logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

24 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Муғулистонро ба Шумо самимона табрик мегӯям.
Боиси хушнудист, ки дар тули се даҳаи сипаришуда кишварҳои мо бар асоси усулҳои баробарӣ, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба сатҳи хуби муносиботи ҳамкорӣ даст ёфта, имрӯзҳо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо  кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии созанда бо Муғулистон дар заминаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.  
Бовар дорем, ки бо азму талошҳои муштарак муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯст дар оянда низ рушд карда, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон сатҳ ва муҳтавои сифатан нав касб хоҳанд кард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Муғулистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми муғул ва шахсан аз номи худам самимона табрику таҳният мегӯям.
Боиси хушнудист, ки дар тули 30 соли гузашта муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Муғулистон ва Тоҷикистон ба туфайли талошҳои муштарак муваффақона рушд меёбанд.
Аз ҳамкориҳо бо Шумо ҷиҳати минбаъд ҳам ғанӣ гардондани муносибатҳои миёни ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи воқеӣ шод хоҳам буд.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти кориатон комёбиҳои азим, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2022    №: 79    Мутолиа карданд: 3359
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед