Хабарҳо
ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. АҲОЛӢ ПУРРА БО ОБИ НӮШИДАНӢ ТАЪМИН МЕШАВАД
Дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Лоиҳаи “Баланд бардоштани шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” сокинони шаҳри Истиқлол низ имсол аз мушкили норасоии оби ошомиданӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт.
Мутобиқи лоиҳае, ки бо маблағи 8,5 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад, хати оби нӯшоӣ то 7 ҳазору 200 метрро ташкил дода, аз мавзеи Ӯткансой тавассути лӯлаҳои баландфишор ба обанбори Офтобрӯй интиқол дода мешавад. Ҷиҳати босамару муътадил таъмин кардани сокинони шаҳр бо оби ошомиданӣ таҷҳизоти пуриқтидор насб мешавад.
Ба иттилои раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода, бояд корҳои лоиҳавӣ то охири моҳи май анҷом пазируфта, шуруъ аз фасли тобистон аҳолии шаҳр пурра бо оби ошомиданӣ таъмин бояд шаванд.
Қаблан бо татбиқи чунин лоиҳа таъмини бошандагони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон бо оби нӯшокии аз лиҳози сифат ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ҳал шуда, корҳо дар марҳилаи навбатии он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом идома дорад.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7653