Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
Пирӯзии КВМА ва истеъфои сармураббии «Хуҷанд»
Дар бозии марказии даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Хуҷанд» дар майдонаш аз КМВА бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Пас аз ин бохт Рустам Хоҷаев, сармураббии «Хуҷанд», аз мақомаш истеъфо дод.
Бар пояи иттилои Лигаи футболи кишвар, дар қувваозмоии дигар «Хатлон» бо натиҷаи 1:0 бар «Файзканд» зафар ёфт.
Натиҷаи ду вохӯрии дигар: «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1, «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1.
«Реал Бетис» ғолиби Ҷоми Испания
Тими футболи «Реал Бетис» пас аз шикаст додани дастаи «Валенсия» бори сеюм барандаи Ҷоми Испания гашт.
Қисми асосӣ ва изофии бозӣ мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11-метра «Реал Бетис» 5:4 ғолиб омад.
Қаблан, даста солҳои 1977 ва 2005 соҳиби ҷом шуда буд.
“ПСЖ” пеш аз муҳлат қаҳрамони Лигаи 1 гардид
Дастаи «Париж Сен-Жермен» баъди мусовӣ (1:1) бо «Ланс» дар даври 34-уми чемпионати Фаронса бо 78 хол пеш аз муҳлат қаҳрамон шуд.
Бозигарони парижӣ бори 10-ум қаҳрамони Лигаи 1 гардида, нишондоди рекордии тими «Сент-Этйен»-ро такрор карданд.
Рекорди «Бавария»
«Бавария» маротибаи 10-ум пайиҳам чемпиони Бундеслига гашта, дар ТОП-5 Чемпионати Аврупо рекорд гузошт.
Бошгоҳи шаҳри Мюнхен аз тими «Ювентус», ки 9 маротиба ғолиби Серияи А шуда буд, пеш гузашт.
Рублёв Serbia Open-ро фатҳ кард
Теннисбози рус Андрей Рублёв пас аз шикаст додани ракеткаи якуми ҷаҳон Новак Ҷокович (6:2, 6:7 (4:7), 6:0) ғолиби мусобиқоти Serbia Open (ATP 250, Белград, Сербия) гашт.
Бар пояи иттилои sportbox.ru, ин 11-умин ҷоиза дар корнома ва сеюмин дар мавсими имсолаи Рублёв мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4919