Хабарҳо
Таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолин
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳоро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баррасӣ карданд.
Тавре вазорат хабар дод, онҳо инчунин, ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тоҷикистон узви ICCROM шуд
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ” (ICCROM) гардид.
Тавре сомонаи Осорхонаи миллӣ хабар дод, шомил гаштани Тоҷикистон ба ICCROM имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла тармимгарону таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон дар курсҳои он иштирок намуда, таҷрибаи хешро мукаммал гардонанд.
Самти фаъолияти ICCROM, асосан, омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ мебошад. Инчунин, марказ дорои калонтарин китобхонаи электронии осорхонашиносист. Ҳоло 137 кишвар аъзои ICCROM мебошад.
Машваратҳои сиёсии давлатҳои узви СҲШ
Дар шаҳри Москва муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ иштирок намуд.
Дар он оид ба фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар муқовимат бо «се неруи бадӣ» – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар Душанберо зикр кард.
Ба вазъи Афғонистон низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид намуданд.
Филми «Этюд» дар Фестивали байналмилалӣ иштирок мекунад
Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки коргардони он Мумин Латифӣ мебошад, 21-24 апрел дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони шаҳри Слеби Олмон иштирок мекунад, - иттилоъ дод АМИТ «Ховар.
«Этюд» филми нахустини коргардон Мумин Латифӣ - хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.
Филм дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуда, давомнокияш 16 дақиқа аст. Дар жанри драмаи варзиш рӯйи навор омадааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд ёфта, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.
Густариши ҳамкорӣ бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон
Зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов гуфта шуд, ки ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, пӯст, пахта, воридсозии технологияи замонавӣ ва бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монанд.
Таъкид рафт, ки Ташкилоти мазкур дорои беш аз даҳ хадамоти гуногун буда, дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиббу маориф бо вилоят ҳамкории судманд дорад. Ташкилот якҷо бо ниҳодҳои давлатии вилоят ҷиҳати таъмини бархе минтақаҳо бо оби нӯшокӣ ва полизӣ, пешниҳоди қарзҳо, ташкили курсҳои забономӯзӣ саҳм гузошта истодааст. Инчунин, тасмим дорад, ки дар вилоят гармхонаҳои гидропоникӣ бунёд намояд.
Қозидавлат Қоимдодов иттилоъ дод, ки аз ҷониби Ташкилот барномаи миёнамуҳлат барои даҳ сол таҳия мегардад ва вилояти Суғд метавонад номгӯи тарҳҳои муҳими иҷтимоиро барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод созад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7555