иҷтимоиёт
ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ИҚДОМИ ОЯНДАСОЗ
Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ аз мавзуъҳое ба шумор меравад, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ намуданд. Ҳангоми суханронӣ дар мавзуи мавриди назар Президенти мамлакат дастур доданд: «Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд». Лоиҳа чӣ гуна хоҳад буд ва таҳияву пиёда намудани он дар рушди соҳа чӣ таъсире мерасонад? Ба пурсиши мо Абдураҳмон Гулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, чунин посух гуфт:
- Таҳсилоти рақамӣ ин истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим аст. Мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад.
Дар Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаи он омода ва барои омӯзиш пешниҳод гардидааст, диққати асосӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ равона шудааст, вале дар ниҳоят, тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро хоҳад гирифт. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро гирифтааст.
Муттасил рушд кардани технологияи имрӯза самти фаъолияти инсонҳоро тағйир дод, ҳоло соҳаҳои гуногун дар шакли рақамӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, иқтисодиёти ҷаҳон. Дар кишвари мо низ чанд сол қабл бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ қабул гардид. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ тақозо менамояд, ки соҳаҳои дигар низ ба шакли рақамии фаъолият гузаранд. Яъне, рақамикунонии соҳаи маориф дар ҳошияи Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ роҳандозӣ мегардад. Таҷрибаи бисёре аз кишварҳо, ки технологияи навтаринро дар таҳсил истифода мебаранд, самаранокии ин усули фаъолиятро исбот намуд. Ҳамин аст, ки фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ тадриҷан ба рақамикунонӣ мегузарад. Чун дар кишвари мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат қарор гирифтааст, тамоми чораҳо андешидаву роҳандозӣ мешаванд, то пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Пешрафти илмро бошад, дар ҷаҳони муосир бе истифода аз технологияи нави иттилоотӣ наметавон ба даст овард.
Барои пиёда намудани ин ҳадаф, албатта, корҳои зиёде бояд анҷом бипазиранд. Нахуст, зарур аст, ки тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо интернети баландсуръат дастрасӣ дошта бошанд.
Дигар ин, ки барои мо серверҳои пуриқтидор ва портал (истгоҳи рақамӣ) лозиманд. Ба наздикӣ 4 сервер дастрас менамоем. Ҳамчунин, нақша дорем портали ягонаи Вазорати маориф ва илм таъсис диҳем. Портал дар худ маводи таълимии рақамиро ҳифз менамояд ва муҳассилин онро ба осонӣ дастрас менамоянд. Яке аз онҳо омода аст. Ин китобхонаи электронӣ мебошад. Китобхона дар сервер ҷойгир мешавад ва хонандагон аз он ройгон истифода менамоянд. Ба ҷуз ин, хонандагон имкон пайдо мекунанд китобҳоро тавассути телефони мобилӣ ва планшет истифода намоянд. Дар портал, инчунин, дарсҳои видеоӣ ҷой дода мешаванд. Омӯзгороне, ки таҷрибаи хуб доранд, раванди дарси онҳоро ба навор гирифта, дар сервер ҷой медиҳему ба хонандагон пешниҳод менамоем. Хонандагон метавонанд тавассути телефон ё планшет дарсҳоро тамошо намоянд. Наворҳо дар шакли диск низ ба хонандагон пешниҳод мегарданд. Дар ин самт низ баъзе корҳо анҷом пазируфтаанд. Муҳимияти таҳсилоти рақамӣ дар он арзёбӣ мегардад, ки тавассути он хонандагон ба таҳсилоти босифат дастрасии бештар пайдо менамоянд. Хонандагону донишҷӯён мустақилона кор карданро меомӯзанд. Худашон маълумотро ҷустуҷӯ, дарёфт намуда, ҳамзамон, тарзи кор бурдан ва паҳн намудани онро аз худ менамоянд.
Ҳамин тавр, ба зудӣ тамоми самтҳои фаъолияти вазорат рақамӣ хоҳад шуд, ҳатто қабули шаҳрвандон. Рушди технологияи навин имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандон аз ноҳияҳои дурдаст ба таври маҷозӣ дар ҳузури вазир бошанд. Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040 татбиқ хоҳад шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.04.2022 №: 79 Мутолиа карданд: 475