси вилоят.
Ба ин хонавода кумаки пуливу молӣ расонда шуд. Раиси вилоят, ҳамчунин, ваъда дод, ки дар ба итмом расондани манзили нимсохти ин оила дасти ёрӣ дароз менамояд.
Инчунин, таъкид шуд, ки бо мақсади қадрдонӣ ва пос доштани хотираи неки муҳофизи шуҷои Ватан, бо пешниҳоди коллективи меҳнатии омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таълимгоҳи мазкур ба номи Суннатулло Маҳмадов гузошта шавад.
Айни замон, тибқи тартиби муқарраргардида, ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ба номи  Маҳмадов Суннатулло гузоштани номи Муассисаи таълимӣ омода гардида, ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод карда мешавад.
Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз бинои навсохти тарабхонаи "Марҳабо" боздид намуд. Иншооти мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба чароғон ва ободу зебо гардондани саҳни бино, шинондани гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3656
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед