logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. КАМБОРИШӢ ЧӢ ОҚИБАТ ДОРАД?

Дар ҷумҳурӣ баъди зимистони сербарф дар минтақаҳои баландкӯҳ ва камбарф дар водиҳо фасли баҳор бисёр гарм омад. Гармшавӣ аз аввали моҳи апрел ба назар мерасад. Дар ин миён агар чанд рӯзи охир боридани борон дар баъзе минтақаҳо, ҳатто борони сел ба мушоҳида расад ҳам, он аз меъёр кам аст.
Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, тули 5 соли охир дар моҳи апрел боришоти на он қадар шиддатнок мушоҳида мешавад, вале соли 2019 ва 2020 дар қисми зиёди минтақаҳои тобеи марказ ва, инчунин, вилояти Суғд боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд буд. Ҳарорати ҳаво оғоз аз моҳи апрели соли 2021 нисбатан муътадил - аз 13 то 18 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ҳолатҳо баландтарин ҳарорат то ба 26 дараҷа буду халос. Вале имсол, тавре ба ҳамагон маълум аст, аз 1 апрел то ба имрӯз дар водиҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа кам нест. Гармии ҳаво, ҳатто, то 32 дараҷа расид, ки барои моҳи апрел хос намебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин тағйирот дар боду ҳаво дар қиёс бо 5 – 10 соли охир зиёд фарқкунанда аст: меъёри шабонарӯзии ҳарорати ҳаво аз 6 то 10 ва дар баъзе минтақаҳо то 11 дараҷа баланд рафтааст.
Ба гуфтаи номбурда, солҳои охир дигаргуншавии боду ҳаво, асосан, аз тағйири анбуҳи ҳавои атмосфера ба амал омада, он ба кишвари мо аз сӯи ҷануб меояд, дар ин ҳолат боришот кам ва такроршавии ҷараёнҳо дар ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ ба мушоҳида мерасанд. Ягона манбаи анбуҳи ҳавое, ки намнокиро ба ҳудуди минтақаи мо оварда метавонад, ин қисмати ғарб аст. Аммо аз тарафи ғарб ҷараёнҳо камтар ҳаракат мекунанд ва қисми зиёди онҳо аз ҷануб меоянд, ки дар ин сурат ҳаво гарм ва хушк мешавад. 
Гузариши якбораи боду ҳаво аз хунукӣ ба гармӣ ва камборишӣ ба соҳаи афзалиятноки кишоварзӣ бетаъсир нест. Дар ин маврид, бо баланд шудани ҳарорати ҳаво талабот ба обёрии заминҳои кишт бамаротиб меафзояд. 
Шаҳодат Пӯлодова, номзади илмҳои кишоварзӣ, дар ин бора гуфт, ки бо сабаби он ки дар боду ҳавои ҷумҳурӣ (ба ҳисоби миёнаи бисёрсола) фарқияти калон пайдо шуда истодааст ва аз аввали моҳи апрел боришот ба амал наомаданд, нашъунамои зироатҳо нисбатан суст гардид. Ҳарчанд дар мавсими кишти баҳорӣ бо анҷом додани корҳои агротехникӣ қисми зиёди ғалладонагиҳо то 2-3 маротиба об гирифтанд. Ҳоло дар даҳаи сеюми моҳ ба амал омадани боришот ба фоидаи ҳосили зироатҳост. Аммо боришоти пайдарпай ва шамол дар навбати худ ба зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагӣ, осеб мерасонад. Дар ҳоле ки  борони сел ногаҳон меборад, сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд ва қабати ҳосилхези хок шуста мешавад, аз ин ҳисоб, ҳосили зироат ва пахта низ зарар мебинад. 
Бо вуҷуди тағйирот дар боду ҳаво ва таъсири он ба соҳа, кишоварзони мамлакат тавонистанд кишти баҳориро муваффақ анҷом диҳанд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 85 ҳазору 316 гектар  кишти баҳорӣ гузаронда шуд, ки аз ин миқдор зироатҳои равғандеҳ дар майдони 14 ҳазору 82, картошка - 13 ҳазору 654, полизӣ – 9 ҳазору 202 ва сабзавот - 25 ҳазору 160 гектар мебошанд. Барои аз ин майдони киштзор гирифтани ҳосили хуб ва минбаъд зиёд кардани он олимони соҳаи кишоварзӣ истифодаи танҳо навъҳои тухмии маҳаллиро, ки аз навъҳои хориҷа беҳтару мутобиқ ва тобовар ба дигаргуншавии иқлиманд, тавсия медиҳанд. Инчунин, барои пешгирии баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ доимо тоза нигоҳ доштани заҳкашу заҳбурро муҳим арзёбӣ мекунанд. 
Обуҳавошиносони мамлакат дар навбати худ аз имконияти пешгирӣ кардани зарари жола ба зироати кишоварзӣ мегӯянд, ки дар ин кор бевосита Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ масъул аст. Дар ҷумҳурӣ барои ба амал овардани боришоти сунъӣ тариқи бунёди абрҳои ғафс ҳанӯз шароит фароҳам нест, аммо Хадамоти зидди жола барои пешгирии зарари жола тавони пош додан ё дур кардани абрҳои ғафсро дорад ва метавонад дар ин самт фаъолияти беҳтар ба роҳ монад.       
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 3507
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед