logo

порлумон

ОБЁРӢ. ТАСВИБИ СОЗИШНОМАЕ, КИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИРО МЕАФЗОЯД

Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахшро, ки 31 декбри соли 2021 ба имзо расида буд, пазируфтанд.
 
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, ки барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои Бонки осиёии рушд 30 миллион доллари ИМА маблағи грантӣ ҷалб мешавад. Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,2 миллион доллар ҳамчун имтиёзҳои андозӣ ва дигар хароҷотҳои натуралист. 
Ҳадафи асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, баланд бардоштани устуворӣ, тағйирёбии иқлим, самарабахшии захираҳои об ва даромади хоҷагидорон дар қитъаҳои интихобшудаи ноҳияи Ёвон, ки дар ҳавзаи поёноби дарёи Вахш ҷойгиранд, иборат аст. 
Дар доираи лоиҳа навкунии тамоми инфрасохтори обёрӣ, заҳбурӣ, ки ба тағйирёбии  иқлим, офатҳои табиӣ устувор, аз ҷумла навкунӣ ҳолатҳои зилзилабардории каналҳои асосӣ ва иншооти ба он алоқаманд, таъмини дастгоҳҳои аз ҷиҳати энергетикӣ самараноки обкашӣ, паст кардани оқибатҳои зангзагӣ, устуворнамоию барқарорсозии сойҳои калон, навкунии шабакаҳои заҳбуру низоми обёрӣ, ҷорӣ намудани агрегатҳои насосии таҷдидшуда ва каммасраф барои майдони 3050 гектар ба нақша гирифта шудааст.
Гузашта аз ин, иқтидори идоракунӣ ва амалиётҳои системаҳои навкардашудаи  обёрӣ ва заҳбурӣ ба тағйирёбии иқлим мутобиқ карда шуда, пурзӯр мегарданд. 
Тибқи лоиҳа, барои иҷрои кор ва хариди таҷҳизотҳо 22 миллион доллар, барои хизматрасонии машваратӣ 3,8 миллион, барои идоракунии лоиҳа 0,8 миллион, инчунин, маблағҳои тақсимнашудаи захиравӣ 3 миллион доллар пешбинӣ гаштааст.
Татбиқи Лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш барои беҳтарсозии сатҳи иҷтимоии мардум, рушди иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави кории иловагӣ, барқарорсозии инфрасохтори ирригатсионӣ ва расидан ба ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.   
Дар асоси нақша, татбиқи лоиҳа аз соли ҷорӣ оғоз шуда, анҷоми он моҳи июни соли 2027 дар назар аст. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 3744
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед