фарҳанг
ТОШКАНД. БОЗТОБИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ҶАШНВОРАИ ФАРҲАНГӢ
Дар шаҳри Тошканд бахшида ба 30 - солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи байналмилалии санъати тасвирӣ ва амалӣ баргузор гардид. Дар заминаи ин, маҳсули эҷоди рассомони ду кишвари ҳамҷавор - Парвин Гулов ва Хуршед Зиёхонов ба тамошо гузошта шуд.
- Ин намоишгоҳ дар Хонаи аксҳои Тошканд таҳти унвони “Сайру гашт дар маҳалла” ба вуқуъ пайваст. Дар Ӯзбекистон соли 2022 - Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол унвон гирифтааст. Ба ин муносибат, ман бо ҳамтои ӯзбеки худ – Хуршед Зиёхонов дар мусаввараҳоямон маҳаллаҳоеро ба тасвир кашидаем, ки он ҷо зодаву ба камол расидаем, - мегӯяд Парвин Гулов.
Ӯ афзуд, ки барои мардуми ду кишвари ҳамҷавор маҳалла “Ватани кӯчак” маҳсуб меёбад, ки бо суннату анъанаҳо, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши худ барои ҳар як фард ҳаргиз бетафовут нест. Хусусан, барои шахси эҷодкор он манзараҳои дилфиреб ва ҳаёти ороми дур аз шаҳр, маҳз бо ҳамон суннатҳои ҷолиби худ ҳатман боиси таваҷҷуҳ хоҳад буд.
Ногуфта намонад, ки як мусаввир дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Тошканд зодаву парварда шудааст ва мусаввири дигар зодаи яке аз рустоҳои ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Рассоми тоҷик Парвин Гулов аввал Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро хатм намуда, баъд таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода давом додааст. Ҳоло дар ҳамон Коллеҷе, ки таҳсил намудааст, ба шогирдон нозукиҳои ҳунари суратгариро ёд медиҳад. Ӯ солҳои мухталиф бо маҳсули эҷоди худ дар намоишгоҳҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, аз тарафи коршиносону муштариён сазовори баҳои баланд гардидааст.
- Замоне ки ман ба дунё омадам, шаҳри Тошканд ҳанӯз чунин ободу зебо нашуда буд. Ман дар кӯчаҳои тангу борики шаҳри куҳнаи он калон шудаам. Ҳоло аз ин минтақаи шаҳр танҳо баъзе маҳаллаҳо боқӣ мондаанд, ки ҳамон намои қаблии худро ҳанӯз устувор нигоҳ медоранд, - мегӯяд Хуршед Зиёхонов ва меафзояд: - Тавассути мӯйқалам кӯшиш кардам, ки ҳаёти пурҷӯши маҳаллаамро рӯйи коғаз оварда, онро ба мардум нишон диҳам.
Хуршед Зиёхонов ҳоло дар Донишкадаи миллии бадеӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод машғули фаъолияти омӯзгорӣ мебошад.
Ҷашнвораи байналмилалии санъати тасвирӣ ва амалӣ дар шаҳри Тошканд як ҳафта давом карда, дар он рассомони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон низ ширкат намуда, мусаввараҳои худро ба маъраз гузоштанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, барои “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2022 №: 80 Мутолиа карданд: 2048