сиёсат
ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ АФҒОНИСТОН БЕШТАР МЕШАВАНД
21 апрел барои сокинони Афғонистони ҳамсоя, ки бо кишвари мо зиёда аз 1400 километр марзи муштарак дорад, яке аз рӯзҳои ноамнтарин буд. Зеро ин рӯз дар Мазори Шариф, Кундуз, Ҷалолобод ва Кобул силсилатаркишҳо рух доданд, ки қурбониёни зиёд дар пай дошт.
Дар миёни таркишҳо ҳодисаи Мазори Шариф, ки дар назди масҷиди шиаиён рӯй дод, маргбортарин арзёбӣ мегардад. Бар пояи иттилои хабаргузориҳо ҷаҳонӣ, шумораи қурбониён гуногун гуфта мешавад. Аз ҷумла, хабаргузории «Франс-пресс», теъдоди кушташудагонро 25 нафар арзёбӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи пойгоҳи иттилоотии «Рейтерз», гурӯҳи террористии ДОИШ бо нашри як эъломия дар «Телеграмм», масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаиёнро ба уҳда гирифтааст.
ТАҲДИДИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ БА КИШВАРҲОИ МИНТАҚА
Ин воқеаҳо дар ҳоле рӯй доданд, ки ҳафтае қабл (14 апрел) пойгоҳи таҳлилии «Center for Preventive Action» гузориши таҳлилиеро зери унвони «Countering a Resurgent Terrorist Threat in Afghanistan» (Муқовимат ба таҳдиди эҳёшавандаи террористӣ дар Афғонистон) нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки "Толибон" имкони муқовимат бо гурӯҳҳои террористиро надоранд ва дар давраи қудратгирии онҳо ҷойгоҳу зарфияти «Ал-Қоида», ДИИШ (шохаи он бо номи Хуросон дар Афғонистон) ва ғайра боз ҳам қавӣ шудааст.
Тавре дар гузориш омадааст, ду омил сабаби афзоиши таҳдиди террористӣ дар Афғонистон аст: 1) Ҳукумати "Толибон" бо чанд гурӯҳи террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида», иртиботи наздик дорад ва ба онҳо иҷоза додааст, ки дар ин кишвар лагерҳои омӯзишӣ бозсозӣ ва барқарор кунанд; 2) Афғонистон давлати заиф ва ноком аст, ки бо ин далел террористҳо дар хоки он паноҳ мебаранд ва ё мустақар мешаванд. "Толибон" дар берун аз аксари шаҳрҳо қонун ва тартиботро назорат намекунанд. Ин гурӯҳ натавонистааст хадамоти одиро таъсис диҳад ва иқтисодаш пас аз хуруҷи ИМА дастикам 40 дарсад коҳиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ то миёнаҳои соли ҷорӣ метавонад ба 97 дарсади аҳолӣ расад. Афғонистон дар рӯйхати назорати ҳолатҳои изтирории Кумитаи байналмилалии наҷот дар соли 2022 баромад, зеро он ба фурӯпошии амалан тамоми хадамоти асосӣ наздик мешавад. Омезиши як давлати заиф ва иқтисоди харобшаванда ба гурӯҳҳои террористӣ озодии нисбӣ медиҳад, ки дар дохили он фаъолият ва як ҳавзаи навоварони эҳтимолиро таъмин кунанд.
АФҒОНИСТОН ГИРЕҲИ МАРКАЗИИ СТРАТЕГИИ «АЛ-ҚОИДА»
«Афғонистон ҳамчун як гиреҳи марказии стратегии «Ал-Қоида» боқӣ мемонад, ки ин гурӯҳ ҳоло дар он ҷо паноҳгоҳ дорад. Ба ҷуз аз Завоҳирӣ, эҳтимолан дар Афғонистон чанд раҳбарони баландпояи дигар, аз ҷумла Сайф ал-Одил ва Амин Муҳаммад ул-Ҳақ Соам Хон зиндагӣ мекунанд.
Афғонистон аз ҳар кишвари дигаре, ки дар он «Ал-Қоида» фаъолият менамояд, фарқ мекунад, зеро ин гурӯҳ бо "Толибон" режими ҳамдардӣ дорад. Раҳбарони «Ал-Қоида» бо баъзе раҳбарони "Толибон", аз қабили Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии он, робитаи наздики таърихӣ доранд», - менависад «Center for Preventive Action».
Ба таъкиди коршиносон, шумораи пайравони ДИИШ (шохаи он бо номи Хуросон дар Афғонистон) давоми камтар аз як сол ду баробар афзуда, аз ду ҳазор то наздики чаҳор ҳазор нафар расиданд. Афзоиши онро ба раҳоии чанд ҳазор маҳбус аз пойгоҳи ҳавоии Багром ва зиндони Пули Чархӣ марбут медонанд. Гузашта аз ин, як қисми ҷангиён хориҷиёнанд. Раҳбарии ин гурӯҳро Саноулло Ғафарӣ (бо номи Шаҳоб ал-Муҳоҷир), шаҳрванди Афғонистон, ба зимма дорад. Аз раҳбарони дигари ДИИШ Султон Азиз Аъзам, Мавлавӣ Раҷаб Салоҳуддин ва Аслам Форуқӣ ҳастанд. Илова бар ин, бархе аз кормандони собиқи артиши Афғонистон ва Оҷонси истихборотии Афғонистон, Раёсати миллии амнияти Афғонистон ба ДИИШ пайвастаанд, зеро он фаъолтарин гурӯҳи мухолифи "Толибон" дар Афғонистон аст.
Маврид ба зикр аст, ки ба ҷуз аз «Ал-Қоида» ва ДИИШ, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ, Хатиба Имом ал-Бухорӣ, ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон амал мекунанд.
Дар банди 2-и тавсияҳои гузориши маркази «Center for Preventive Action» омадааст, ки ИМА бояд ҷиҳати дастрасӣ ба минтақа ва ба даст овардани иттилои истихборотӣ, тавсеаи имконоти истихборотӣ дар кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон иқдом кунад. Зимни арзёбии кишварҳои ҳамҷавор, дар баробари Покистон ва Ҳинд се кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ номбар шудаанд. Коршиносон амалӣ гардидани ин банди тавсияро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нохуб арзёбӣ мекунанд.
Таҳлилгари тоҷик Шералӣ Ризоён дар саҳифи телеграмми худ навиштааст, ки дар Афғонистон то ҷое рақобатҳои ғайри мустақими давлатҳои абарқудрат ва кишварҳои минтақавӣ шуруъ шуда, нашри гузориш бо зикри тавсияи банди 2 ҳатман пайомадҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад дошт. Баъди нашри гузориш – ДИИШ дар Афғонистон аз ҳад зиёд фаъол шуд ва чандин амалҳои даҳшатафканонаи суратгирифтаро бар дӯш гирифт. Ин нукта – актуалӣ будани он мавқеъ, ки баъди қудратгирии "Толибон" дар Афғонистон – хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ зиёд шуданд, бори дигар собит мекунад.
- Як тахмин пайдо мешавад, ки баъзе ҳаводиси як ҳафтаи охирро равшанӣ меандозад – пеш аз ҳама, ҳамлаи ДИИШ ба неруҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, ки 18 апрел сурат гирифт. Ҷониби Ӯзбекистон (дар шахси сухангӯи Президенти кишвар) воқеияти ин ҳамларо инкор кард ва даъват ба амал овард, то мардум ба ҳангома дода нашаванд. Аз ин рӯ, агар гуфтумон дар бораи ҷойгир намудани неруҳои ИМА дар минтақа бештар шавад (бо назардошти таҷрибаи “Шабакаи шимолӣ”), пас интизор метавон шуд, ки иғвоҳое аз ҷониби "Толибон" бо дасти ДИИШ ё гурӯҳҳои дигар бар муқобили давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, дар пасманзари таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии гурӯҳҳои даҳшатафкан аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим аст, ки иқдомҳои муштараки давлатҳо дар самти таъмини суботу амният роҳандозӣ шаванд. Чун ба ҷузъ худи давлатҳои Осиёи Марказӣ касе манфиатдори амнияти пойдори онҳо нест ва ҳамаи қудратҳои беруна аз пайи манфиатҳои худ ҳастанд, - гуфт Шералӣ Ризоён.
Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои таҳлилӣ ва коршиносони минтақа ҷиҳати арзёбии хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2022 №: 80 Мутолиа карданд: 2191