Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Ҷаласаи ҳарсолаи Форуми осиёии Боао-2022 ба аҳамияти таъмини амнияти ҷаҳонӣ, рушд ва шукуфоии Осиё дар шароити ҷаҳонишавӣ дахл кард.
RT. Хароҷоти низомӣ дар ҷаҳон соли 2021 бори аввал аз 2 триллион доллар гузашт. Кишварҳои пешқадам дар хароҷоти мудофиа ИМА, Чин ва Ҳиндустон буданд.
ТАСС. Роҳбари Фаронса Эммануэл Макрон аввалин гуфтугӯйи телефонии худро пас аз дубора интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ бо Канслери Олмон Олаф Шолс анҷом дод.
RT. Зараре, ки ба иқтисоди Британияи Кабир дар натиҷаи ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Россия мерасад, 6,2 миллиард фунт стерлинг (ҳудуди 7,96 миллиард доллар) хоҳад буд. Дар ин бора рӯзномаи “The Daily Telegraph” хабар медиҳад.
CentralAsia (TM). Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, ба муносибати Шаби қадр, ки дар 27-умин рӯзи моҳи Рамазон қайд мегардад, 514 маҳкумшударо афв кардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5250