Хабарҳо
Пешгирии коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросим ва истифодаи оқилонаи замин. Муҳимтарин масъалаҳои ҷаласаи Маҷлиси намояндагон
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баррасӣ гашт ва қарори дахлдор қабул шуд.
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки мақсад аз ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни мазкур татбиқи муроҷиат, раҳнамоӣ ва нишондодҳои Президенти кишвар дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, аз 17 апрели соли 2020, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти раисони шаҳру ноҳия ва вилоят барои риояи қонунгузории кишвар, махсусан дар самти пешгирии коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷумҳурӣ ва истифодаи оқилонаи замин мебошад.
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо директори иҷроияи RОТОBО
Дар Токио вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо директори иҷроияи Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) Казухико Акашӣ баргузор гашт.
Аз рӯйи хабари вазорат, онҳо оид ба сатҳи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои соҳибкорон, семинарҳо ҷиҳати амалисозии баъдии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат оростанд.
Ассотсиатсияи Япония оид ба тиҷорат бо Россия ва кишварҳои нави мустақил NIS ташкилоти нодири савдои Япония мебошад, ки дорои 200 ширкати узв, аз ҷумла ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо ва истеҳсолкунандагон аст.
Парвозҳои мунтазам ба кишварҳои дуру наздик афзоиш меёбанд
Агентии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки бо назардошти беҳ гардидани вазъи эпидемиологии ҷаҳон ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави бемории COVID-19 дар Тоҷикистон, қарор шуд, ки парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе - Деҳлӣ - Душанбе, Душанбе - Нурсултон - Душанбе ва Душанбе - Теҳрон - Душанбе бо зичии 2 парвоз дар як ҳафта аз ҳар ҷониб барқарор шаванд.
Инчунин, бо мақсади рафтуомади бофароғати шаҳрвандон ва поён бурдани арзиши чипта, тибқи қарори ситод парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе - Алмаато - Душанбе, Душанбе - Дубай - Душанбе, Душанбе - Истанбул - Душанбе, Душанбе - Тошканд - Душанбе ва байни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия зиёд мешаванд.
Вохӯрӣ бо директори корхонаи муштараки «Зарафшон»
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори корхонаи муштараки “Зарафшон” Жан Яоминро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо доир ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои уҳдадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави корӣ суҳбат карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди соҳаи саноат ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардидааст.
Жан Яомин иттилоъ дод, ки дар муассиса наздики 3000 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буда, дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ фаъолият дорад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти замонавӣ ворид мегардад ва корхона то охири соли 2023 ба истифода омода мешавад.
Иҷрои 50 дарсади нақша дар 20 рӯз
Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 20 рӯз сипарӣ гардида, ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома дорад. Дар ин муддат, иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 50 дарсадро ташкил медиҳад, - хабар дод Вазорати мудофиа.
Тавре қаблан хабар додем, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват нақшаро барзиёд иҷро намуданд. Чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ин чорабинӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, иҷрои уҳдадорӣ ба беш аз 60 фоиз баробар гаштааст.
Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздик ба 60, вилояти Хатлон зиёда аз 50 ва дар вилояти Суғд наздик ба 40 фоизро ташкил медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5573