Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
AIF.RU. Президенти Россия Владимир Путин солҳои 2022-2031-ро Даҳсолаи илм ва технология дар Россия эълон кард.
Мир 24. Туркманистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо минтақаҳои Россия густариш медиҳад. Сердар Бердимуҳаммадов бо Рустам Минниханов, Роҳбари Тотористон, ки бо як сафари корӣ вориди Ашқобод шуд, мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
ТАСС. Ба ширкатҳои хориҷӣ, ки бо вуҷуди фишорҳо дар Россия боқӣ мондаанд, бояд иҷоза дода шавад, то дар шароити осоишта кор кунанд. Дар ин бора Президент Владимир Путин изҳор дошт.
RT. Коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз афзоиши буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳукуматдорони Амрико хостаанд, дороиҳои Бонки марказии ин кишварро ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар боз кунанд.
РБК. Зани ҷопонӣ Канэ Танака, ки соли 2019 куҳансолтарин фарди рӯи замин эътироф шуда буд, 19 апрел дар синни 120-солагӣ даргузашт.
EurAsiaDaily. Ба иттилои Агентии афғонии “Aamaj News”, ҳукуматдорони Эрон ба сарҳади Афгонистон дивизияи танкҳои зиреҳпӯшро фиристодаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6510