logo

Хабарҳо

ХФБ дар бораи пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ хабар дод

RT. Як ҷонибдори “Давлати исломӣ”, ки ба инфрасохтори нақлиётии ҳудуди Ставропол ҳамлаи террористиро тарҳрезӣ карда буд, боздошт гардид. Дар ин бора Хадамоти федералии бехатарии ФР хабар дод.
Дар суроғаи манзили зисти боздоштшуда маводи тарканда ва муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шуд.
Қаблан аз ҳамлаи террористӣ дар роҳи оҳан, ки аз тарафи як ҷонибдори созмони террористии мамнуи “Давлати исломӣ” низ омода гашта буд, дар Қрим пешгирӣ гардид.
 
 
 
 
Путин Созишнома дар бораи салоҳият дар доираи СААД-ро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин Созишнома дар бораи салоҳият ва кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаҳои марбут ба ҳузури муваққатии неруҳо ва воситаҳои СААД дар ҳудуди кишварҳои узви ин Созмонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.
Ин санад 16 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расид. Созишнома ба ташкили механизми ҳамкории мақомоти ҳарбӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, судҳо, прокурорҳо, тафтишоти пешакӣ (прокуратураи ҷиноятӣ), корҳои дохилӣ (полис), мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсус оид ба салоҳият ва ёрии ҳуқуқӣ нигаронда шудааст. Тавре дар маводи тавзеҳнома зикр мегардад, дархост дар бораи ёрии ҳуқуқӣ метавонад рад шавад, агар он ба истиқлолият ё амният зарар расонад, ё хилофи қонунгузории миллии тарафи дархостшаванда бошад. Шартнома, аз ҷумла ба зудтар тафтиш кардани ҷиноятҳои содиркардаи яке аз тарафҳо, нигаронда шудааст.
 
 
 
 
СММ ҳамлаи террористӣ дар Афғонистонро маҳкум намуд
Осиёи Марказӣ (CA). Аъзои Шурои амният силсилаи ҳамлаҳои террористии рӯзи 21 апрел дар Афғонистон, аз ҷумла ҳамла ба масҷиди Се Дукон дар Мазори Шариф ва ҳамлаи ҷудогона дар Қундузро, шадидан маҳкум карданд. 
“Давлати исломии вилояти Хуросон”, ки ба “Давлати исломии Ироқу Шом” иртибот дорад, масъулияти ҳар ду ҳамларо бар уҳда гирифт. Дар ин ҳамла, ки дар моҳи Рамазон сурат гирифт, чанд кас кушта ва даҳҳо нафар, аз ҷумла донишҷӯён, маҷруҳ шуданд.
Аъзои Шурои амният изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқи худро ба наздикони қурбониён баён карда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно намуданд.
Аъзои Шурои амният бори дигар тасдиқ карданд, ки терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад.
 
 
 
 
Сафири Чин: “Пекин ва Маскав ҳамкориҳоро тавсеа хоҳанд бахшид”
Российская газета. Сафири Чин дар Маскав Чжан Ханхуэй изҳор дошт, ки ҳукуматдорони Чин ва Россия, сарфи назар аз вазъи байналмилалӣ ҳамкориҳоро амиқтар ва равобити дуҷонибаро инкишоф хоҳанд дод.  
Сардори намояндагии дипломатии Чин таъкид кард, ки Маскав ва Пекин ҷонибдори нигоҳ доштани субот дар ҷаҳон, инчунин, бар пояи адолат бунёд кардани муносибатҳои байни кишварҳо мебошанд.
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6438
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед