logo

Хабарҳо

Мактаби сиёсии Пешвои миллат

 
Бо чунин унвон Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон 10 - 11 июни соли равон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор менамоянд, - хабар дод роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ба АМИТ «Ховар».
Конфронс дар шакли мустақим ва фосилавӣ доир гардида, чор бахши асосӣ - «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ»-ро дар бар мегирад.
Дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд ширкат варзанд. Иштирок тариқи пешниҳоди дархост то санаи муқарраршуда тасдиқ мешавад.
 
 
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар қолаби видеоӣ ширкат варзид. 
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити афзоиши чолишҳову таҳдиҳо ва вазъи мураккаб дар Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин, дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба оид ба ҷонибдории ислоҳот ва тақвияти рушди пойдори минтақа, иқдомҳо роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ муҳокима шуданд.
 
 
Мулоқоти Прокурори генералӣ бо муовини Дабири кулли СММ
Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков доир гашт.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, онҳо доир ба масълаҳои татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025”, таҳдиду чолишҳои амниятӣ, густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористӣ ва иқдомҳои муштарак дар доираи “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм суҳбат доштанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4767
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед