logo

Хабарҳо

“КУҲАНДИЁР”. КИТОБИ ТОЗАНАШР

 
Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии  таъсисёбии ноҳияи Файзобод тавассути чопхонаи “Хирадманд” китоби “Куҳандиёр”. Рисола аз Вашгирди Бостон ва Файзободи Бӯстон” рӯйи чоп омад. Китоб маҷмуи очерку мақолаҳо ва сафарҳои Сарвари давлатро ба ноҳия дар бар мегирад. 
Китоб бо суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия оғоз меёбад: “Мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Файзобод чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои истеҳсолии нав ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд”. 
Китоб дастовардҳои ноҳия ва таърихи беш аз 3000 - солаи Вашгирд, 90 соли таъсисёбии Файзобод ва даврони соҳибистиқлолии кишварро инъикос менамояд. 
Таърихи Вашгирд аз ҳазорсолаҳо ибтидо гирифтааст. Он яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз ҳудуди он мегузашт. Дар асрҳои III - II пеш аз милод то охири асри XVI милодӣ шаҳр обод, дорои қалъаҳои Сангину Фотимаю Зуҳро ва Шаҳристону Работ будааст. Онро Қалъаи Сангин ҳам ном мебурданд. Дар ин ҷо бори аввал соли 1946 бостоншинос Буверинский тадқиқот гузаронда, нигораву асбобҳоро пайдо кард, ки ба асрҳои I – II-и пеш аз милод тааллуқ доранд. Баъдан, Вашгирди бостонӣ соли 1978 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Давлатхоҷа Довудӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Маълум шуд, ки он дар гузашта маркази ориёинажодҳо буда, мардуми шаҳрдору шаҳрсоз, кишоварзу боғдор ва ҳунарманд доштааст.
Сарвари давлат дар яке аз сафарҳояшон ба ноҳия зикр намуда буданд, ки ҳоло ҳам омӯзиши Вашгирд пурра ба анҷом нарасидааст. Дар ҳолати пурра омӯхтан ва таҳтиқот бурдан ба як гӯшаи ҷолиби сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ табдил меёбад.
Номи Вашгирдро муаррихон чунин шарҳ додаанд: “Вис” ё “Виш” ошиқ, «гард» ё «гирдшаҳр» гуфтанист, ки шаҳри ишқ ё ошиқшаҳрро ифода мекунад. Ҳамчунин, дар бораи Вашгирд дар китоби “Авесто” ва “Шоҳномаи”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ зикр шудааст.
Ноҳияи Файзобод бошад, дар даврони шуравӣ, чун воҳиди алоҳида таъсис ёфтаву аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ дар роҳи рушд қадамҳои устувор гузоштааст.
Муаллифони навиштаҳо, аз ҷумла Ҷӯрабек Муъмин, Низомиддин Шамсиён, Мунаввара Тағоева, Тилло Соҳибназаров ва Ҳикматулло Акрамов дар бораи таърихи бунёд, пешрафти он дар соҳаҳои гуногун, гулгулшукуфии ноҳия, дастгирии Пешвои миллат матлабҳои хубу хонданӣ ва таҳлилӣ ба табъ расондаанд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед