logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
Муаммои «Ситора»
1. Нависандаи халқии  Тоҷикистон. 2. Қаҳрамони асари Сотим Улуғзода. 3. Жанри эпикии  адабиёти тоҷик. 4. Муродифи фармон, супориш. 5. Гул, ҳамноми ҷинси зан. 6. Дастаи мукаммали  навозандагон. 7. «Вис ва ***», қаҳрамони асари бадеӣ. 8. Нахустин шеъри Лоиқ Шералӣ. 9. Ҳилаву найранг. 10. Унсури бадеӣ. 11. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12. Нописандӣ, ҳавобаландӣ. 13. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ. 14. *** ибни Аҳмади Сомонӣ, амири Бухоро. 15. Як навъи  санъати  мусиқӣ. 16. Ҷирми осмонӣ. 17. Маҳсули адиб. 18. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 19. Шахси ба дил наздик. 20. Донаи шоҳмот. 21. Достони Низомии Ганҷавӣ. 22. Мунис, ғамхор. 23. Навъи хати арабӣ.   
 
Мураттиб   Фарзона СИДДИҚОВА,
донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «НОБИҒА» АЗ 15 АПРЕЛИ СОЛИ 2022
1.Айнӣ. 2. Инқилоб. 3. «Бухоро». 4. Арк. 5. Кармина. 6. Аминона. 7. Амир. 8. Регистон. 9. Намуна. 10. Ахгар. 11. Роман. 12. Некқадам. 13. «Марги судхӯр». 14. Раҳим. 15. Мактаб. 16. «Бӯстон». 17. Ниҳон. 18. Нашриёт. 19. Театр. 20. Раҳмат. 21. Тӯқсабо. 22. «Одина». 23. «Ахгари инқилоб». 24. Бухоро.  25. Офтоб. 26. Брагинский. 27. Йод. 28. «Дохунда». 29. Анзоб. 30. Бедил. 31. Лоҳутӣ. 32. «Ирфон». 33. Номат. 34. Тоҳир. 35. Раҳим. 36. Муҳаббат. 37. «Тирози ҷаҳон». 38. Нозанино. 39. Об. 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
СОЛИҶОН ШАРИФОВ: «АГАР ОДАМОН ЗАМИНРО АЗ КАЙҲОН МЕДИДАНД, ДАР ОН ҶАНГ НАМЕКАРДАНД»
Кайҳоннаварди тоҷиктабор Солиҷон Шарифов, ки солҳои 2004-2005 Парчами давлатии Тоҷикистонро бо худ ба кайҳон бурд, дар бораи сайёраи Замин чунин ибрози назар намудааст: «Сайёраи мо латифу бениҳоят зебост. Агар ҳама одамон Заминро аз кайҳон медиданд, ба назарам ҳеҷ гоҳ ҷангҳо рух намедоданд. Аз он ҷо сарҳадҳоро наметавон дид, танҳо як қабати тунуки атмосфера аён аст, ки ҳаётро дар рӯи Замин муҳофизат мекунад».  
Солиҷон Шарифов 88-умин нафарест, ки ба кайҳон рафтааст.
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
14. СИЛВЕСТР СТАЛЛОНЕ 
Яке аз маҳбубтарин ҳунармандони Ҳолливуд Силвестр Сталлоне 6 июли соли 1946 ба дунё омадааст. Дар Ню-Йорк, дар оилаи муҳоҷири итолиёвӣ, дар кӯчаи камбағалони нашъаманду қаллобон, ки «ошхонаи дӯзах»-аш мегуфтанд. Бар асари таваллуди вазнин Силвестр ба бемории фалаҷи лабу забон ва як қисми гардан гирифтор мешавад. Бо вуҷуди ин, ситораи ояндаи синамо баробари ҳамсолонаш ба мактаб меравад. Албатта, хуб намехонд. Баръакс, сарсахту дарсгурез, ки буд, як муддат дар мактаби барои кӯдакони душвортарбия ҳам таълим гирифтааст. Вале дар роҳи худсозӣ талошҳои шабонарӯзии хастанопазир доштааст. Барои ҳамин, кӯшишҳои зиёдаш самар меоранду ҳунармандиро пеша мекунад. Вале ҳанӯз ҳам, ки нутқаш лакнат дошт, коргардонҳо нисбаташ камтаваҷҷуҳ буданд. Аз ноилоҷӣ як муддат дар филмҳо барои калонсолон нақш меофарад. Дар баробари ин, барои расидан ба ҳадафи аслие, ки дошт, болои нутқи худ бештар машғул мешавад. Ниҳоят бозидани нақши асосӣ дар филми "Рокки", ки муаллифи сенария худи ӯ буд, ба Силвестр шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Албатта, аз муваффақияти деринтизораш руҳу илҳоми тоза гирифта, барои филми навбатияш бо номи "Рэмбо" сенария менависад ва нақши асосиро боз ҳам худаш меофарад. Бовар нокарданист, вале таърихи синамои Амрико ёд надорад, ки як ҳунарманд якбора дар ду филми фавқулода оламгир нақши асосӣ офарида бошад. 
- Агар ҳар яки шумо гашта, ба зиндагии худ назар афканед, омодаам баҳс кунам, ки аз 80 дарсади амалҳои худ пушаймон мешавед. Вале бояд иқрор шавем, ки зиндагӣ ин худаш иборат аз хатоҳои мост, - мегӯяд ҳунарманд. 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
КИТОБХОНАИ «ПАРТОВӢ»
Дар пойтахти Туркия китобхонаи «партовӣ» бо теъдоди 5000 китоб пайдо шуд. Бештари саҳмгузорони он партовғундорони туркӣ мебошанд ва бояд гуфт, ки бидуни онҳо шояд ин китобхона вуҷуд намедошт.
Китобҳои ин ҷо ғайриодӣ «наҷот» ёфтаанд. Онҳо дар партовгоҳи гузаргоҳи ҷанубии Чанкай, воқеъ  дар ҷануби Анқара партофта шуда буданд. Кормандони шаҳрдорӣ ин «партов»-ҳоро ғундошта, ба коркард набурданд ва баръакс ҳифзашон намуданд. Муътақид ба он буданд, ки китобҳо бояд бизиянд, зеро агар рафту онҳо ба касе лозим набошанд, пас ба дарди дигарон хоҳанд хӯрд ва ба ин хотир, дар таъсиси китобхона ташаббус нишон доданд.
Партовғундорон дар муддати камтар аз 1 сол анқариб 5000 китоб ҷамъоварӣ намуданд, ки дар миёни онҳо, аз ҷумла ба забонҳои фаронсавиву англисӣ низ ҳастанд. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
БОРОН Ё ТУҲФАИ ИЛОҲӢ
Борон, ки ҳаворо аз чангу ғубор пок сохта, боиси сабзидани ҳазорҳо гиёҳу серҳосилии зироатҳо низ мебошад, дар баъзе кишварҳо қариб ба назар намерасад. Аҷиб ин аст, ки дар дунё номи баъзе шаҳрҳо маҳз ба ин хотир, вирди забонҳо шудаанд. Чунончи, шаҳраки қадимии Асуан дар Миср. Ин ҷо ҳамасола тақрибан 0,9 мм боришот ба назар мерасад. Дар шаҳри дигари ин кишвар – Луксори афсонавӣ боронро  туҳфаи ҳақиқии илоҳӣ меҳисобанд, зеро дар ин ҷо соле 0,8 мм боришот мушоҳида мешаваду халос. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
КОРРУПСИЯ ВА ҶАЗОИ САХТИ ПОРАХӮРОН
ТАИЛАНД
Ҳукми абадро ба ҳукми қатл иваз карданд
Соли 2015 Комиссияи миллии мубориза бо коррупсияи Таиланд бар асоси як тағйирот ба қонунгузорӣ ё санади ҳуқуқие, ки аз соли 1999 дар ин кишвар амал мекунад, меъёри ҷазо барои содир намудани кирдорҳои коррупсиониро сангинтар намуд. Бар асоси ин тағйирот нисбат ба мансабдороне, ки бо истифода аз мақоми худ ба ришваситонии махсусан калон айбдор мешаванд, ҳукми қатл содир мегардад. Қаблан, барои чунин категорияи ҷиноят дар Таиланд аз 10 то 20 соли зиндон ё ҳукми   абад таҳдид мекард. 
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ҲУКМИ БАДТАР АЗ ЗИНДОН
Лоуренс Риппии 71 - сола  пас аз 52 соли издивоҷ тасмим гирифт, ки  зиндонӣ шавад, то бо ин роҳ аз занаш дур бошад. Пас, ба бонк рафт ва баробари даромадан ба хазинадор коғазе дод, ки дар он навишта буд:
«Ба ман пулҳои бонкро деҳ, силоҳ дорам, маро маҷбур накун, ки мардумро бикушам».
Корманди бонк ба ӯ 29940 доллар дод.
Лоуренс пулро гирифт  ва то омадани полис бо одамон дар утоқи интизорӣ нишаст. Воқеан, полис омад ва ӯро барои «ғорати мусаллаҳона» дастгир кард. 
Вақте ба додгоҳ рафт, додрас ҳолатҳои сабуккунанда, яъне бемуқовимат таслим шудан, ҳамчунин, надоштани силоҳ бо худро ба инобат  гирифта, чунин ҳукм баровард:
Лоуренс дар хона зиндонӣ ва назорати маҳбус ба ихтиёри занаш вогузор карда шавад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ДУРӮҒИ ҚОЗӢ
Савдогаре, ки Талҳакро моли зиёд ба қарз дода буд, дари хонаашро тақ-тақ мезанад:
- Ман дар хона нестам, - мегӯяд Талҳак.
- Шумо дурӯғ мегӯед аълоҳазрат, ман овозатонро шинохтам.
- Аҷоиб одам будаед. Дирӯз вақте ғуломам гуфт, ки дар хона нестам бовар карда рафтед, имрӯз ба сухани ман, ки қозии маҳаллаам шак меоред. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
“ҲАДАФИ МО ОСОН ФАРҚ ШУДАНИ ЛОГОТИПИ 
СЕБ АЗ ГЕЛОС БУД...”
Соли 2018 ширкати Apple  849450 iPhone - ро дар як рӯз фурӯхт ва дар соли 2020-ум бошад, он дар тамоми ҷаҳон 140 ҳазор коргарро ба кор қабул кард. Дар чоряки дақиқаи аввали соли 2021 Apple 691234, 57 доллар кор кард. Аввалин логотипи ширкати  Apple, ки аз ҷониби сеюмин муассиси ин бренд Роналд Уейн рассомӣ шуда буд, акси Исаак Нютон зери дарахти себ буд. Баъди он, ки Уэйн ширкатро тарк кард, логотипро ба себи газида иваз карда, сабаби логотипи себи акнун газидаро тарроҳ Роб Янофф чунин шарҳ дод: “Ҳадафи мо осон фарқ шудани логотипи себ аз гелос буд”. Ширкатҳои бузург ва брендҳои қиматтарини ҷаҳон ин Apple, Google,  Microsoft  ва Amazon  мебошанд, ки ба қарибӣ Apple рекорди ҳар сеи  онҳоро зад. 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
8. ЭРГ ШЕББИ  ДАР МАРОКАШ
Эрг Шебби дар саҳрои Марокаш ҷойгир аст. Ин  манзараи ҳайратангези кӯлҳост, ки шуморо ба дунёи дигар мебарад. Онҳо ба масофаи 22 километр тул кашида, баландиашон  ба 150 метр мерасад. Ақидае мавҷуд аст, ки регҳо дарди  ҷисмониро шифо мебахшанд. Аз ин рӯ, марокашиҳо ҳамасола ба ин мавзеъ меоянд, то ки бадани худро дар  регзор табобат намоянд.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШ
ҲАВОБАЛАНДӢ
ҒУРУРЕ, КИ ТАЙСОНРО НОКОМ КАРД
11 феврали соли 1990 Майк Тайсон барои дифои унвони қаҳрамонии ҷаҳон бо Ҷеймс Дуглас ба ринг баромад. Пеш аз набард коршиносон ва рӯзноманигорон Майкро ғолиб меҳисобиданд. Аз ин рӯ, ҳатто, ҷолибият дар қувваозмоӣ «мурда» буд.
Тайсони «оҳанин» ба ғалабаи худ он қадар бовар дошт, ки барои омодагӣ ба мусобиқа машқ намекард ва набардҳои намоишӣ мегузаронд. Алорағми ин, рақибаш мушкилоти равонӣ дошт: се ҳафта пеш модараш даргузашт ва занаш бо бемории вазнини гурда дар беморхона бистарӣ буд.  
Зӯрозмоӣ оғоз шуд. Тавре интизор мерафт, Тайсон нисбат ба ҳарифаш фаъол ва зарбаҳояш нишонрас буданд. Дар раунди ҳаштум Дугласро ба нокаут фиристод. Довар то 10 ҳисоб кард, аммо ба идомаи мубориза иҷозат дод. Хастагии Тайсон эҳсос мешуд. Дар даври навбатӣ рақобат баробар шуд. Дар миёнаи раунди 10-ум воқеае рӯй дод, ки касе интизор набуд.  Дуглас бо зарбаҳои пай дар пай Майки соҳибномро ба замин яксон кард. Довар ҳисобро оғоз кард, аммо дид, ки Тайсон дар пои худ устувор намеистад, ба анҷоми зӯрозмоӣ ишора кард. Ҳамин тавр, Майк Тайсон бори аввал дар корномааш дучори бохт шуд. Коршиносон сабаби асосии бохти ӯро худписандиву ҳавобаландӣ медонанд.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
ОХИРИН СУХАНОНИ
ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГИ ҶАҲОН ПЕШ АЗ МАРГАШОН 
* Алберт Энштейн: «Ман корамро ҳамин ҷо ба итмом расондам».
*Чарлз (подшоҳи Инглистон): «Марги ман зиёд тул кашид, умедворам маро бибахшед».
*Николай Гогол: «Як нардбон, як нардбони чӯбин биёваред».
*Султон Сулаймон, подшоҳи усмонӣ: «Як дасти маро аз тобутам берун бигузоред то мардум бубинанд, султоне чун ман бо дасти холӣ аз дунё меравад».
*Виктор Ҳугу: «Як нури торик мебинам».
*Гёте: «Каме нури бештар мехоҳам».
*Винстун Черчил: «Он қадар аз ҳама чиз хастаам, ки…».
*Ҷорҷ Бернард Шоу: «Ин ҳам барои ман як таҷрибаи ҷадид хоҳад буд».
*Боб Морли: «Инҷост, ки пул наметавонад зиндагиро бихарад».
*Чарлз Дарвин: «Ман ҳадди ақал аз марг наметарсам».
*Гручу Маркс: «Ин ҷо дигар ҳеҷ роҳе барои зиндагӣ нест».
*Куку Шонл: «Бубинед, интурӣ аст, ки шумо мемиред».
*Олфред Ҳичкок: «Ҳеҷ кас намедонад охираш чи мешавад, бояд мурд то фаҳмид билохира чи иттифоқе меафтад».
*Мотсарт: «Таъми маргро рӯи лабҳоям ҳис мекунам, мазааш аслан заминӣ нест».
*Давинчи: «Ман Худо ва навъи башарро озурдам, зеро кори ман дар ниҳояти камоле, ки бояд бошад, набуд».
 
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ  ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
АРИСТОТЕЛ 
(С. 384 – 322 ТО ЭРАИ МО)
Аристотел мутафаккири барҷастаи давраи атиқа мебошад. Ӯ дар шаҳри Стагири Македония дар хонаводаи духтури дарборӣ таваллуд шудааст. Ашрофзода будан дар кӯдакӣ ба ӯ имкон дод, ки ба омӯзиши илм машғул шавад. Пас аз вафоти падараш тарбияи вайро шавҳари апааш ба уҳда гирифт.
Дар Афина Аристотел шогирди дӯстдоштатарини беҳтарин файласуфи замони худ Платон гардид.
Мутафаккир ба Македония баргашта, ба тарбияи Искандари Мақдунӣ пардохт.
Аристотел дар тули ҳаёти худ бо риторика (илми маонӣ ва баён), фалсафа, мантиқ ва фанҳои табиатшиносӣ машғул гардида, дар илм дастовардҳои олии оламгир дорад. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАЛҲАК
Талҳак савори маркаб бари боғе мегузашт, ки чашмаш ба себи сурхи обдор афтод. Бе ягон андеша дудаста шохи дарахтро ба тарафи худ кашидан хост, то меваро нӯши ҷон кунад. Дар ҳоле ки маркабаш худро раҳо карда гурехту дар шохи дарахт овезон буд, боғбон расида омад:
- Бало занад, аз болои осмон афтидӣ магар?
- Не, ҳазрат аз болои хар, ба зӯр худро дошта, - мегӯяд Талҳак.
 Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
 
ЯК ХОҲИШ
Рӯзе аз рӯзҳо марде ин имконро пайдо намуд, ки танҳо як хоҳиш бикунад, то онро бароваранд. Мард як рӯз муҳлат хост. Барои мадад ба назди ҳамсараш омад, то ба ӯ бигӯяд, ки фардо чиро бихоҳад. Зан ба ин мард гуфт: - «Охир, мебинӣ, ки мо фарзанд надорем ва аз ин бисёр ранҷураму дар баҳри ғаму ғусса ғарқ. Албатта, бояд фарзанд бихоҳӣ, то ба осудагӣ ва шодмонӣ зиндагӣ ба сар барем».
Мард барои имдод боз назди модараш омад. Модараш ба ӯ гуфт: -«Ҷону ҷигарам, мебинӣ, ки ман нобиноям ва аз ин рӯ, андуҳам бас зиёду гарон аст. Ҳатман бихоҳ, ки «чашми модарамро бино кун». Мард, ҳамчунон, ба хотири мадад хостан назди падараш омад ва арзи матлаб намуд. Падараш аз ӯ чунин дархост кард: -«Фарзанди азизам, медонӣ, ки аз нодорӣ мо ранҷ мебарем. Агар сарват бихоҳӣ, мушкилотамон рафъ мегардид ва шоду хуррам зиндагонӣ мекунем».
Мард шабонгоҳ андешид, ки хостаи кадомро муқаддам ва бо арзиш бидонад, то фардо онро аз рӯи ваъда бароварад.
Саҳар ӯ чунин дархост кард: - «Мехоҳам модарам бо чашмони бино фарзандамро дар гаҳвораи тиллоӣ бихобонад ва барояш суруди «Алла»-ро тараннум бикунад».
Ҳамин тавр, метавон садҳо хоҳишро дар як хоҳиш ғунҷоиш доду онҳоро амалӣ намуд. Барои ин бояд ҳушманд бошию донову зирак.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
КӮТОҲТАРИН ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМО
Парвози ширкати ҳавопаймоии Шотландия, ки сайёҳат бо он камтар аз як дақиқаро дар бар мегирад ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шудааст.
Ҳавопаймои начандон калон, ки ҳамагӣ 8 ҷойи нишаст дорад, одамонро аз як ҷазира ба ҷазираи дигар мебарад. Ҳангоми боди мувофиқ ва бағоҷи начандон калон парвозро дар 53 сония анҷом додан мумкин аст.
Хатсайри Lodanair LM 711 рӯзе ду – се парвоз анҷом медиҳад. Вай ҷазираи Уэстрейи канори галаҷазираҳои Оркнейи Шотландияро бо ҷазираи на он қадар калони дурдасти Папа – Уэстрей мепайвандад. Нархи чиптаи он 20 доллар мебошад ва ин хатсайр 80 нафар аҳолии маҳаллиро бо олами боқимонда мепайвандад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
МАРГИ КАЛЛАМУШИ  ХАЛТАДОРИ МАШҲУРИ МИНАҶӮ
 
Дар Камбоҷа калламуши халтадори гамбиягӣ, ки барои қаҳрамонӣ бо нишони тилло  қадр гардида буд, мурд.
Калламуш бо лақаби Магава тибқи маълумоти расмӣ пас аз гузаштани омӯзиши яксола дар безараргардонии 71 мина ва 38 муҳимоти ҷангии нотаркида иштирок ва ошкор сохтааст. Магава дар маҷмуъ дар поксозии масофаи бештар аз 225 ҳазор метри мураббаъ ёрӣ расондааст.
Тирамоҳи соли 2020 калламуши номдор бо мукофоти олии Британияи Кабир барои поксозии замин аз минаҳои нотаркида сарфароз гашт.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
Ҳар як вазъияти стресс - роҳи берун баромадан аз ҳолати бароҳатӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки шахс таҷрибаи нав пайдо мекунад ва онро бояд аз нав баррасӣ намояд, то ин ки дубора ба ҳамон вазъият дучор  нагардад, ё вазъиятро  идорашаванда гардонад. Яъне, ҳамеша як ҳолате боиси тағйир додани ҳолати дигари шахшуда мешавад, ки ҳар нафар онро пеш аз вуқуъ бояд идора карда тавонад ва ҳамвора пеш равад. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
Қадимтарин шаҳрҳои дунё
МАРОКАШ
Марокаш дар қитъаи Африқои Шимолӣ ягона мамлакатест, ки ба ҳайати Иттиҳоди ягонаи Африқо шомил нест, зеро соли 1984 Ҳукумати он худро аз узвияти ин Иттиҳод бароварда буд.  Забони давлатии он забонҳои арабӣ ва берберӣ буда,  муошират бо забони берберӣ  бартарият дорад. 
Работ – пойтахти маданӣ – маъмурии Марокаш мебошад, ки он бо расму оинҳои диниву қадимии маҳфуздоштааш маъруфият ёфтааст. Мутобиқи анъанаҳои миллӣ дар ин кишвар рамзи муҳаббат на дил, балки ҷигар мебошад. Бо вуҷуди он ки аҳолии ин мамлакат дар сатҳи баланди бесаводӣ ва бекорӣ қарор гирифтааст, дар ин ҷо чандин истироҳатгоҳи маъруфи лижаронии кӯҳӣ мавҷуд аст.  Бояд гуфт, ки аксар филмҳои  машҳур,  аз ҷумла  «Гладиатор – 2000», маҳз дар  ҳамин сарзамин рӯи навор омадаанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ 
ДОРУРО БО ЧОЙ ИСТЕЪМОЛ  НАКУНЕД!
Ҳабби доруро ҳаргиз бо чой истеъмол накунед. Дар чунин ҳолат моддаҳои таркиби чой бо дору омехта гардида, таъсирнокии онро тамоман кам мекунанд. Бо назардошти ҳамин, табибони чинӣ мегӯянд, ки чой доруро нобуд месозад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2022    №: 78    Мутолиа карданд: 2953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед