logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО МАВОДИ МУХАДДИР

Дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон нишасти дувоздаҳуми роҳбарони ниҳодҳои салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд. Дар он намояндагони идораву агентиҳои марбутаи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Чин иштирок карданд.
Гуфта шуд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, паҳну пахши он, воситаҳои синтетикӣ, моддаҳои психотропӣ ба амнияти минтақавӣ ва суботи он таҳдиди ҷиддӣ ба бор меорад.
- Бад шудани авзоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва афзоиши маводи мухаддир боиси он шудааст, ки ин мавзуъ хеле муҳим ва ҳаллаш ногузир боқӣ монад. Барои ҳамин Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун созмони бонуфуз ва таъсиргузор бояд дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии он нақши муҳим бозад. Инчунин, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти неруҳои зидди маводи мухаддири кишварҳои узви он, талошҳои муборизаи дастаҷамъона алайҳи онро беш аз пеш таҳким бахшанд, - гуфт мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррори СҲШ Руслан Мирзоев.
Вай афзуд, ки назорати маводи мухаддир ва ҳамаи чорабиниҳо ҷиҳати бартараф намудани паҳни он дар шакли СҲШ дар чаҳорчӯбаи Созишномаи байнидавлатии кишварҳои узви СҲШ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо сурат мегирад, ки 17 июни соли 2004 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст.
- Тоҷикистон нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба афзоиши маводи мухаддир ва таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба амнияту субот  хеле хуб дарк мекунад. Зеро аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ кишвари мо дар сафи пеши масири интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба соири кишварҳои ИДМ ва аз тариқи он ба мамолики дигар воқеъ гаштааст. Дар муддати қариб се даҳсолаи охир Тоҷикистон тамоми чораҳоро пиёда мекунад, ки аз интиқоли маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он ҷилавгирӣ намояд, - изҳор кард муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода.
Ба таъкиди ӯ, барои Тоҷикистон СҲШ майдоне ба шумор меравад, ки дар фазои он метавон ба таври дастаҷамъӣ алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризми байналмилалӣ беамон мубориза бурд. 
- Мушкилоте, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миён овардааст ва ба суботу амнияти минтақа сахт таъсир мегузорад, муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Инро ҳамаи кишварҳои узви СҲШ низ хеле хуб дарк менамоянд. Фирк мекунам, ки ин нишаст маҳз барои ҳосил шудани натиҷаҳои бештар дар ин росто мусоидат хоҳад кард. Садорати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ барои ҳамкорӣ ва расондани ҳар гуна кумакҳо омода мебошад,-гуфт намояндаи ин созмони минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал.
Ба гуфтаи намояндаи Дафтари назорат бар маводи мухаддири Ҳиндустон Сатя Нараян Прадхан кишвараш мисли давлатҳои дигари узви СҲШ дар масири транзитӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, аз тарафи қочоқбарон Ҳиндустон ба далели доштани роҳҳои баҳрӣ барои интиқоли транзитии маводи мухаддир хеле фаровон истифода мешавад.
- Соли гузашта кормандони ниҳодҳои ин кишвар 7 ҳазору 600 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 4,5 тонна ҳероин мусодира кардаанд. Маълум шуд, ки Афғонистон ҳанӯз ҳамчун манбаи ягонаи истеҳсоли  маводи мухаддир дар минтақа ба шумор меравад, - изҳор кард Нараян Прадхан.
Иштирокчиён дар охир протокол имзо карданд. Гуфта шуд, ки нишасти навбатӣ нимаи аввали соли 2023 дар Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
барои “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2022    №: 78    Мутолиа карданд: 1143
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед