logo

сиёсат

ДУНЯВИЯТ ВА АРЗИШҲОИ ОН Ё АЗ ОЗОДИҲОИ ДИНӢ ТО МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсия давлати дунявӣ буда, дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Аз ҷумла, ин санади олӣ ба ҳар кас ҳуқуқ медиҳад, ки муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд. Вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб наметавонад, ҳамчун мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ҳамчунин, Конститутсия ба шаҳрвандон ҳуқуқи ташкили ҳизбҳои сиёсиро кафолат додааст. Аммо ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, таблиғот ва ё ташвиқотеро, ки бадбинӣ, хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, қотеона манъ намудааст.
Яке аз хусусиятҳои усули давлатдории дунявӣ, ки имрӯз дар сиёсати иҷтимоӣ, миллӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон татбиқ мешавад, ин ҳамгироӣ, мутобиқат ва муносибати хайрхоҳонаву созишкоронаи он ба дин ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги ҷомеа, манбаи муҳими тарбияи маънавӣ ва худшиносии миллӣ  мебошад.
Чунин муносибати некбинонаи давлату Ҳукумат дар муносибат ба дин, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан дарҷ гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна омили дохилӣ барои ташаннуҷи муносибатҳо ва пайдоиши зуҳуроти ифротгароии динӣ вуҷуд надорад. Танҳо солҳои охир ҷараёни ифротгарои “Салафия” ва дигар намуд созмонҳои экстремистӣ бо роҳҳои гуногун ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор кардаанд, ки ин ҳам ба зудӣ пешгирӣ шуд.
Гурӯҳҳои ифротӣ тудравоне ҳастанд, ки бо истифода аз ҳар васила талош мекунанд, вазъи осоиштаро ноором сохта, ба ҳадафҳои гурӯҳиву сиёсии худ даст ёбанд. Хушбахтона, ҳушёрии сиёсӣ ва заковати баланди давлатҳои миллии кишварҳои минтақа нақшаҳои ғаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро шинохта алайҳи онҳо тадбирҳои судманд андешиданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикори Ҳукумати кишвар ва дастгириву ҳамовозии мардуми ваҳдатоини тоҷик чораҳои қонуние андешида ва татбиқ шуданд, ки барои пешгирӣ аз тавсеаи фаъолияти ифротгароён мусоидат намуд.
Мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои муассир, ҳанӯз хатару таҳдидҳои террористиву экстремистӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷараёнҳои номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Гурӯҳҳои фурсатталаб назири ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ҳанӯз аз тафриқаву ҷудоиандозӣ даст набардошта, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ иғвобарангезӣ менамоянд. Хушбахтона, мардуми огоҳи мо нақшаву ғаразҳои хоинони миллати тоҷикро дуруст шинохта, дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо вокуниши ҷиддӣ нишон медиҳанд. 
Табиист, ки дар шароити феълӣ ҳар фарди ҷомеа бо дарки равандҳои ҷорӣ дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ бояд саъю талош намояд, то нақшаҳои душманони мо дар амри бесубот кардани кишвар пайваста хок хӯранд. Мо-кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша талош менамоем, ки дар ин самт фаъол бошем ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон саҳми шоиста гузорем.
Зеро, ба андешаи Пешвои муаззами миллат, мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва ҳалли мушкилоти бамиёномада ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд. Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи тоҷик дар давраи истиқлолият бо роҳнамоии оқилонаи Сарвари давлат барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ватандорӣ нишони имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани ин рисолат дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.
Дар чанд соли охир таҷриба нишон дод, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар ба ҷавонон такя намуда, кӯшиш менамоянд, ки онҳоро ба сафи худ ҷалб созанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки насли ҷавонро беш аз ҳар вақти дигар ба таълим фаро гирифта, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем, то ба доми созмонҳои тундрав наафтанд. Дар маҷмуъ, ҳамагон бояд бо назардошти вазъи ҳасоси ҷаҳон ва минтақа дар таҳкими сулҳу субот саҳм гузошта, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза барем. 
 
Илҳом СУЛТОНОВ,
муаллими калони сикл оид ба омодагии 
ҳуқуқии Маркази таълимии ВКД, 
подполковники милитсия
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 1088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед