иҷтимоиёт
“САРОЙИ САНГ” – ОИНАИ ҚАДНАМОИ БАДАХШОН
Ҳамосаи замони нав роман ба ҳисоб меравад, ки на танҳо мавзуъву масъалаҳои бузург, маводи рангоранги ҳаёти гузашта ва муосир, сужет ва образҳои мухталифи одамон, талошу муборизаҳои ба ҳам зид, риштаҳои ишқу муҳаббат, садоқату хиёнат, зиндагию марг, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷамъият ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, балки аз лиҳози ҳаҷм навъи калону пургунҷоиш буда, сохт ва бандубасти мураккаб дорад. Романи таърихӣ, ки жанри хеле душворсохт аст, вежагиҳои махсусе ба худ касб мекунад. Воқеаҳои ҳаёти халқу мамлакат дар он на танҳо бо умқу вусъати хоси бадеӣ, балки тибқи консепсияи муайяни илмӣ рабт мегиранд. Муаллифи романи таърихӣ бояд на танҳо таҷоруби фаровони адабӣ, балки дониши васеъ, амиқ ва ҳартарафа дошта бошад. Зиёда аз ин, адиб-ро ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури таърихӣ лозим аст, зеро дар романи таърихӣ ягонагии андеша ва тафаккури олим ва нависанда зоҳир мешавад.
Санъаткори сухан кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳам воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро тасвиру таҳлил намояд, ҳам моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии давру замони муайяни таърихиро тавассути образ ва манзараҳои бадеӣ бикушояд, ҳам симоҳои барҷастаю нотакрори фарзандони бузурги халқро дар оинаи таърих нишон бидиҳад. Барои расидан ба ин мақсад ва тавфиқ ёфтан дар кори эҷодӣ барои нависанда ҳузури се арзиш зарур аст: маҳорати баланди нигорандагӣ, донишҳои амиқи илмӣ ва таърихӣ, ниҳоят, таҷрибаи фаровони эҷодӣ. Ҳамин махсусиятҳои эҷодӣ дар Ато Мирхоҷа ба мушоҳида мерасанд, ки бо офаридани романи сегонаи “Саройи санг” бозгӯ шудааст.
Агар масъалаи асосии китоби аввал тасвири сарнавишти пурфоҷиаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX ва муборизаи ҷоннисоронаи миллатҳои ориёинажоди ин сарзамин дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш бошад, китоби дуюм вақоеи таърихии давраи солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро фарогир аст. Муаллиф дар ин қисмат аз фаъолияти сиёсии Юсуфалихон маълумот дода, ба зиддиятҳои хурд ва пурфоҷиаи дохилӣ шуғл варзида, аз авзои воқеии ҷаҳон бехабар мондани шоҳи Шуғнон ва талошҳои заифонаи ӯро барои нигоҳ доштани ҳукумати худ ба силки таҳқиқи бадеӣ кашида бошад, дар қисми сеюми роман муаллиф сарнавишти қаҳрамонони асарро идома дода, хонандаро бо вазъи риққатбори тоҷикони Шуғнону Рӯшон ошно месозад. Дар асар қаҳрамониҳои шахсиятҳои таърихӣ, ки барои дифои марзу буми Ватани хеш (дар мисоли Манзаршоҳ) ва ба ин муваффақ шудан, ғояи муттаҳид сохтани шоҳигариҳои кӯчак ва ҳаллу фасли масъалаи фавқуззикрро муносибатҳои мураккаби дарборӣ дар ин замон ва дасисабозӣ, иғвогарӣ, сарватандӯзӣ, фанду фиреби дохилӣ, бархӯрдҳои сахти неруҳои хайру шар халал медоданд ва душвортар мекарданд.
Асоси сегонаи Ато Мирхоҷаро вақоеи солҳои 1860-1880-уми садаи ХIХ ташкил дода, мавзуъҳои ватану ватандорӣ, давлати мустақилу давлатдорӣ, раҳоӣ аз тазйиқи шоҳони давр ва бегонагон, иттиҳоди халқҳои пароканда ва муборизаи шадиди онҳо дар роҳи озодӣ, инчунин, истиқлолияти худ, адолати иҷтимоӣ ва ишқу муҳаббат дарунмоя ва асли се романро фароҳам меоварад.
Аз рӯйи ба ҳам мувофиқ афтодани як идда сужетҳо, манзараҳо ва образҳо метавон натиҷа гирифт, ки Ато Мирхоҷа як силсила тадқиқотҳои илмии донишмандони ватаниву хориҷиро ба монанди китобҳои академик Б. Ғафуров “Тоҷикон”, махсусан бахши “Масъалаи Помир” ва ҳалли он”, Н. А. Халфин “Политика России в Средней Азии (1857-1867 гг.)”, “Россия и Бухарский эмират на Западном Памире (конец XIХ-начало ХХ вв.)”, Н. Шакармамадов “Назми халқии Бадахшон”, З. Юсуфбекова “Семья и семейный быт шугнанцев. Конец XIX – начало XX века”, Б. Искандаров “Восточная Бухара и Памир во второй половине ХIХв.”, С. Ҳ. Муборак “Таърихи Шуғнон”, М. С. Бадахшӣ ва М. Ф. Сурхафсар “Таърихи Бадахшон”, ки аз муҳимтарин махозини таърихӣ, ҷуғрофӣ, осори муаррихон доир ба ин мавзуъ ба ҳисоб меравад, моҳирона корбаст кардааст. Ато Мирхоҷа ҳамаи бахши сегонаи “Саройи санг”-ро, ки аз яксаду бисту ду ҳикояи алоҳида иборат аст, дар асоси ҳамин маводҳои таърихӣ навишта, аз онҳо истинод меорад ва менависад, моҳияти воқеаҳоро эзоҳ медиҳад, муносибати байни қаҳрамонон ва персонажҳои таърихии асарро муайян мекунад, фарзияҳои донишмандонро баён менамояд.
Ба андешаи аксари муҳаққиқони жанри насри таърихӣ, иттилои таърихӣ додан ба хонандагон яке аз ҷанбаҳои маърифатию таълимии романи таърихӣ аст. Ба ибораи дигар хонандагон маълумоти таърихиро тавассути асарҳои бадеӣ тезтар ва ба суҳулат аз худ мекунанд. Маҳз ҳамин усули мавриди истифода қарордодаи Ато Мирхоҷа, яъне аз забони қаҳрамонон овардани маълумоти таърихӣ ҷанбаи таърихии сегонаи “Саройи санг”-ро пурқувват кардааст. Дар китоби аввал дар ҳикояи “Хашм овардани Юсуфалихон бар писараш” замоне, ки Юсуфалихон ба сари қабри хоҳараш Лолабону омада буд, оид ба ҳукуматдории падараш Абдураҳимхон ва бародараш Муҳаббатхон чунин андеша меронад: “Он вақт падараш Абдураҳимхон бар Шуғнон ҳукумат дошту бародараш Муҳаббатхон бар Шохдара”. Чунин маълумот айнан дар “Восточная Бухара и Памир во второй половине ХIХ в.” Омадааст.
Теъдоди чунин мисолҳоро дар сегонаи Ато Мирхоҷа афзудан мумкин аст, ки ҳақиқати таърихӣ ҳақиқати бадеиро рӯи кор меорад. Васеъ истифода шудани маъхазҳои илмию адабӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ ва бостоншиносӣ заминаи реалистии тасвирро мустаҳкам карда, кӯшишҳои нависандаро дар рангорангии нигориш ба зуҳур овардааст.
Муаллиф барои таълифи роман маводи фаровонеро андӯхтаю омӯхта, вақоеи таърихӣ ва маълумоти донишмандонро мутобиқи мақсаду муддаои дарпешгузоштаи худ истифода бурдааст. Тадқиқи бадеии таърих ва тасвири образи шахсиятҳои таърихӣ, истифодаи ҳуҷҷат, санад, нома ва факту рақамҳоро истисно намекунад, балки дар роҳи тасвири мукаммалу боэътимоди ҳаёт ногузир мешуморад, вале Ато Мирхоҷа дар ин маврид танҳо дар аннотатсияи се китоб давраҳои муайяни таърихиро муайян менамояд. Ӯ дар корбасти санадҳои таърихӣ мудаббирона рафтор мекунад, ки он аз сабку услуб ва маҳорати баланди нависандагии муаллиф далолат медиҳад.
Дар сегонаи Ато Мирхоҷа зикри вақоеи таърихӣ ба ин тарз асос ёфтаанд, ки ҳаводиси таърихиро бо бадеият тавъам намуда, замони ба вуқӯъ пайвастани амалеро нишон медиҳанд: “Соли шашум аст, ки Манзаршоҳ ҷилои ватан кардаву...”, “...соли панҷум аст, ки аз чунин неъмат маҳруманд”, “...ҳаждаҳ соли зиндагии худ...” ва ғайраҳо.
Санад, ҳуҷҷат, факту рақамҳо дар сегонаи “Саройи санг” хеле фаровонанд. Нависанда ҳамаи онҳоро бо мақсади эътимоднокии воқеияти таърих корбаст мекунад ва асосҳои таърихии романи худро мустаҳкам менамояд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ҳар фасле, ки ягон воқеаи таърихиро дар бар бигирад, макони он тазаккур меёбад ва дар маркази воқеаҳо киҳо қарор доранд, робитаи хешовандӣ ва муносибати пайвандии эшон номбар мешавад. Солҳо марҳилаи муайяни фаъолияти сиёсии қаҳрамононро низ нишон медиҳанд.
Манзараҳои бофтаи бадеие, ки асоси онҳоро ҳақиқати зиндагӣ ташкил мекунанд, дар роман кам нестанд. Пайванди вақоеи таърихӣ ва тахайюли бадеӣ заминаҳои реалистии романро мустаҳкам карда, боиси ба типҳои барҷастаи иҷтимоӣ расидани образҳои қаҳрамонони асар гардидаанд.
Симоҳои асосии роман – Абдураҳимхон ва писаронаш Муҳаббатхону Юсуфалихон; Сайид Фаррухшоҳ, Сайид Юсуфалишоҳ, Саидҷаъфар, Ҷаҳондоршоҳ, Мулло Хишол, Мулло Лочин, Манзаршоҳ, Сарвиноз, Шералихон, Маҳмуди Ғазнавӣ – ашхоси таърихӣ ва воқеӣ мебошанд. Инҳо ва дигар санаду факту рақамҳои таърихӣ ва илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки мо “Саройи санг”-ро романи таърихии мустанад бигӯем. Дар ҳар се китоб доир ба Сайид Фаррухшоҳ маълумот медиҳад, ки вай ба адолати илмӣ ва адабӣ мувофиқ аст.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки аввалин маротиба дар бораи Сайид Фаррухшоҳ ибни Шоҳпартовӣ аз ҷониби этнографи рус А. А. Бобринский маълумот ба миён омадааст. Муаллиф дар саҳифаи «Суҳбат бо мураббии руҳонӣ Сайид Юсуфалишоҳ» дар бораи писари Сайид Фаррухшоҳ – Сайид Юсуфалишоҳ маълумот дода, танҳо як бор ба шахсияти шоир ишора мекунад: «Аҷдоди ӯ аз насли дувоздаҳум – Шоҳмаланг буда, аз Эрон – шаҳри Сабзавор ба Бадахшон омадааст. Падараш Сайид Фаррухшоҳ, бобояш Сайид Шоҳпартовӣ, бобои бузургаш Саломатшо, падари бобои бузургаш Шафозил».
Шиддати ҳиссу ҳаяҷони қаҳрамони асар дар муколамаҳои ӯ бо дигар персонажҳо низ ба зуҳур омадаанд, ки қувваи ҷанбаи субъективии тасвирро ифода месозанд. Гоҳо дар муколамаҳо фикру ақидаҳои илмӣ ба назар мерасанд, ки намунаҳои бархӯрдории романро аз услуби илмӣ гирифтаанд. Ҳамаи иқтибосҳо аз таърихномаҳо аз забони ин ё он қаҳрамон оварда шудаанд.
Ҳамаи воқеаҳои фоҷиавӣ ва сабабгорони онҳо батафсил тасвир ёфтаанд ва образҳои роҳбарони бехирад ба монанди Муҳаббатхон ва Юсуфалихони зиндаю ҷоннок, бо хӯю хислат ва амалиёташон ба тасвир омадаанд.
Мусаллам аст, ки сабки ҳар як нависанда падидаи тафаккур ва тахайюли бадеии ӯст. Тарзи дарк намудани воқеияти таърихӣ ва офариниши чеҳраҳои шахсиятҳои таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нависанда алоқаманд аст.
Асомии шаҳрҳо, рустоҳо, маҳаллаҳо, дарёҳо … чунон ки дар саҳафоти таърих сабт ёфтаанд, дар романҳо низ ҳамон тавр тазаккур гардидаанд, ки қариб дар ҳар саҳифаи асари сегона зикр шудаанд:
“Барои он ки сари по устувор истода бошанд, инглисҳо мехоҳанд, ки ба Бадахшон, Шуғнон, Вахон ва Помир дастёб гарданд. Шералихон ҳам мехоҳад, ки Бадахшон ба вай итоат кунад. Аз он тарафи Ому русҳо Бухорову Қуқандро забт карда, ба Помиру Бадахшон чашми тамаъ дӯхтаанд. Муддате қабл байни инглисҳо ва русҳо тақсими сарҳад сурат гирифт, аммо фикри Афғонистонро, ки соҳиби аслии ин сарзаминҳост, касе напурсид”.
Рангорангии тасвири манзараҳои ҳаёт, истифодаи намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум, рамзу тамсилҳо, воситаҳои тасвири бадеӣ, шеърҳои халқӣ, панду ҳикматҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва амсоли инҳо дар асар дар ҷову мақоми худ корбаст шудаанд, ки ба пурқувватии поэтикаи асарҳо далолат менамояд.
Порчаҳои манзум, ки ҳам аз эҷодиёти шифоҳии мардум ва ҳам аз осори адибони классик ҷо-ҷо дар асарҳо корбаст шудаанд, ифодагари эҳсосоти баланди мардум ба ҳисоб меравад.
Забони асарҳои “Саройи санг” забони ягонаи адабии тоҷик (инчунин, аз забони шуғнонӣ намунаҳо корбаст шуда баргардон ва шарҳи он дар асар оварда шудааст), оммафаҳм, тасвирҳо (хосатан тасвири табиат) шоирона буда, ширин, равон, образнок ва ҷаззоб мебошад. Диалог ва монологҳо бори маънӣ мекашанд.
Бо камоли бовару эътимод метавон гуфт, ки романи таърихӣ дар се даҳсолаи садаи ХХI ба пояи баланди тараққиёт расид. Вай комёбии назарраси адабиёти тоҷик дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба шумор меояд. Дар давраи ҳозира нависандагони таърихнигор мавзую масъалаҳои тозаи таърихиро, ки то имрӯз мавриди тасвиру тадқиқи бадеӣ қарор надода буданд, ба адабиёти бадеӣ ворид намуда, имкониятҳои жанрро боз ҳам васеъ менамоянд, ки намунаи олии он романи сегонаи Ато Мирхоҷа “Саройи санг” ба ҳисоб меравад. Ба ин далелҳо асари мазкурро ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сазовор мешуморем.
Замира ӮЛМАСОВА,
Профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.04.2022 №: 79 Мутолиа карданд: 637